На медонад чӣ мехоҳам, на медонам чӣ мехоҳад .
На бо ҳам созгор астем, на боре ҳам зи ҳам растем,
На қадре душманӣ дорам, на қадре дӯстӣ дорад.
Намедонам, ки ӯ бо ман чи месозад пас аз як дам,
Ки як оне кунад шодам, дами дигар биозорад.
Ризоям гоҳ аз дунё, вале норозиям гоҳе,
Ки пайвастам ҳазорон бору бишкаст боз беш аз ҳад.
Ҳазорон имтиёзам дод, ҳазорон имтиҳон бигрифт,
Нишонам дод сад роҳе, вале бигзошт садҳо сад(д).
Даруни синаи хурдам, ки танҳо хун дар он ҷорист,
Ба шодиҳову ғамҳо сохт сад майхонаву маъбад.
Ба рӯзе мекунад хандон, ба рӯзе мекунад гирён,
Ба рӯзе мекунад бирён, ба сӯзишҳои худ беҳад.
Ман аз дунё чӣ мехоҳам, ҷаҳон аз ман чӣ мехоҳад?
Намедонад, намедонам, на медонам, на медонад.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев