Предыдущая публикация
Ришва аз хокираҳе.
Қозии адл куҷост?
Қотили бегунаҳе.
Дар ҷаҳони ману ту
Дар замони ману ту
Арзёбӣ бишавад
Кӯҳ бар ҷойи каҳе.
Қадри инсон ба насаб
Зиндагӣ кори аҷаб
Ғарқи дунёи ғаме
Шудаӣ бо нигаҳе.
Сарбаланде зи ғурур
Сар занад то лаби гӯр
Шаҳ гадо низ шавад
Гаҳ гадо подшаҳе.
Вақт пизишк аст магӯ
Гар кунад ғам тагурӯ
Ёд борад ба сарат
Оҳ, рӯзи сияҳе
Гар ту дилгир шудӣ
Банди тақдир шудӣ.
Бар Худо такя бикун
Ӯст пушту панаҳе.
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев