Гуруҳи Толибон пирӯзии Масъӯди Пизишкиён дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро табрик гуфт.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати хориҷаи ҳукумати сарпарасти Афғонистон (Толибон) дар баёнияе пирӯзии раисҷумҳури мунтахаби Эронро табрик гуфт.
Вазорати хориҷаи ҳукумати сарпарасти Афғонистон (Толибон) дар ин баёния навишт: Аморати Исломии Афғонистон интихоби ҳукумати ҷадидро ба мардум ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон табрики арз менамояд. Аморати Исломии Афғонистон умедвор аст, бо рӯи кор омадани ҳукумати ҷадид равобит миёни кишвари ҳамсоя ва мусулмон дар заминаҳои гӯногӯн бештар тақвият ва густариш ёбад.
Масъуди Пизишкиён бо касби аксарияти оро дар даври дувуми чаҳордаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон пирӯз ва ба унвони раисҷумҳури мунтахаб, баргузида шуд. https://tajikpress.com/2024/07/07/%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-%d0%bf%d0%b8%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8%d0%b8-%d0%bf%d0%b8%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%ba%d0%b8%d1%91%d0%bd%d1%80%d0%be-%d1%82%d0%b0%d0%b1%d1%80%d0%b8%d0%ba-%d0%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев