З-ин рӯ дуои кас ба иҷобат намерасад.
Тан маъбадист, лек дилу рӯҳ кӯчагӣ,
З-ин ҳолат аз намоз ҳаловат намерасад.
Ҳар узв тоҳир аст, вале ҳушу дил касиф,
Ин сон вузӯ ба ними таҳорат намерасад.
Такбир дар забону вале кибр ҳам баҷост,
Аз ин амал ба ғайри кароҳат намерасад.
То қаср созӣ, хишт зи виҷдон макун ҳадар,
Дар ҳашр суди қасру иморат намерасад.
Аҳкоми динро зи хурофот кун ҷудо,
То кай саводу ақлу ҷасорат намерасад?
Ҳар дам ба қалби мардуми мазлум тавоф кун,
Бар ин тавоф ҳаҷу зиёрат намерасад.
Зар ёфтиву дур зи хешон чаро шудӣ?
Имрузҳо ба гӯш саломат намерасад.
Дурӣ макун зи хешу Худо, гар расӣ ба ҷоҳ,
Азхешрафта ҷуз ба маломат намерасад.
Умрат ду рӯз, ташвишат аз чист, Ҳотамӣ?
Ё фикрат аст, рӯзи қиёмат намерасад?!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев