Предыдущая публикация
Гоҳе чу рӯзу гоҳ чу шомат кунад, маранҷ!
Номат зи некӣ гоҳ ба кайҳон барад ва гоҳ
Бадномиҳои беш ба номат кунад, маранҷ!
Рузе ба рӯзи сахт туро имтиҳон кунад,
Рӯзе шукӯҳи даҳр ба комат кунад, маранҷ!
Рӯзи азо ту моили ашку тиловатӣ,
Дар рӯзи туй моили ҷомат кунад, маранҷ!
Гоҳе ба покии ту набошад фариштае,
Гаҳ чун улоқу хук ҳаромат кунад, маранҷ!
Гоҳе ба илму фазл туро пухта мекунад,
Гоҳе зи ҷаҳлу васваса хомат кунад, маранҷ!
Зишту накӯ ду рӯз дар ин хок Ҳотамӣ,
Охир туро равони қиёмат кунад, маранҷ!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев