Бе ту беқарорам ман, боз ҳам қарорам бош.
Сарддил зи дунёям, бо нафас шарорам бош!
Ё бирав ту аз ёдам, ё биё канорам бош!
Аз фироқу дуриҳо кардаӣ ту об ин дил,
Аз азоби ҳиҷронат гашта бас хароб ин дил.
Аз ғами ту менолад чун дили рубоб ин дил,
Ё бирав ту аз ёдам, ё биё канорам бош.
Дар сари раҳат, эй ҷон, дида то ба кай дӯзам?
Интизори ту будан гашта кори ҳаррӯзам.
Фосила - ст бар дилҳо, ҳамчу нор месӯзам,
Ё бирав ту аз ёдам, ё биё канорам бош.
Нолаи дилам бишнав, гӯши осмон кар шуд,
Ҳоли дилам аз дирӯз ин саҳар чи бадтар шуд.
Сӯзи қалби бечора, эй Худо, зи нав сар шуд,
Ё бирав ту аз ёдам, ё биё канорам бош!
Бе туву ба ёди ту зиндагӣ азобам дод,
Ин азоби дурият ранҷу изтиробам дод,
Варзиши ғами ишқат беҳад обу тобам дод,
Ё бирав ту аз ёдам, ё биё канорам бош!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев