Бисмиллаҳир Раҳманир Раҳим
إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَـٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِىِّۚ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا
ҲАМОНО, АЛЛОҲ ВА ФАРИШТАГОНИ
Ӯ БАР ПАЙҒАМБАР ДУРУД МЕФИРИСТАНД. ЭЙ КАСОНЕ, КИ ИМОН ОВАРДАЕД, БАР ВАЙ ДУРУД БИФИРИСТЕД ВА САЛОМИ НЕКӮ ГӮЕД.
(ТАСЛИМИ ФАРМОНИ Ӯ БОШЕД)!
Сураи Аҳзоб ояти 56 [33:56]
Ҳаройина, Аллоҳ ва фариштагони Ӯ бар Пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй мусалмонон, бар вай дуруд фиристед ва саломи некӯ гӯед (таслими фармони ӯ бошед)! Аллоҳ дар ояти мазкур Қадру Қимати Расулуллоҳ (ﷺ)-ро баён карда, фармудааст, ки ҳамоно, Аллоҳ ва фариштагони Ӯ бар Пайғамбар (ﷺ), доимо салавот (дуруд) мефиристанд. (салавот дар луғат ба маънои дуъост). Саловоте, ки аз ҷониби Парвардигор гуфта шавад, ба маънои раҳмат, ризвон, шаъну шарафи ӯ (ﷺ)-ро назди фариштагон боло бардоштан ва аз ӯ (ﷺ) розӣ будан аст. Агар аз ҷониби фаришагон гуфта шавад, ба маънои дуъо ва истиғфор аст, ки дар шаъни ӯ (ﷺ) мегӯянд. Агар аз ҷониби инсон гуфта шавад, дуо ва бузургдошт аст ва агар аз ҷониби парандаву хазанда ва дигар ҷондорҳо гуфта шавад, тасбеҳ ва таҳлил аст). Хулоса, Аллоҳ ба Пайғамбари Худ (ﷺ), раҳмати Худро мефиристад. Фариштагон барои ӯ (ﷺ) аз Аллоҳ истиғфору омӯрзиш талаб мекунанд ва инсонҳои уммат бо дуъову дуруд ӯ (ﷺ)-ро Қадрдонӣ менамоянд. Баъди чунин таъкидҳо Аллоҳ дар давоми ояти мазкур ба касоне, ки ба Аллоҳу Расули Ӯ (ﷺ) имон овардаанд хитоб карда фармуд, ки эй шахсоне, ки имон овардаед, шумо низ бар ӯ (ﷺ) дуруд фиристед ва салом гӯед ва таслими амри ӯ шавед. Яъне бар рӯҳи пурфутуҳи ӯ (ﷺ) ҳам дуруду ҳам салом гӯед! Уламо иттифоқ бар он доранд, ки бар ҳар як мусалмон ҳадди ақал дар умр як маротиб ба Расулуллоҳ (ﷺ) дуруд фиристодан фарз аст. Зеро бо лафзи салавоту салом, дуруд бар Расулуллоҳ (ﷺ) фиристодан шиъори махсуси ҳар мусалмон аст. Агар дар ҳолати дуруд фиристодан калимаи «салом» ва калимаҳои «олу асҳоб» илова шавад, ҷоиз аст. Масалан: «Илоҳо! Бар Муҳаммаду олу асҳоби Муҳаммад (ﷺ) дуруду салом бифрист». Дар боби фазилати дуруд фиристодан бо ривояти Анас (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (ﷺ) гуфтанд: «Агар касе бар ман як бор дуруд фиристад, Аллоҳи мутаъол бар ӯ даҳ бор дуруд мефиристад ва аз души ӯ даҳ гуноҳро сабук мегардонад». Ҳамчунин аз Расулуллоҳ (ﷺ) пурсиданд, ки бахил кист? Дар посух Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Бахил касест, ки номи маро шунавад, аммо бар ман дуруд нафиристад». Хулоса, чунин ҳадисҳо дар бораи фазилати дуруд ба Расулуллоҳ (ﷺ) хело зиёд аст.
Dunyoi foni
Нет комментариев