Далелҳо:
شَهِدَ اللَّهُ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَالْمَلَائِكَةُ وَأُولُو الْعِلْمِ قَائِمًا بِالْقِسْطِ ۚ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
«Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз у нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Аллоҳ тадбиркунандаи олам ба адл аст. Худое (барҳақ) ҷуз у нест, ки пирузманду ҳаким аст!» (Сураи оли Имрон, ояти: 18)
فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ ...
«Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест...» (Сураи Муҳаммад, ояти: 19)
Маънои Ла илаҳа иллаллоҳ
Ҳеҷ маъбуде барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест.
Дигар маъноҳо ботиланд, мисли: 1) Ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Ин маъно қобили қабул нест, зеро чунин фаҳмида мешавад, яъне ҳам маъбуди барҳақ ва ғайри ҳақ Аллоҳ аст. ( Бояд чунин гуфта шавад: Ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест).
2) Ҳеҷ офаридгоре ба чуз Аллоҳ нест. Гар чанде ин мафҳум ҷузъи маънои аслӣ ҳам бошад, вале мақсади асосиро ифода намекунад. Агар маънои умумии (ла илаҳа иллаллаҳ) танҳо ҳамин мебуд, ҳеҷгоҳ байни паёмбар ﷺ ва қавмаш низоу кашмакашиҳо ба вуҷуд намеомад, чун онҳо бар ин чиз (яъне офаридгор будани Аллоҳ) иқрор дошанд.
3) Ҳокимият танҳо аз они Аллоҳ аст. Ин мафҳум низ ҷузъе аз маънои аслӣ аст, аммо ин (барои дурустии эътиқод) басанда нест ва мақсади аслии тавҳид танҳо ин нест. Агар шахс Аллоҳро дар ҳокимияташ танҳо бидонад, вале дар ибодат ғайри уро парастиш кунад, маънои тавҳид ҳосил намешавад.
Рукнҳои ла илаҳа иллаллоҳ
Ин ҷумла ду рукн дорад:
1)Инкор: Ла илаҳа - нест маъбуде барҳақ.
Ла = нест.
Илаҳа = маъбуде барҳақ.
2) Исбот: Иллаллоҳ - магар Аллоҳ.
Илла = магар.
Аллаҳ = Аллоҳ.
Яъне ибодатро танҳо барои Аллоҳе, ки анбозе надорад, собит месозӣ. Далел бар ин гуфтаҳо ин аст, ки Аллоҳ мефармояд:
فَمَن يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِن بِاللَّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ
«Пас ҳар кас, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Аллоҳ имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада...» (Сураи Бақара, Ояти: 256)
وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ إِنَّنِي بَرَاءٌ مِّمَّا تَعْبُدُونَ 26 إِلَّا الَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُ سَيَهْدِينِ27
«Ва Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: Албатта, ман аз он чи шумо мепарастед, безорам. Ғайри он ки маро офарида, ки албатта, у роҳнамоиям хоҳад кард.» (Сураи Зухруф, Ояти: 26-27)
Қавли لَا إِلٰهَ إِلَّا ٱلله дар кадом вақт инсонро кумак мекунад?
Он гоҳ, ки (шахс) маънояшро дарк кард. Он гоҳ, ки ба муқтазои он амал намуд (муқтазои ин калима тарк намудани ибодат ба ҷуз ибодати Аллоҳ ва танҳо уро парастиш намудан аст).Шартҳои «Ла илаҳа иллаллоҳ»
Зикри «Ла илаҳа иллаллаҳ» барои одам нафъе намерасонад, магар ин ки мафҳуми ин ҳафт шарти зерин таҳаққуқ пайдо накунад:
1. Илм зидди ҷаҳл аст. 2. Яқин зидди шак. 3. Ихлос зидди ширк. 4. Ростӣ зидди дуруғ. 5. Муҳабат зидди душманию кина. 6. Пойбандӣ зидди сарпечию тарк намудан. 7. Қабул намудан зидди рад кардан. Зикри шартҳо ба тафсил: 1. Илм зидди ҷаҳл аст: Маънояш чунин аст, ки (инсон бояд) дар маънои нафию исботи «Ла илаҳа иллаллаҳ» илм дошта бошад. Далелаш ин қавли Аллоҳ аст:
فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ ...
«Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест.» (Сураи Муҳаммад, ояти 19)
2. Яқин зидди шак аст. Маъно чунин аст, ки гӯяндаи ин қавл бояд бар бовари том бошад, ки Аллоҳ маъбуди барҳақ аст. Далел аз қавли Аллоҳ:
إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ
«Ҳаройна, муъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбари Ӯ имон овардаанд ва дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд. Инҳо ростгуёнанд» (Сураи Ҳуҷурот, ояти: 15)
3. Ихлос зидди ширк аст: Гуяндаи ин сухан бояд тамоми ибодатҳоро холис аз барои Аллоҳи ягона анҷом диҳад ва ҳеҷ ибодатеро барои ғайри Аллоҳ анҷом надиҳад. Аллоҳ мефармояд:
وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ ۚ وَذَٰلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ
«Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини у ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!.» (Сураи Баййина, ояти: 5)
4. Сидқу ростӣ мухолифи дуруғ аст: Ин ки калимаи таҳвидро бигуӣ ва ба он гуфтаат содиқ бошӣ, забонат бо қалбат мувофиқ бошад. Аллоҳ дар ин маврид мефармояд:
الم أَحَسِبَ النَّاسُ أَن يُتْرَكُوا أَن يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۖ فَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْكَاذِبِينَ
«Алиф, лом, мим. Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигуянд: Имон овардаем (ва ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо шаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Аллоҳ таҳаммул кард) озмоиш нашаванд?” Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дуруғгуёнро ҷудо кунад.» (Сураи Анкабуд, ояти: 1-3)
5. Муҳаббат мухолифи буғзу кина аст: Ин ки калимаи тавҳидро бигуӣ дар ҳоле, ки ту Аллоҳ ва паёмбарашро дуст бидорӣ ва ба он чизе, ки ин калима далолат мекунад, онро низ дуст бидорӣ. Аллоҳ мефармояд:
وَمِنَ النَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ اللَّهِ أَندَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِّلَّهِ ۗ
«Баъзе аз мардум Аллоҳро ҳамтоёне ихтиёр мекунанд ва онҳоро чунон дуст медоранд, ки Аллоҳро. Вале онон, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дуст медоранд.» (Сураи Бақара, ояти 165)
6. Итоат намудан зидди итоат накардан аст: Ин ки Аллоҳро ба ягонагӣ бишносию парастиш намоӣ ва пойбанди шариати у бошӣ. Ва бояд ба у имон биёварӣ ва бовар дошта бошӣ, ки у ҳақ аст. Аллоҳ мефармояд:
وَأَنِيبُوا إِلَىٰ رَبِّكُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ مِن قَبْلِ أَن يَأْتِيَكُمُ الْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ
«Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон руй оваред ва ба у таслим шавед.» (Сураи Зумар, ояти : 54)
7. Қабул намудан мухолифи рад намудан аст: Ин ки тавҳидро ва ба ончи, ки он далолат мекунад, қабул намоӣ. Инчунин, бо ихлос парастиш намудани Аллоҳро бипазирӣ ва ибодати ғайри уро тарк гуӣ. Аллоҳ мефармояд:
إِنَّهُمْ كَانُوا إِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ يَسْتَكْبِرُونَ وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُو آلِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍ
«Ҳаройна, чун ба онон гуфта мешуд, ки ҷуз Аллоҳи якто худое нест, такаббур мекарданд. Ва мегуфтанд: “Оё ба хотири шоъири девонае (яъне, Муҳаммад ﷺ) худоёнамонро тарк гуем?.» (Сураи Софот, ояти : 35-36).
Dunyoi foni ![👈](https://st.mycdn.me/static/emoji/14-0-0/20/1f448@2x.png)
Обуна шавед ва барои
дигарон фиристонед.
Фиристодансадақаи ҷория аст.
Нет комментариев