Охир ду дасту пои ман то кай бувад банди шумо?
Завлонаҳои зиндагӣ, то кай гирифторам чунин?
Як рӯз озодӣ диҳед, ин ҷисму ҷони хастаро !
Завлонаҳои мушкилот, то кай асирам мекунед?
Кай раҳм бар ман мекунед охир, асоратхонаҳо?
Завлонаҳои дарду ғам, завлонаҳои бешу кам,
То чанд карда дар замин бунёд ғурбатхонаҳо?
Завлонаҳои бухлу ҷаҳл, эй кош, сузад тухматон!
Шуд бо шумо дар ин ҷаҳон вайрон ҳазорон лонаҳо.
Завлонаҳои ман-манӣ, завлонаҳои душманӣ,
Гардид аз буди шумо олам пур аз вайронаҳо.
Завлонаҳо, завлонаҳо, нобудатон созад Худо,
То бе шумо гардад замин хушранг чун афсонҳо.
Ғайратҷон ҲотамӣЗавлонаҳо, завлонаҳо, лутфан намоедам раҳо,
Охир ду дасту пои ман то кай бувад банди шумо?
Завлонаҳои зиндагӣ, то кай гирифторам чунин?
Як рӯз озодӣ диҳед, ин ҷисму ҷони хастаро !
Завлонаҳои мушкилот, то кай асирам мекунед?
Кай раҳм бар ман мекунед охир, асоратхонаҳо?
Завлонаҳои дарду ғам, завлонаҳои бешу кам,
То чанд карда дар замин бунёд ғурбатхонаҳо?
Завлонаҳои бухлу ҷаҳл, эй кош, сузад тухматон!
Шуд бо шумо дар ин ҷаҳон вайрон ҳазорон лонаҳо.
Завлонаҳои ман-манӣ, завлонаҳои душманӣ,
Гардид аз буди шумо олам пур аз вайронаҳо.
Завлонаҳо, завлонаҳо, нобудатон созад Худо,
То бе шумо гардад замин хушранг чун афсонҳо.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев