Ҳукумат барои таъмини маблағгузории зиёдшавии маошу стипендия ва нафақа аз ҳисоби маблағҳои буҷет беш аз 2 млрд сомонӣ иловагӣ ҷудо хоҳад кард.
Ба гузориши манбаъ:
Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз маоши кормандони ҳокимияти давлатӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад.
Қарори дахлдорро раисҷумҳури кишвар дар оғози сол имзо кард ва ҳоло ба ҳукми амал медарояд.
Ба гузориши дафтари матбуоти президенти кишвар, он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ қабул шудааст.
Бар асоси фармон, 1 июли соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Тибқи фармон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40% зиёд гардид. https://tajikpress.com/2024/07/01/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%be%d1%88%d1%83-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d2%9b%d0%b0-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев