Паймони сулҳи тоҷикон дар соли 1997 дар Москва байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди Неруҳои Мухолифи Тоҷикистон имзо шуд.
Паймони сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, санаде, ки ба ҷанги дохилии панҷсола дар кишвар поён дод, рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав, пойтахти Русия ба имзо расид. Дар маросими имзои он Борис Елтсин, раисҷумҳури вақти Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирони хориҷаи кишварҳои нозир, яъне Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва фиристодаи Созмони конфронси исломӣ ширкат доштанд.
Ин тавофуқнома бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди Неруҳои Мухолифи Тоҷикистон (ИНОТ) ва намояндаи вижаи дабири кулли Созмон Милали Муттаҳид, табдил ба санади ҳуқуқӣ шуд ва заминаро барои иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда миёни тарафҳои даргир фароҳам кард.
Бинобар омори расмӣ, ҷанги шаҳрвандии дохилӣ ҷони 150 ҳазор нафарро гирифт ва ба иқтисоди кишвари навпо ва тозаистиқлолёфта аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ беш аз «10 миллиард доллар хисорат» ворид кард. https://tajikpress.com/2024/06/27/25-%d1%83%d0%bc%d0%b8%d0%bd-%d1%81%d0%be%d0%bb%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8-%d1%81%d1%83%d0%bb%d2%b3%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b8%d0%b4%d1%83%d0%bd%d0%b8-%d1%8f%d0%ba%d0%b5/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев