Ин моҳ, моҳи аввали солшумории ҳиҷрӣ буда, яке аз моҳҳое мебошад, ки дар он ҷанг намудан манъ карда шудааст. Рӯзи Ашӯро бошад, даҳум рӯзи ин моҳ аст.
Аз Алӣ разияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки шахсе ба Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт:
يا رسولَ اللهِ أي شهر تأمُرنِي أن أصومَ بعدَ رمضانَ فقال : إن كنت صائما شهرا بعدَ رمضانَ فصُمْ المُحرّمَ فإنه شهرُ اللهِ وفيه يومٌ تابَ على قومٍ ويتوبُ فيهِ على قومٍ
«Эй Расулаллоҳ, баъд аз Рамазон кадом моҳро бароям фармоиш медиҳи, то дар он рӯза дорам? Дар ҷавоб гуфтанд: «Агар баъд аз Рамазон рӯза гирифтани боши, пас Муҳаррамро рӯза дор, зеро ӯ моҳи Аллоҳ аст. Дар он тавбаи қавмеро пазируфтааст ва тавбаи қавмҳои дигарро низ мепазирад».
Ривояти Тирмизӣ
قَدِمَ النَّبيُّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ المَدِينَةَ فَرَأَى اليَهُودَ تَصُومُ يَومَ عاشُوراءَ، فَقالَ: ما هذا؟ قالوا: هذا يَوْمٌ صَالِحٌ؛ هذا يَوْمٌ نَجَّى اللَّهُ بَنِي إسْرَائِيلَ مِن عَدُوِّهِمْ، فَصَامَهُ مُوسَى. قالَ: فأنَا أحَقُّ بمُوسَى مِنكُمْ، فَصَامَهُ، وأَمَرَ بصِيَامِهِ
Аз Ибн Аббос разияллоҳу анҳума ривоят мешавад, гуфтааст: «Замоне, ки Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадина омаданд, диданд, ки яҳудиён дар рӯзи Ашӯро рӯза медоштанд. Пурсиданд: «Ин чӣ рӯз аст? (яъне чаро дар ин рӯз рӯза медоред?) Гуфтанд: «Ин рӯзи хуб аст. Рӯзест, ки Аллоҳ Бани Исроилро аз душманашон (Фиръавн ва лашкараш) наҷот додааст. Ба ин сабаб Мӯсо алайҳиссалом дар ин рӯз рӯза медошт». Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Пас ман ба Мӯсо алайҳиссалом аз шумо дида ҳақдортар мебошам. Пас он рӯзро рӯза доштанд ва амр намуданд, то дигарон низ рӯза доранд».
Муттафақун алайҳ
Ҳишом Ибн Урва аз падараш ривоят мекунад, ки гуфтааст:
عن عائشة رضي الله عنها قالت: «كان يوم عاشوراء تصومه قريش في الجاهلية، وكان النبي صلى الله عليه وسلم يصومه، فلما قدم المدينة صامه وأمر بصيامه، فلما نزل رمضان كان رمضان الفريضة، وترك عاشوراء، فكان من شاء صامه، ومن شاء لم يصمه»
Аз Айиша разияллоҳу анҳа ривоят мешавад, ки гуфтанд: «Қурайш дар замони ҷоҳилият дар рӯзи Ашӯро рӯза медоштанд. Расулаллоҳ ﷺ низ дар он рӯз рӯза медоштанд. Чун ба Мадина омаданд, рӯза доштанд ва амр намуданд, то дигарон низ рӯза доранд. Баъд аз он ки рӯзаи Рамазон фарз гашт, дар рӯзи Ашӯро рӯза доштанро тарк намуданд. Баъд аз он ҳар ки мехост дар он рӯза медошт ва ҳар ки намехост, намедошт».
Ривояти Бухорӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев