Масъулони Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба оворагии чандбораи фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва ноамни шадид ва гуруснагӣ ҳушдор додаанд.
Масъулони Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба оворагии чандбораи фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва ноамни шадиди гуруснагӣ ва ғизоие, ки дар ин минтақа вуҷуд дорад, нисбат ба қаҳтии қарибулвуқуъ дар сурати адами расидани кумакҳои фаврии ҳушдор доданд.
Дар ҳоле, ки мардуми Ғазза баъд аз 9 моҳ аз ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи ин минтақа, борҳо аз ҷое ба ҷои дигар овора шудаанд, Сигрейд Ког, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза, тайи суханоне муқобили Шӯрои амният эълон кард: “имрӯз 1.9 миллион нафар дар Навори Ғазза овора шудаанд ва мо амиқан нигарони гузоришҳои марбут ба дастурҳои ҷадиди Исроил барои тахлияи Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ҳастем.
Вай афзуд: беш аз як миллион нафар дар Ғазза дубора овора шудаанд ва ҳамчунон дар ҷустуҷӯи сарпаноҳи амн ҳастанд. Имрӯз ғайринизомиёни фаластинӣ дар Навори Ғазза, дар миёни дарду ранҷ ба маънои воқеӣ қарор доранд ва зиндагии онҳо комилан нобуд шудааст.
Ин масъули Созмони Милал изҳор дошт: кумакҳо ба андоза кофӣ ба Навори Ғазза ҷанг зада намерасад ва боз кардани гузаргоҳҳои ҷадид ба вижа ба самти ҷануби Ғазза, барои ҷилавгирӣ аз як фоҷиаи инсонӣ зарурӣ аст. Гузаргоҳи Рафаҳ байни Ғазза ва Миср бояд бозгушоӣ шавад ва ҳамчунин ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои таъмини ҳазинаҳои имдодрасонӣ ба Ғазза талошҳои бештаре анҷом диҳад. https://tajikpress.com/2024/07/04/%d2%b3%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%81%d0%bc%d0%bc-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d2%9b%d0%b0%d2%b3%d1%82%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%b3%d1%83%d1%80%d1%83%d1%81%d0%bd%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев