■
📵 Қиссаи як зани шавхардор бо WhatsApp📵
Номи ман Асмоа аст, духтари мусалмон ва арабӣ аз хонаводаи хеле мутавозеъ, ман шавҳар ва хонаводаамро хеле дуст медорам, Худои меҳрубон ҳамсари дуст доштанӣ ва меҳрубон ки дорои ахлоқи оллӣ буд насиби ман кард.
Чаҳор сол пеш барои зиндагӣ ба Лондон нақли макон кардем, хеле хушҳол будам ва аз зиндагиям розӣ ва хушнуд..,
Ҳамсарам маро ба ҳама ҷоҳои дидании Лондон бурд ва ман дар авҷи лаззат ва шодӣ васфи нопазири будам метавонам бигуям ман хушбахттарин инсони руи замин будам.
Худованд ба мо писаре дод номашро (Муҳаммад) гузоштем.Акнун 3 сола аст.
Баъд аз он духтаре ба номи (Ҳадял) ки ӯ ҳам инак якуним сола аст.
Фарзандонам ҳама дунёи ман буданд ва ман тамоми вуҷуди худамро дар ихтиёри онҳо қарор дода будам то онҳоро хушбахт кунам.
Ҳамсарам марди хуб ва хонаводаи дустӣ буд дар як тарабхонаи арабӣ дар Лондон машғул ба кор буд.
Баъд аз ду моҳ иттифоқе дар зиндагиям афтод ки ҳама зиндагии маро дигаргун кард ҳамсарам барои ман телефони iphone гирифт. Ва ман ҳам тибқи маъмули ҳама истифодабарони интернет барномаҳои дилхосттамро истифода бурдам ки аз ҳама барномаҳо WhatsApp ( ватсап) бароям ҷаззобтар буд..
📵 Шурӯъ кардам ба барқарори иртибот бо хонаводаам ва дустонам ва акси баччаҳоямро барои хондавода ва хоҳарам дар Амрико фиристодам...
Кам - кам ватсап маро тавре ба худаш машғул кард ки нисбат ба хонавода ва фарзандонам таваҷҷуҳи камтаре доштам..
Ҳама вақтҳои ман шуда буд суҳбат кардан бо дустони маҷозӣ рӯз ба рӯз бештар мешуданд!
Ва дустонеро дубора пайдо кардам ки солҳо аз онҳо бехабар будам...
Ҳисоби дар ин фазои маҷозӣ ғарқ шуда будам..
Ман расман ба телефон ва ватсап зиёд дил баста будам!
Як лаҳза телефон аз дасти ман ҷудо намешуд. Ман ки ҳамвора бо баччаҳоям мегуфтам ва механдидам ва бозӣ мекардам ва бо ҳам ғизо мехурдем ва.....
Дигар аслан ба онҳо аҳмияте намедодам ва таваҷҷуҳ намекардам..!!
Хулас нисбат ба хона ва хонаводаам бе таваҷҷуҳ шуда будам..!
То нимаҳои шаб пушти whatsApp машғули суҳбат кардан бо дустони маҷозиям будам.
Ман он қадар ғарқ шуда будам!!
Тақрибан чор моҳ баъд аз дар ёфти телефон аз шавҳарам яке аз шабҳое ки бо дустонам машғул ба суҳбатҳои беҷо ва беҳуда ки ҳеҷ рабте ба хонавода ва ё зиндагиям надошт а фақат вақт гузаронӣ буд, машғул будам, тавре ғарқи суҳбат кардан будам ки ҳатто ёдам набуд ки баччаҳоям дар ҳуҷраи дигар ва ман дар ҳуҷраи дигар ҳастам
Садое риштаи фикрамро пора кард,ки мегуфт:
Модар модар модар!!.
Садои писарам Муҳаммад буд, бо асабоният бар сараш дод задам ва ӯро сокит кардам.. чун ман бо дустам дар whatsApp машғул будам..
Писарам сокит шуд ва дигар нороҳатам накард.
Баъд аз муддате рафтам ба ҳуҷраашон ва дидам духтарам Ҳадял руи замин дароз кашидааст ва писарам бо чашмони ашкбор болои сараш нишаста ва ӯро менигарад.
Дод задам чӣ шуд?
Писарам ҷавоб дод ман ки чандбор садоят задам модарҷон аммо ту сари ман дод зади ва нагузошти ман ҳарфамро бизанам.. Ҳадял намедонам чизеро хурд ва наметавонад нафас бикашад ва ман ҳарчи талош кардам натавонистам аз гулӯяш хориҷ кунам.!
Девонавор духтарамро такон медодам аммо бефоида буд занг задам ба ёрии таъҷилӣ аз онҳо кумак хостам....
Чанд дақиқа баъд онҳо бо мошини ёрии таъҷили омаданд ва баъд аз муоина, духтур гуфт мутаъсифам.!!
Ман натавонистам барои духтарат коре кунам.. ӯ аз дунё рафта аст.!
Лаҳзаи баъд полисҳам омад ва таҳқиқотро оғоз кард ва маро бо духтари азизам ки дар ин дунё набуд ба бемористон барои таҳқиқот беҳтар ва анҷоми озмоишон берун карданд..
Вақте шавҳарам ба беморхона омад аз ман пурсид ки чӣ шуд чӣ иттифоқе афтодааст?
Ӯ бовар намекард ки мо барои ҳамеша духтар ва ҷигарбандамон Ҳадялро аз даст додаем.
Ман ҷуста гурехта барояш таъриф мекардам ва кушиш мекардам то тавре ҳақиқатро барояш бигӯям аммо дурӯғ гуфтан дар чеҳраам намоён буд ва шавҳарам ҳарфҳоямро бовар накард ва ман маҷбур шудам ҳақиқатро комил бидуни каму зиёд барояш бигӯям то ҳам худам аз азоби виҷдон осуда шавам ва ҳам хонаводаамро аз даст надиҳам..!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1