Предыдущая публикация
Ғӯсари ман як каноре аз биҳишт.
Шукри обу хоки он бо хатти зар,
Дар китоби сина мебояд навишт.
Ман фақат имрӯз фаҳмидам, ки ҳаст,
Ғӯсари покизаам як неъмате.
Баҳри ҳар маскуни ин деҳи накӯ,
Аз Худои поку волоҳиммате.
Ман фақат имрӯз фаҳммидам, ки ҳаст,
Ғӯсари ман ханадони покҳо.
Ҳар касе ки зист дар ин деҳи хуб,
Фахр созад фахр то афлокҳо.
Ман фақат имрӯз фаҳмидам, ки ҳаст,
Ғӯсари ман хубрӯю нозанин.
Ӯ барои ман азиз асту хуш аст,
Аз тамоми шаҳру деҳоти замин.
Ман намози шукр мехонам кунун,
Баъди диданҳо зи деҳоти дигар.
Чун фақат имрӯз фаҳмидам ки ҳаст,
Ғусарам баҳрам мукофоти дигар.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев