Садақа соҳиби хешро аз оташ эмин медорад, чӣ тавре ки дар ҳадиси Ъадий ибни Ҳотам (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудааст:
((مَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ إِلا سَيُكَلِّمُهُ اللَّهُ لَيْسَ بَيْنَهُ وَبَيْنَهُ تُرْجُمَانٌ، فَيَنْظُرُ أَيْمَنَ مِنْهُ فَلا يَرَى إِلا مَا قَدَّمَ، وَيَنْظُرُ أَشْأَمَ مِنْهُ فَلا يَرَى إِلا مَا قَدَّمَ، وَيَنْظُرُ بَيْنَ يَدَيْهِ فَلا يَرَى إِلا النَّارَ تِلْقَاءَ وَجْهِهِ، فَاتَّقُوا النَّارَ وَلَوْ بِشِقِّ تَمْرَةٍ)). رواه البخاري ومسلم.
«Бо ҳар яке аз шумо Худованд сухан хоҳад кард, ки байни шумо ва байни Ӯ тарҷумоне нахоҳад буд. (Инсон дар он рӯз) ба тарафи росташ назар мекунад, (то роҳи халосӣ пайдо кунад), вале танҳо ҳамон чизеро мебинад, ки фиристода буд. Ва ба тарафи чапаш назар мекунад, вале танҳо ҳамон чизеро мебинад, ки фиристода буд. Ва рӯбарӯяшро назар мекунад, вале пеши рӯяш танҳо оташро мебинад. Пас худро аз оташ ҳифз кунед, агар бо (садақа кардани) нисфи хурмо бошад ҳам». (Бухорӣ ва Муслим).
Ва садақа гуноҳу хатогиро хомӯш мекунад (аз байн мебарад). Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба саҳобӣ Каъб ибни Ъуҷра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) мегӯяд:
((يا كعب بن عجرة، الصلاة قربان، والصيام جنة، والصدقة تطفئ الخطيئة كما يطفئ الماء النار)). رواه أبو يعلى.
«Эй Каъб ибни Ъуҷра! Бидон ки намоз қурбон (сабаби тақарруб) аст, ва рӯза сипар (аз гуноҳ ва ё оташ) аст, ва садақа гуноҳро хомӯш мекунад, ҳамчуноне ки об оташро хомӯш мекунад». (Муснади АбиЯъло — 1999).
Ва мусалмон рӯзи қиёмат дар сояи садақаи хеш аст, чӣ тавре ки дар ҳадиси Ъуқба ибни Ъомир (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуда:
((كُلُّ امْرِئٍ فِي ظِلِّ صَدَقَتِهِ حَتَّى يُفْصَلَ بَيْنَ النَّاسِ أَوْ قَالَ يُحْكَمَ بَيْنَ النَّاسِ)). قَالَ يَزِيدُ وَكَانَ أَبُو الْخَيْرِ لا يُخْطِئُهُ يَوْمٌ إِلا تَصَدَّقَ فِيهِ بِشَيْءٍ وَلَوْ كَعْكَةً أَوْ بَصَلَةً أَوْ كَذَا. رواه أحمد
«Ҳар шахсе (рӯзи қиёмат) дар сояи садақаи худ мебошад, то он замоне ки байни мардум қазоват карда шавад». (Муснади имом Аҳмад).
АбуҲурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ривоят мекунад, ки фармуд:
((مَنْ تَصَدَّقَ بِعَدْلِ تَمْرَةٍ مِنْ كَسْبٍ طَيِّبٍ وَلا يَقْبَلُ اللَّهُ إِلا الطَّيِّبَ وَإِنَّ اللَّهَ يَتَقَبَّلُهَا بِيَمِينِهِ ثُمَّ يُرَبِّيهَا لِصَاحِبِهِ كَمَا يُرَبِّي أَحَدُكُمْ فَلُوَّهُ حَتَّى تَكُونَ مِثْلَ الْجَبَلِ)). رواه البخاري
«Ҳар шахсе ки аз моли покизаи хеш ба қадри як дона хурмо садақа кунад, ва Худованд танҳо покизаро мепазирад, Худованд он садақаи ӯро бо дасти рости хеш мепазирад ва он садақаро барои соҳибаш тарбият мекунад, ҳамчуноне ки шумо кураи аспи худро тарбият мекунед (киноя аз диққат ва эҳтимом аст), ҳатто инки он садақа (ба миқдори як хурмо) ба қадри як кӯҳ (бузург) мешавад». (Бухорӣ).
[Садақа кунед, пеш аз онки рӯзе биёяд, ки имкони садақа кардан нахоҳед ёфт. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:
(تَصَدَّقُوا فَإِنَّهُ يَأْتِى عَلَيْكُمْ زَمَانٌ يَمْشِى الرَّجُلُ بِصَدَقَتِهِ فَلا يَجِدُ مَنْ يَقْبَلُهَا، فيَقُولُ الرَّجُلُ: لَوْ جِئْتَ بِهَا بِالأمْسِ لَقَبِلْتُهَا، فَأَمَّا الْيَوْمَ فَلا حَاجَةَ لِى بِهَا)
«Шумо садақа кунед, зеро ки рӯзе меояд инсон бо садақаи худ мегардад вале касе намеёбад, ки садақаи ӯро қабул намояд. Садақагиранда мегӯяд: Агар дирӯз меовардӣ қабул мекардам, аммо имрӯз ҳоҷате ба ин молат надорам». (Бухорӣ)].
Расулуллоҳ (алайҳис-салом) фармудааст:
(أحب الأعمال إلى الله عز وجل سرور يدخله على مسلم).
«Маҳбубтарин амал дар назди Худованди (азза ва ҷалла) шодиест, ки ба қалби мусалмоне ворид мекунӣ!». (Силсилаи саҳеҳа 906).
Оё омода ҳастед, ки амал кунед?!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев