Вазорати умури хориҷаи Амрико дар нахустин вокуниш ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон гуфт: Натиҷаи интихобот таъсири қобили таваҷҷуҳе дар рӯйкарди Амрико ба Эрон нахоҳад дошт.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Энтони Блинкен, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрикои рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ дар нахустин вокуниш ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон иддао кард, ки интихоботи раёсатҷумҳури Эрон “озод ё одилона” набуд ва “ба тағйири асосӣ дар масири Эрон сабаб нахоҳад шуд”.
Ин сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар гуфтугӯ бо расонаҳои амрикоӣ муддаӣ шуд ки “дар натиҷа, теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз эрониҳо тасмим гирифтанд ба ҳеҷ унвон дар он ширкат накунанд” ва давлати Амрико интизор надорад, ки ин интихобот ба тағироти асосӣ дар масири Эрон ё эҳтироми мутақобили бештар ба ҳуқуқи шаҳрвандон сабаб шавад. https://tajikpress.com/2024/07/07/%d0%b2%d0%be%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d0%bd%d0%b0%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b8%d1%85%d0%be%d0%b1%d0%be%d1%82/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев