Предыдущая публикация
Гаҳ каси дарюзашини руйи роҳат мекунад.
Гаҳ ба авҷат мерасонад, гаҳ нагун месозадат,
Гоҳ хоки зери по, гоҳе чу моҳат мекунад.
Гоҳ роҳи ростро каҷ меравонад рузгор,
Бо фиребе дам ба дам берун зи роҳат мекунад.
Ҳар қадар заҷрат диҳад ин даҳр, навмедӣ макун,
Юсуфона то шавӣ, шоҳе ба чоҳат мекунад.
Гоҳ механдӣ ба ҳоли душмани хору залил,
Гоҳи дигар душман аз ранҷи ту роҳат мекунад.
Гоҳ ашки дардолуде чакад аз чашмҳот,
Гоҳ завқу шавқ дар чашмат саёҳат мекунад.
Ҳотамӣ, дар ҳеҷ ҳолат нестӣ танҳо, бидон,
Эзидат доим аз он боло нигоҳат мекунад .
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев