Як рӯзномаи саҳюнистӣ, мудирияти ҷанги Телавив дар Ғаззаро «заъифи мутлақ» хонд ва навишт, ки ҷанг, иқтисод ва неруҳои артишро аз ҳам пошида ва таҳаққуқи пирӯзӣ, рӯз ба рӯз душвортар мешавад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ави Ашкенази, рӯзноманигори рӯзномаи саҳюнистии Маарию, дар гузориши худ навишт, ки режими саҳюнистӣ аз ҳамон лаҳзаҳои аввалияи рӯзи ҳафтуми октябр ва оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”, ин ҷангро бохт.
Бино бар ин гузориш Телавив тайи 9 моҳи гузашта талош карда дар натиҷаи ин зарба аз ҷо баланд шавад ва пирӯзиро дар ҷанг ба даст биёварад, аммо даргириҳои кунунӣ дар Ғазза, ки тӯлонитарин ҷанг аз навъи худ аст, бо рӯйкардҳои амниятии режими саҳюнистӣ дар таноқуз аст.
Вай шикаст дар амалиёти Тӯфони Ал-Ақсоро шадидтар аз шикаст дар ҷанги октябр хонд ва таъкид кард, ки пешбинӣ мешуд, ки Исроил дар омодагии комил бошад ва нисбат ба таҳаррукоти Ҳамос комилан ҳушёр бошад, аммо кор ба ҷое расид, ки Ҳамос тайи чанд соат муваффақ шуд артиши қудратманд ва бузург ва фаннии Телавив ва сервисҳои иттилоотии ин режимиро шикаст диҳад. https://tajikpress.com/2024/07/08/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев