عن أبي قتادة رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: صِيامُ يومِ عَرَفَةَ، إِنِّي أحْتَسِبُ على اللهِ أنْ يُكَفِّرَ السنَةَ التي قَبلَهُ، والسنَةَ التي بَعدَهُ، وصِيامُ يومِ عاشُوراءَ، إِنِّي أحْتَسِبُ على اللهِ أنْ يُكَفِّرَ السنَةَ التِي قَبْلَهُ
Аз Абу Қотада розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулаллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Рӯзаи рӯзи Арафа, аз Аллоҳ умед дорам, ки барои (гуноҳони) соли гузашта ва соли оянда, каффорат мешавад. Ва рӯзаи рӯзи Ашуро, аз Аллоҳ умед дорам, ки барои (гуноҳони) соли гузашта каффорат мешавад».
Ривояти Муслим
عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ كَتَبَ إِلَى الْحَارِثِ بْنِ هِشَامٍ أَنَّ غَدًا يَوْمُ عَاشُورَاءَ فَصُمْ وَأْمُرْ أَهْلَكَ أَنْ يَصُومُوا وَعَنْ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ مِثْلُ ذَلِكَ
Умар ибн ал-Хаттоб розияллоҳу анҳу ба Ҳорис ибн Ҳишом мактуб навишта (гуфт): «Фардо рӯзи Ашӯро мебошад, пас рӯза дор ва ба аҳлу оилаат фармо то онҳо низ рӯза доранд».
Аз Алӣ ибн Аби Толиб розияллоҳу анҳу низ ҳамчунин ривоят шудааст.
[ التمهيد لما في الموطأ من المعاني والأسانيد، ٢٠٧/٧]
وقال التابعي الكبير الأسود بن يزيد :
ما رأيت أحداً كان آمَرَ بصوم عاشوراء من :
علي بن أبي طالب وأبي موسى ( الأشعري) رضي الله عنهما
Яке аз кибори тобеъинҳо Асвад ибн Язид гуфтааст:
«Аз Алӣ ибн Аби Толиб ва Абу Мӯсо ал-Ашъарӣ дида, касеро надидам, ки ба рӯзаи рӯзи Ашуро фармоишдиҳанда бошад».
[ مسند الطيالسي ١٣٠٨ بسند صحيح ]
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев