Як рӯз дар як кӯчабоғ дидам Анисе дилҳазин
Биншаста буд в-он гаҳ бараш омад Нигоре нозанин.
Он мард беҳад хаста буд, аз хештан вораста буд,
Мехондӣ аз чашмаш аён, беҳад дилаш бишкаста буд.
Бо дидани зебоНигор фарёди талхе кард ёр,
Бо нолаи ғарқи алам гуфт: - "эй Нигори нобакор!
Обу адоям кардаӣ, мисли гадоям кардаӣ,
Дигар нишони ман маҷӯ, охир раҳоям кардаӣ.
Бо рафтанат, эй бевуҷуд, ман зери ин чархи кабуд
Гӯё ки дорам зиндагӣ, эй кош ин зистан набуд.
Султони қалби ман будӣ, ҳоло ғуломи дигарӣ,
Рӯзи маро кардӣ сиёҳ, худ нури шоми дигарӣ.
Ман бе ту худро сӯхтам, ман бе ту худро бохтам,
Дигар суроғи ман наё, акнун туро бишнохтам.
Сад ҳайфи он қалбе, ки ман дар ишқи ту бигдохтам,
Лутфан месӯзонам дигар, бо зӯр худро сохтам.
Боғи диламро тарк кун, дигар гули ман нестӣ!
Акнун азони дигарӣ, дар боғи ман ту кистӣ?
Атри қашанги ишқ рафт, бо дигаре чун зистӣ,
Аз ишқ дигар бӯй нест, дар ҷустуҷӯи чистӣ?
Дигар сари роҳам насабз, аз ман нишоне ҳам маҷӯ,
Дил кандаам аз ишқи ту, аз ишқи ман низ даст шӯ.
Бовар куҷо созам дигар бар ҳарзаҳои ишқи ту,
Бо ман дигар сӯҳбат макун, рав бо дигарҳо лоф гӯ!
Лутфан паёмак ҳам мадеҳ, лутфан дигар зангам мазан,
Эй ишқи дар дил мурдаву эй ҷони рафта аз бадан.
Медонӣ аз чи шалпарам, ҳам хастаам чун кӯҳкан?
Дил кандаам аз ишқ ман, гуё ки ҷон кандам зи тан.
Рафтӣ, ки ман мирам зи ғам, аммо намурдам, зистам.
Дигар бароям кистӣ? Дигар бароят кисатам?
Як рӯз будӣ ҷони ман, бо ишқи ту мезистам,
Дигар бароям нестӣ, дигар бароят нестам.
Ин гуфту ӯро тарк кард бо як ҷаҳон андӯҳу оҳ,
Вирди лабаш буд ин сухан: эй вой аз ин рӯзи сиёҳ!
Биншаст дар курсӣ Нигор, чашми умедаш сӯйи ёр,
Мегуфт ҷурмамро бубахш , кай дод Анисаш эътибор.
Оне ки ҳушаш бурда буд, бо сарвату бо шуҳраташ,
Ҳамроҳи ҳушаш бурда буд ҳам обрӯю иффаташ
Охир раҳояш карда буд ёри нави беҳимматаш,
Бо хок яксон карда буд он обруйи қимматаш.
Дидам чу ман ин саҳнаро. аз дард қалбам реш шуд.
Бар хоинон бадбиниям бас бештар аз пеш шуд.
Гуфтам даруни дил ба худ суди хиёнатро бубин,
Маҳкумӣ, эй хоин Нигор, ҳоло зиёнатро бубин.
Гӯё ки дидам ман дар он ҳодисаи ғафлатшикан
Марги муҳаббат, марги дил, ҳам марги марду марги зан.
Эй ҷони ман, ҳаргиз мабин бо кас хиёнатро раво,
Ҳар дард дармон мешавад, ин дард кай дорад даво?!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев