یَـٰۤأَیُّهَا ٱلَّذِینَ ءَامَنُوا۟ قُوۤا۟ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِیكُمۡ نَارࣰا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَیۡهَا مَلَـٰۤىِٕكَةٌ غِلَاظࣱ شِدَادࣱ لَّا یَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَاۤ أَمَرَهُمۡ وَیَفۡعَلُونَ مَا یُؤۡمَرُونَ ٦
Эй мӯъминон, худ ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташангези он мардумон ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред. Фариштагони дуруштхӯ, сахтрӯ бар он оташ муваккиланд, Аллоҳ дар он чи ба онҳо фармудааст, нофармонӣ намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онҳо ҳукм мешавад. Сураи Таҳрим ояти 6.
--------------------------------------------------
Расули Аллоҳ [ﷺ] фармудаанд: «Касе, ки некиро баён кунад, (ва ё ба суяш нишон бидиҳад) дар савоб баробар аст ба ҳамон касе, ки онро анҷом додааст.» 📚 [Муслим 1893]
--------------------------------------------------
Эй касоне, ки имон овардед, нафсҳои худро ва аҳлу хонаи худро аз оташе ки оташангези он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред! Дар он оташ фариштагони дуруштхӯ ва сахтрӯ муваккиланд, дар он чӣ Аллоҳ онҳоро фармуда аст, нофармонӣ намекунанд ва он чиро ки ба онҳо амр карда мешавад, онро иҷро мекунанд. Тибқи ояти карима Аллоҳтаъоло муъминонро фармудааст, ки худро ва аҳли аёли худро аз оташи Дӯзах нигоҳ доранд. Нигоҳ доштан аз оташи Дӯзах ба тарки гуноҳ ва ба тоъату ибодат муяссар мегардад. Оташи Дӯзах аз оташи дунё бо ривоятҳои муътабар аз 70 то 90 маротиба фарқ дорад. Мисол: Агар ҳезуми оташи дунё аз дарахтон бошад, ҳезуми оташи Дӯзах аз одамону сангҳо мебошад. Касоне, ки Аллоҳро намешиносанд, амри Ӯро ба ҷо намеоранд ва аз тоъату ибодати Ӯ саркашӣ менамоянд, осӣ шудагони даргоҳи Аллоҳ буда ҷасадашон ҳезуми оташи Дӯзах аст. Ҳамчунин барои тасфидани оташи Дӯзах ба он санг мепартоянд. Эҳтимол замоне ин оят нозил шуд, касе дар он давр гумон намекард, ки санг чун ҳезум истифода бурда мешавад. Вале бо мурури замон ангиштсанг чун маводи сӯзишворӣ истифода гардид, ки ҳарорати ӯ нисбат ба ҳезум ниҳоят зиёдаст ва инаст яке аз муъҷазаҳои Қуръон. Дигар даҳшати Дӯзах ин аст, ик посбонону хизматчиёнаш фариштагони бешафқату бемуруват ва бераҳм буда, касеро аз гунаҳгорон шафқат нанамоянд. Вале онҳо дар навбати худ заррае аз амри Худованди мутаъол саркашӣ намекунанд. Мавъиза: Аллоҳтаъоло дар рӯҳияи диндорию Худошиносӣ тарбия намудани аҳлу фарзандонро ба уҳдаи сарвари оила вогузоштааст. Сухане, ки байни мардум аст: "Ҳар кас худашро донад, бузро ҳам аз почаки худаш меовезанду гӯсфандро ҳам" чандон ақидаи дуруст нест. Зеро дар ривоёт хондаем, ки шавҳар барои зан ва падар барои фарзандон дар рӯзи қиёмат назди Аллоҳтаъоло масъуланд ва ҷавоб хоҳанд гуфт. Аз Имом Тирмизӣ ривояте омадааст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд: "Фарзанди 7-соларо ба намозхонӣ бояд амр намуд. Чун 10-сола шуду намоз нахонд, пас ӯро зарб кардан ҷоиз аст". Ҳазрати Умар (р) чун аз ояи 6-ум огоҳ гашт, аз Расули Худо (ﷺ) пурсид, ки эй Расули Худо (ﷺ), ман худамро, Иншоаллоҳ, аз оташи Дӯзах нигоҳ медорам, аммо пайвандонамро чигуна нигоҳ дорам? Расулуллоҳ (ﷺ) фармуд: "Аз он чи Аллоҳтаъоло шуморо наҳй кардааст, фарзандони худро низ аз онҳо манъ намоед ва ба он чи шуморо амр кардааст, шумо низ фарзандони худро барои он амр намоед. Дар ин сурат метавонед онҳоро аз оташи Дӯзах нигоҳ бидоред". Сухани ҳазрати Алӣ (р) ҳаст, ки гуфта: "Худро ва аҳлатро накӯи таълим деҳ ва онҳоро бо одобу ахлоқ соз". Дар ҳадиси шариф омада, ки Расулуллоҳ (ﷺ) чунин фармуданд: "Эй аҳлам, намоз хонед, рӯза гиред, закот диҳед, мискину ятиму бечораро инъом намоед ба ҳамсоягон рафтори хуб намоед, шояд ки Аллоҳтаъоло дар Ҷаннаташ шуморо бо ман ҷой диҳад". Хулоса, ҳар яки моён болои фарзандони худ ҳоким ҳастем ва аъзои оилаи худро бояд ба сӯи дин даъват намоем, аҳкоми динро ба онҳо биёмӯзем ва амал ба амри Аллоҳро аз онҳо қатъиян талаб намоем. Агар фориғболӣ намоем, пас вой бар ҳоли мо.
Поёни тафсири сураи Тавҳрим ояти 6.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев