کلک خیال انگیز
1- Фарзандам ҳеҷкасу ҳеҷ чизро ба Худованд шарик макун !
2- Бо падару модарат беҳтарин рафтор-ро дошта бош !
3- Бидон ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад !
4- Намозро онгуна ки шоиста аст бапо дор !
5- Андарзу насиҳати дигаронро фаромӯш макун !
6- Дар муқобили пешомадаҳо шикебо бош !
7- Аз мардум рӯй магардон ва бо онҳо бе эътино мабош !
8- Бо ғурур ва такаббур бо дигарон рафтор макун !
9- Дар роҳ рафтан миёнарав бош !
10- Бар сари дигарон фарёд макаш ва ором сухан бигӯ !
11- Аз тариқи асмоъ ва сифоти Худованд ӯро ба хуби бишинос !
12- Ба ончи дигаронро андарз медиҳи худ пештар ва бештар амал кун !
13- Сухан ба андоза бигӯ !
14- Ҳақи дигаронро ба хуби адо кун !
15- Розу асроратро назди худ нигоҳ дор !
16- Ба ҳангоми сахти дӯстро озмоиш кун !
17- Бо суду зиён дӯстро имтиҳон кун !
18- Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишини макун !
19- Бо андешамандон ва олимон ҳамроҳ бош !
20- Дар касбу кори нек ҷидди бош !
21- Бар кӯтоҳфикрон ва заъифон эътимод макун !
22- Бо оқилони имондор мудом машварат кун !
23- Суханро санҷида ҳамроҳ бо далел баён кун !
24- Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бидон !
25- Ҳам марди дунё ва ҳам марди охират бош !
26- Ёрону ошноёнро эҳтиром кун !
27- Бо дӯсту душман хушахлоқ бош !
28- Вуҷуди падару модар-ро ғанимат бишумор !
29- Муаллиму устодро ҳамчун падау модар дӯст бидор !
30- Камтар аз даромаде ки дори харҷ кун !
31- Дар ҳама умур миёнарӯ бош !
32- Гузашту ҷавонмардиро пеша кун !
33- Ҳарчи ки метавони бо меҳмон меҳрубон бош !
34- Дар маҷолис ва маъобир чашму забони хешро аз гуноҳ боз дор !
35- Беҳдошту назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш макун !
36- Ҳеҷгоҳ дӯстону ҳамкешони худро тарк макун !
37- Фарзандонатро донишу диндори биёмуз !
38- Саворгарӣ ва тирандозиро фаро гир !
39- Дар ҳар коре аз дасту пойи рост оғоз кун !
40- Бо ҳар кас бо андозаи дарки ӯ сухан бигӯ !
41- Ба ҳангоми сухан матину ором бош !
42- Ба кам гуфтану кам хӯрдан ва кам хобидан худро одат бидеҳ !
43- Он чиро ки барои худ намеписанди барои дигарон папсанд !
44- Ҳар кореро бо огоҳи ва устоди анҷом бидеҳ !
45- Ноомухта устоди макун !
46- Бо заифону кӯдакон сирри худро дар миён магзор !
47- Чашм ба роҳи кӯмак ва ёрии дигарон мабош !
48- Аз бадон интизори мардонагӣ ва некӣ надошта бош !
49- Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом мадеҳ !
50- Кори нокардаро кардаи худ мадон !
51- Кори имрӯзро ба фардо маяндоз !
52- Бо бузургтар аз худ мазох макун !
53- Бо бузургон сухан тӯлони магӯ !
54- Коре макун ки ҷоҳилон бо ту ҷурати густохи пайдо кунанд !
55- Мӯҳтоҷонро аз моли худ маҳрум магардон !
56- Даъво ва душмании гузаштаро дубора зинда макун !
57- Кори хуби дигаронро кори худ нишон мадеҳ !
58- Молу сарвати худро ба дӯсту душман нишон мадеҳ !
59- Бо хешовандон қатъи хешовандӣ макун !
60- Ҳеҷгоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат макун !
61- Худхоҳ ва мутакаббр мабош !
62- Дар ҳузури истодагон манишин !
63- Дар ҳузури дигарон дандон пок макун !
64- Бо садои баланд оби даҳону биниро пок макун !
65- Ба ҳангоми хамёза даст бар даҳони хеш бигзор !
66- Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир макун !
67- Дар маҷолис ангушт дар бини маяндоз!
68- Каломи ҷиддиро бо мазоҳ омехта макун !
69- Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷилу расво макун !
70- Бо чашму абрӯ бо дигарон сухан магӯ !
71- Сухани гуфта шударо такрор макун !
72- Шухиву мазоҳи беҳадро камтар кун !
73- Аз худ ва хешовандон назди дигарон таъриф макун !
74- Аз пушидани либос ва ороиши занон парҳез кун !
75- Аз хостаҳои нобаҷои зану фарзанд пайравӣ макун !
76- Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор !
77- Дар бадкори бо ақвом ва дӯстон ҳамкори макун !
78- Аз мурдагон ба некӣ ёд кун !
79 - Аз хусумату ҷангафрӯзӣ ҷиддан парҳез кун !
80- Бо чашми эҳтиром ба корҳои дигарон нигоҳ кун !
81- Нони худро бар суфраи дигарон махӯр !
82- Дар ҳеҷ коре шитоб макун !
83- Барои ҷамъоварии беш аз ҳад молу сарват ҳарис мабош !
84- Ба ҳангоми хашм шикебо бошу сухан санҷида бигӯ !
85- Аз пеши дигарон ғизову мева бар мадор !
86- Дар роҳ рафтан аз бузургон пеши магир !
87- Сухану каломи дигаронро қатъ макун !
88- Ба ҳангоми роҳ рафтан бидуни зарурат ба чапу рост нигоҳ макун !
89- дар ҳузури меҳмон бар касе хашм магир !
90- Меҳмонро ба ҳеҷ коре дастур мадеҳ !
91- Бо девонаву маст сухан магӯ !
92- Барои касби суду дурӣ аз зиён обрӯи худро марез !
93- Дар кори дигарон кунҷковӣ ва ҷосусӣ макун !
94- Дар ислоҳ миёни мардум ҳеҷгоҳ кӯтоҳи макун !
95- Адабу тавозуъро ҳеҷгоҳ фаромӯш макун !
96- Бо Худованд содиқ бо мардум бо инсоф бош !
97- Бар орзуҳову хостаҳои худ ғолиб бош !
98- Хидматгори бо бузургон ва ҳамкори бо мустамандонро фаромӯш макун !
99- Бо бузургон бо адаб ва бо кӯдакон меҳрубон бош !
100- Бо душманон мудоро кун дар муқобили ҷоҳилон хомӯш бош !
101- Дар молу мақоми дигарон тамаъ макун !
102- Аз рафту омади молу марому мулки хеш камтар бигӯ !
103- Ба ҷуз Худованд ҳеҷ касро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор !
104- Умру рӯзи бо ҳисобу китоб аст , пас матарс ва тамаъ макун !
105- Умрро дар пайи амалу ибодат ва покиву парҳезкорӣ ғанимат бидон !
106- Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун !
107- Сарчашмаи зиштиҳо дунёпарасти ва масти аз нодони бидон !
108- Ба ҷуз ҳақу ростӣ бандагони Худоро бандаги ва фармонбарӣ макун !
109- Худро бо ситами салотин дучор магардон !
110- Дунёи дигарро ба дасти фаромушӣ маспор!
( Килки Хаёлангез )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1