Пас аз ихтилофҳои фаровон байни саҳюнистҳо, ҳоло ин режими кӯдаккуш дар талош барои фирор аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ аст.
Расонаҳои ибрӣ бо эълони ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз таҳдид барои ҳамла ба Лубнон гузориш доданд, ки мақомоти исроилӣ ба думболи эҷоди ривоятҳои дурӯғин барои тавҷеҳи адами вуруд ба ҷанг бо Ҳизбуллоҳ ҳастанд.
Дар ҳоле, ки мақомоти саҳюнист тайи рӯзҳои гузашта дар ҳоли ақибнишинӣ аз таҳдидоти худ барои густариши ҳамла алайҳи Лубнон ҳастанд, расонаҳои ибрӣ эълон карданд, ки Исроил омодаи тавофуқ бо Лубнон барои поён додан ба даргириҳо аст.
Такопӯи саҳюнистҳо барои тавҷеҳи фирор аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ
Шабакаи 14-и режими саҳюнистӣ дар ин замина гузориш дод: мақомоти исроилӣ дар талош ҳастанд ривояти гумроҳкунанда эҷод кунанд ва аз тариқи он иддао кунанд, дастовардҳои бузурге дар ҷабҳаи шимолӣ муқобили Лубнон касб кардаанд, то ба ин тартиб адами вуруд ба ҷанг бо Ҳизбуллоҳро тавҷеҳ кунанд.
Навъом Амир, таҳлилгари умури низомӣ дар шабакаи 14 режими саҳюнистӣ дар ин замина гуфт: шавоҳид нишон медиҳад, ки Исроил ба думболи нардабоне барои поин омадан аз дарахти ҷанг дар шимол (ақибнишинӣ аз таҳдид барои ҳамла ба Лубнон) аст. Дар ин замина мақомоти исроилӣ дар ҳоли омода шудан барои достонсароӣ дар бораи дастовардҳои бузург муқобили Ҳизбуллоҳ ҳастанд, то бигӯянд, ки бо вуҷуди ин дастовардҳо, дигар ниёзе ба ҷанг дар шимол надорем. https://tajikpress.com/2024/07/02/%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%be%d1%88%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d2%b3%d0%be-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%80-%d0%b0%d0%b7-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев