Фоидаҳои муҳим
Якум: Ҳамаи анвои тавҳид ба ҳам робитаи зич доранд, ки аз ҳам ҷудо намуданашон номумкин аст. Агар касе ба як қисме аз қисмҳои тавҳид имон оварду боқиашро тарк кард, имонаш комил нест ва у яктопараст буда наметаованд.
Дуюм: Бояд донист, ки он кофироне, ки Паёмбар ﷺ ҳамроҳашон (барои тавҳид) мубориза мебурд, онҳо ҳама тавҳиди рубубиятро бовар доштанд. Онҳо эътироф мекарданд, ки Аллоҳ офаридгору ризқдиҳанда аст. Инчунин, медонистанд, ки у мемиронаду зинда мегардонад ва фоидарасону зараррасон танҳо уст ва танҳо уро тадбиркунандаи тамоми умур меҳисобиданд. Вале ҳамаи ин боварҳо онҳоро ба дини Ислом дохил накард, яъне ҳамчун мусалмон дониста нашуданд. Аллоҳ мефармояд:
قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ أَمَّن يَمْلِكُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَمَن يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ الْأَمْرَ ۚ فَسَيَقُولُونَ اللَّهُ ۚ فَقُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ
Бигу: Чи касе аз осмону замин ба шумо рузӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноиро молик бошад? Ва кист, ки зиндаро аз мурда (ҳамчунон, ки муъминро аз кофир ва чуҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз муъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад? Хоҳанд гуфт: “Аллоҳ”. Пас, бигу: “Оё парҳезгор намешавед?” (Сураи Юнус: 31)
Сеюм: Тавҳиди улуҳият мавзуи асосии даъвати тамоми паёмбарон буд, зеро он асоси ҳама чиз дониста мешавад, ки тамоми аъмол ба он бунёд ёфтаанд. Бидуни таҳаққуқ ёфтани он ҳеҷ амале саҳеҳ намебошад. Агар ин навъи эътиқод дар инсон таҳаққуқ напизарад, пас (бешубҳа эътиқоди дигаре) зидди у, яъне ширк дар у русух кардааст. Меҳвари асосии хусумат байни паёмбарон ва умматҳояшон маҳз ҳамин навъи тавҳид буд. Аз ин ру, бояд ба он хуб таваҷҷуҳ шавад ва бояд масоилашро омухту услуи онро дарк кард.
Dunyoi foni
Нет комментариев