Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба режеми саҳюнистӣ дар бораи таъмини эҳтимолии сомонаи падофанди ҳавоӣ барои Украина ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории Роша Тудей, Василий Небензия, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба режими саҳюнистӣ дар бораи авоқиби қатъии таъмини эҳтимолии сомона падофанди ҳавоии сохти Амрико барои Украина ҳушдор дод.
Финаншл Таймс, ҳафтаи гузашта гузориш дод, ки Амрико, Исроил ва Украина дар ҳоли музокира барои таҳвили ҳашт фарванд сомонаи падофанди ҳавоии мустаъмали «Патриот» аз режими саҳюнистӣ ба Киев ҳастанд.
Василий Небензия бо ишора ба ин гузориш, ки ба нақл аз манобеи огоҳ мунташир шудааст, гуфт, ки чунин иқдоме қатъан равобит байни режими саҳюнистӣ ва Маскавро хадшадор хоҳад дод.
Небензия, дипломати аршади рус гуфт: мӯътақидам, ки ин иқдом авоқиби сиёсии қатъиро низ дар пай хоҳад дошт. Таслиҳоте, ки барои Украина ирсол мешавад, сирфи назар аз фиристанда, дар ниҳоят мунҳадим хоҳад шуд дуруст мисли соири таслиҳоти ғарбӣ ва амрикоӣ, ки мунҳадим шуданд. Тардиде нест. https://tajikpress.com/2024/07/02/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев