Бар одами бедарк суханро нафурӯшед,
Шаъну шарафи меҳани манро нафурӯшед,
Атри хушу мушкини хутанро нафурӯшед,
"Нилуфару садбаргу суманро нафурӯшед,
Як барги хазонранги чаманро нафурӯшед."
Бар ҳар чизи ин кӯҳнаҷаҳон меҳр набандед,
Бар зевару мошину макон меҳр набандед,
Бар киссаи ин аҷнабиён меҳр набандед ,
"Зар меравад аз даст, ба он меҳр набандед,
Як зарраи ин хоки куҳанро нафурӯшед."
Қадри ҳама донед, ки то дер нагардад,
То душмани рӯбоҳсифат шер нагардад,
В-ин хок зи ҷанҷол сарозер нагардад,
"Бандед саги нафс, ки он сер нагардад,
Дар дашт, ки монед, даманро нафурӯшед."
Дар роҳи дифо фарз задан санг ба душман,
Ҳам ҳадяи як панҷараи танг ба душман,
Ҳайф аст шараф, иззату ҳам нанг ба душман,
"Доранд зи гулҳои ватан ранг, ба душман
Атлас нафурӯшед, чаканро нафурӯшед."
Аз холу хати рӯи дигар нусха нагиред,
Аз ҷилваи гесуи дигар нусха нагиред,
Аз кутаҳии мӯйи дигар нусха нагиред,
"Аз мижжаву абрӯи дигар нусха нагиред,
Як мӯйи худододи баданро нафурӯшед."
Бошед ҳифозатгари бемисл ба хоҳар,
Ҳам нектарин ҳофизи номуси бародар,
Кӯшед ки бошед ба ҳам ҳамдилу ёвар,
"Бе доғ гуле нест ба ҷуз чеҳраи модар,
Он лолаи рухсораи занро нафурӯшед."
Бе ранг қалам бартарӣ кай дошт зи ҳезум,
Одам ки биҳишт дод ба як донаи гандум,
Меҳан шуда имрӯз биҳишти ҳама мардум,
"Ранге, ки ба он об расад, асл кунад гум,
Миред зи муҳтоҷию танро нафурӯшед."
Сомонитабор кай диҳад аз даст намудро,
Барҳам назанад ҳеҷгаҳ ин буду набудро,
Ин хоки муқаддас бувад арзанда суҷудро,
"Пинҳон бикунад шармгаҳи мурдаи худро,
Аз моли диёр аст, кафанро нафурӯшед."
Дур бори хирад хеҷгаҳ аз дӯш насозед,
Бо оташи ҷаҳл дар диле хунҷӯш насозед,
Бар нокасу кас во дилу оғӯш насозед,
"Душман нашавад дӯст, фаромӯш насозед,
Бар аҳди тиҳиҷаҳд суханро нафурӯшед."
Гӯед ба дил сози фараҳро бинавозад,
То оташи завқ оҳани ғамро бигудозад,
Ронед ғам чеҳра к-аз он хасм нанозад,
"Таърих баду нек фаромӯш насозад,
Гарди фараҳи ғуссашиканро нафурӯшед."
Ин хоки пур аз ранҷу пур аз ганҷу ғановат,
Аз файзи бузургони диёр аст амонат,
Фардо ҳама якҷост ба бозори қиёмат,
Аз хилъати ҳастӣ наравад доғи хиёнат,
Ҷонро бисупореду Ватанро нафурӯшед.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев