Паёми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ, ба нишасти Иттиҳодияи Анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо.
Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ, дар паёме ба панҷоҳу ҳаштумин нишасти Иттиҳодияи Анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо фармуданд: Масоили муҳим ва захмҳои тоза ва кӯҳнаи ҷаҳонро мешиносед. Тозатарини онҳо фоҷиаи беназири Ғзза аст. Барҷастатарини онҳо шикасти ахлоқӣ ва сиёсӣ ва иҷтимоии Ғарб ва сиёсатмадорони ғарбӣ ва тамаддуни ғарбӣ аст. Ибратомезтарини онҳо нотавонии либерал демократия ва даъвогарони он дар ташкили озодии баён ва ғафлати маргбори онон аз мавзӯъи адолати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари олии Эрон дар паёме ба панҷоҳу ҳаштмин нишасти Иттиҳодияи Анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо, бо ишора ба масоили печидаи кунунии ҷаҳон, бар нақшофаринӣ ва асаргузории ин донишҷӯён дар масоили бузург бо такя бар ангезаи имон ва эътимоди ба нафс таъкид карданд.
Матни паёми раҳбари олии ҶИЭ оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳ аст: https://tajikpress.com/2024/07/06/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%be%d1%8f%d1%82%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d1%85%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d3%a3-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев