Вазири корҳои дохилаи Русия таъкид кард, ки бархе аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши густурдаи ҷомеа мешаванд.
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ӯ дар ин бора илова кардааст: “Теъдоди ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст”.
Ба гуфтаи вай, чунин раванд дар тамоми ниҳодҳое, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, мушоҳида мешавад.
“Дар ҳақиқат онҳо фаъолтар шуданд”, – гуфт оқои Колоколтсев дар маҷлиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба пешгирии чинояткорӣ.
Илова бар ин, баъзе амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ боиси вокуниши васеи ҷомеа мегарданд, ки боиси афзоиши бадбинӣ байни миллатҳо мегардад.
Колоколтсев афзуд: “Масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, ба салоҳияти бисёр идораҳо, инчунин мақомоти вилоятҳо дахл доранд ва бояд бо талошҳои муштарак ҳал шаванд”. https://tajikpress.com/2024/07/02/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%be%d2%b7%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b9%d1%80%d0%b8%d2%9b%d0%be%d0%bd%d1%83%d0%bd%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%9b/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев