ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ ١
Иқраъ бисми Раббика-л-лазӣ халақ.
1. Бихон ба номи Парвардигори худ, ки (туро) офарид (96:1)
Мувофиқи ҳадисе, ки аз Оиша (р) завҷаи поки Расулуллоҳ (ﷺ) ривоят шудааст (ва мо қисми онро мазмунан нақл менамоем) аввалин сухане, ки Аллоҳ ба воситаи ҳазрати Ҷабраил (а) дар ғори Ҳиро ба Расулуллоҳ (ﷺ) фиристод "Иқраъ"-яъне "Бихон", буд. Пайғамбар (ﷺ) ҷавоб доданд "Ман хонда наметавонам" ҳазрати Ҷабраил (а) Пайғамбар (ﷺ)-ро ба оғӯш гирифта, сахт фишурду сар дод ва такрор намуда, гуфтанд: "Бихон". Пайғамбар (ﷺ) ҷавоби аввалро доданд. Ин ҳодиса се маротиба такрор шуд ва дар охир Ҷабраил (а) гуфтанд: "Бихон!, ба номи рабатт, ки холиқи ҳама чиз аст. Офарид инсонро аз хуни баста. Бихон ва Рабби ту бисёр карим аст!" Дар шарҳи ояти аввали сураи мазкур мо бо таъкиди як фикри ба назари мо хеле муҳим кифоя мекунем. Аввалин сухани илоҳӣ ба охирин Пайғамбари инсоният "Бихон" буд. Ҳарчанд хитоб ба Расулуллоҳ (ﷺ) аст, аммо ҳукми он ом аст.
Яъне, эй инсон, бихон! Аз ҷаҳолат дур шав. Бихон! Аз банди гумроҳӣ баро. Бихон! Илм омӯз ва худро бишнос. Бихон! Аз ғуломии нафс озод шав. Бихон! Аллоҳро бишнос. Эй инсон, аз ғуломии инсони дигар озод шав. Эй инсони ғофил, бихон!!...
Аз ин лиҳоз хондан ва илм омӯхтан шиори асосии Ислом аз лаҳзаҳои аввалини пайдоиши ин дини мубин аст.
👇 https://t.me/kitobkhonai_ahli_ilm
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев