Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим.
Оғоз мекунам ба номи Аллоҳе ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ
1.Субҳона-л-лазӣ асро би ъабдиҳӣ лайла-м мина-л Масҷиди-л-ҳароми ила-л-Масҷиди-л-Ақса-л-лазӣ боракно ҳавлаҳу ли нурияҳу мин ойотино. Иннаҳу Ҳува-с-Самӣъу-л-Басӣр.
Пок аст Зоте, ки бандаи Худро шабе аз Масҷиду-л-Ҳаром ба сӯйи Масҷиду-л-Ақсо, масҷиде, ки гирдогирди онро баракат ниҳодем, бибурд, то ба ӯ баъзе нишонаҳои Худро бинамоем. Ҳаройина, Ӯ шунавову бино аст.
Дар ин оят воқеъаи Меъроҷ баён шуда аст, ки бузургтарин муъҷизаи Муҳаммад (ﷺ) мебошад. Сафаре, ки аз «Масҷидулҳаром» то «Масҷиди Ақсо» дар ин оят зикр гардидааст, Исро ном дорад ва сафаре, ки аз «Масҷиди Ақсо» ба сӯйи осмонҳо анҷом гирифт, Меъроҷ ном дорад.
Сабаби нузули ояти мазкурро муфассирон чунин гуфтаанд: “Чун Расулуллоҳ (ﷺ) аз сафари Меъроҷ боз гаштанд, вориди Масҷидулҳаром шуда қурайшиҳоро аз ҳодиса хабар доданд. Аммо қурайшиҳои он ҷо буда рӯйдоди чунин ҳодисаро номумкин пиндошта, инкор карданд. Ҳатто гурӯҳе аз навимоновардагон низ онро қабул карда натавониста, аз дин гашта, муртад ҳам шуданд.
Дар он асно тане чанд аз мусалмонон бо шитоб ба назди Абӯбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) рафта ӯ (разияллоҳу анҳу)-ро аз ин ҳодиса хабар доданд. Ӯ (разияллоҳу анҳу) фармуд: «Агар Расули Аллоҳ (ﷺ) чунин хабар дода бошад, қатъиян рост гуфтааст». Онҳо гуфтанд: «Оё ту хабари ӯро тасдиқ мекунӣ?» Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) гуфт: «Ман ӯро дар бузургтар аз ин хабар ҳам тасдиқ мекунам. Дар ин, ки аз осмон, субҳу шом барои ӯ (ﷺ) ваҳй меояд, онро низ тасдиқ мекунам». Пас аз он рӯз Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) бо сифати «Сиддиқ» лақабнок гардид. Сипас баъзе аз қурайшиҳо, ки Байтулмуқаддасро дида буданд, аз рӯйи имтиҳон аз сифати он пурсон шуданд. Дар ин ҳангом бо фармони Аллоҳ рӯ ба рӯйи чашмони Расулуллоҳ Байтулмуқаддас намоён шуд. Сифати онро ба онҳо як-як гуфта доданд. Онҳо гуфтанд: «Дуруст гуфтӣ! Локин корвони мо дар роҳ омада истодааст, хабар деҳ, ки ҳоло дар куҷост ва кай ба Макка мерасад?». Пайғамбар (ﷺ) гуфт: «Корвони шумо дар фалон ҷост ва фалон рӯз, вақти баромадани Офтоб мерасад, пешо-пеши корвон шутури хокистарранг аст». Рӯзе, ки Пайғамбар (ﷺ) муъайян карда буд, мардуми Макка ба саҳро баромада, омадани корвонро интизорӣ кашиданд. Гурӯҳе ба тарафи Офтоб ва гурӯҳи дигаре ба тарафи корвон нигоҳ мекарданд. Нохост яке аз онҳо гуфт: «Ба Аллоҳ қасам, Офтоб тулӯъ кард». Дигаре дар ҳамон асно гуфт: «Ба Аллоҳ қасам, корвон ҳам намоён шуд. Он шутуре, ки Муҳаммад гуфта буд (хокистарранг), пешо-пеши корвон аст». Вале бо вуҷуди он ки ҳамаи ин нишонаҳоро мушоҳида карданд, боз ҳам имон наёварданд ва гуфтанд, ки ин ҷуз сеҳри ошкор чизи дигаре нест. Пас, Аллоҳ барои тасдиқи Паёмбар (ﷺ) ин оятро нозил кард.”
Аллоҳ дар аввали ояти мазкур худро аз тамоми сифатҳои оҷизӣ ва нуқсон пок эълон карда фармудааст, ки поку муназзаҳ аст, он Парвардигоре, ки бандаи худ (Муҳаммад (ﷺ))-ро дар порае аз шабонгоҳ барои бинондани нишонаҳои қудрати Худ, аз Масҷидулҳаром ба сӯйи Масҷидулақсо, ки атрофи он пур аз баракотасту бар ваҳдоният Ӯ таъоло даолат мекунанд, сайр дод. Бегумон, Аллоҳ Зотест, ки тамоми шуниданиҳоро мешунавад ва тамоми диданиҳоро мебинад.
Эзоҳ: Муфассирон гуфтаанд, ки дар ояти мазкур Аллоҳ барои бузургдошт ва икром Муҳаммад (ﷺ)-ро бо лафзи «бандаи Худ» номбар намуд. Ин лафз ишора ба маҳбубияти хоси Муҳаммад (ﷺ) назди Аллоҳ мебошад. Ин гуна бузургдошти Муҳаммад (ﷺ) дар ояти 10-уми сураи «Наҷм» ва ояти 19-уми сураи «Ҷин» низ мавҷуд аст. Касе дар порае аз шаб рафтани Расулуллоҳ (ﷺ)-ро аз Масҷидул ҳаром ба Масҷидулақсоро инкор кунад, ӯ кофир аст. Зеро ояте аз оятҳои Қуръонро инкор кардааст. Касе аз Масҷидулақсо ба Меъроҷ рафтани Расулуллоҳ (ﷺ)-ро инкор кунад, ӯ бидъаткор (гунаҳкор) аст. Валлоҳу аълам.
Аз китоби "Тафсири Осонбаён".
https://t.me/Dunyoifoni2/516
Нет комментариев