، وَصِيَامُ يَوْمِ عَاشُورَاءَ أَحْتَسِبُ عَلَى اللَّهِ أَنْ يُكَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِي قَبْلَهُ
«Аз Аллоҳ Таъоло умед дорам, ки рӯзаи рӯзи Ашӯро барои (гуноҳони) соли гузашта каффорат мешавад».
Ривояти имом Тирмизӣ
Аз Абдуллоҳ Ибн Аббос разияллоҳу анҳума ривоят мешавад, ки гуфтааст:
حين صام النبي صلى الله عليه وسلم يوم عاشوراء وأمرنا بصيامه قالوا يا رسول اللهِ إنه يوم تعظمه اليهود والنصارى فقال رسول اللهِ صلى الله عليه وسلم فإذا كان العام المقبل صمنا يوم التاسع فلم يأت العام المقبل حتى توفي رسول اللهِ صلى الله عليه وسلم
«Замоне, ки Расулаллоҳ ﷺ рӯзи Ашӯроро рӯза доштанд ва амр намуданд то мо низ рӯза дорем, саҳобагон гуфтанд: «Эй Расулаллоҳ, охир ин – рӯзе нест, ки онро Яҳуду Насоро бузург медоранд?». Пас Расулаллоҳ ﷺ гуфтанд: «Агар соли оянда шавад, албатта рӯзи нӯҳумро низ рӯза медорем». Соли оянда наомада буд, ки Росулаллоҳ ﷺ аз дунё гузаштанд.
Ривояти Муслим
Дар дигар ривоят ин гуна омадааст:
عن ابن عباس، قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: " صوموا يوم عاشوراء، وخالفوا فيه اليهود، صوموا قبله يوما، أو بعده يوما "
Аз Абдуллоҳ Ибн Аббос разияллоҳу анҳума ривоят аст, ки Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Дар рӯзи Ашӯро рӯза доред, ва яҳудро мухолифат кунед. Як рӯз пеш аз он ё як рӯз баъд аз он рӯза доред».
Ривояти имом Аҳмад
فعَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَفْضَلُ الصِّيَامِ بَعْدَ رَمَضَانَ شَهْرُ اللَّهِ الْمُحَرَّمُ وأفضل الصلاة بعد الفريضة صلاة الليل " رواه مسلم
Аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
«Афзалтарин моҳ баъд аз Рамазон моҳи Аллоҳ – Муҳаррам мебошад. Ва афзалтарин намоз баъд аз намозҳои фарзӣ – намози шаб мебошад».
Ривояти Муслим 1163
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев