Раҳмон ва Токаев дар Остона
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.
Ба гузориши манбаъ:
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишварро сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Аз фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба дидори Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев равон шуд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст:
“Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд”.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид. https://tajikpress.com/2024/07/04/%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%80%d1%83-%d0%b3%d1%83%d1%84%d1%82%d1%83%d0%b3%d1%83%d0%b8-%d1%8d-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%b0-%d1%82%d0%be%d0%ba%d0%b0%d0%b5%d0%b2-%d0%b4%d0%b0%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев