ХАМСАФАР
( кисса) Кисми 6
Аз хонаи додар хурсанд баромадам.Аммо як гушаи дилам аз чизе хавотир буд.Садафмох аз хонаи холааш гурехтааст.Агар уро дар чустучу карор диханд, чи? Накунад язнаи ахмакаш ба сари мо ягон балоро биёрад? Дар сари рул нишаста, додарам Носирро занг задам.Ягон дакика нагузашта Носир ба наздам омад.
- Ха, ако, чи буд, ягон гап доштед?- дари мошинро кушода дар барам нишаст.
- Гуш кун додар, хамин духтаре, ки уро гирифта ба хонаи ту овардам, аз хонаи хешовандонаш фирор кардааст.Холо онхо намедонанд, ин духтар дар кучо бошад? Ин духтар барои он ба ман мурочиат кард, ки ман уро гирифта ба Ватан барам.Зеро ман уро се- чор мох пеш аз ватан ба хонаи холааш оварда будам.Ту боз ба у чои кор ваъда кардаи. Ин кор чи хел мешавад? Агар холаи берахмаш уро дар паигарди милитсия дихад чи? Медони, окибаташ чи мешавад?- фахмондам ба додарам.
- Дар сарам як фикри хуб омад.Бегох ба хонаи холааш рафта хамаи кори шудагиро ба онхо мефахмонам.Холааш маро хамчун таксист мешиносад.Шояд ягон маслихати хуб дихад,- таъкид кардам ба додарам.Дар масъалаи ба кори фабрика рафтани Садафмох шитоб накун.Ку бинем, чи гап мешавад? Додарам "хуб"гуфта аз мошинам фуромад.
Бегохи ба хонаи холаи духтар рафтам.Онхо ба хуроки шом омодаги медиданд.Маро холаю язнааш бо чехраи гарм пешвоз гирифтанд.Мардаки хона кам- кам хумори буд, ки аз дахонаш буи шароб меомад.
- Ин чиянатон Садафмох наменамояд?- худро ба нодони зада гуфтам ба онхо.
- Садафмох ба чабру зулми мо тоб наоварда, ба Точикистон рафт,- бепарвоёна изхор кард холааш.Пеш аз рафтанаш ба мо хатча навишта мондаст.Мо пиру кампир максад доштем, уро обод карда, дар хаминчо хонадор кунем, ношукрбанда дар набудани мо аз хона рафтааст.Холо мо ба модараш чизе нагуфтем, ки бечора апаам ташвиш нашаванд,- гуфт холаи духтар.
Язнаи духтар мехостааст, як рафики узбекашро, ки хеле доро будаст,ба Садафмох хонадор кунад.Аммо духтар нахостааст.Як сабаби фирор кардани духтар аз хонаи холааш хамин будааст.
Ман то соати дахи шаб хамрохи онхо сухбат карда, баъд ба ичорахонаам омадам.Акнун тагийри либос карда, ба душ даромадани будам, ки Садафмох занг зад.
- Ало ако сози, дар кучои?- меомад аз гушак садои у
- Дар квартираам.
- Бегох наомади, бишинем?
- Каме кор баромад, натавонистам биёям,- гуфтам ба у
- Носир хам наомад, ташвиш шудем?
- Чи хел наомад, дар хонааш нест?
- Не!
- Шояд хонаи ягон хамкораш рафта бошад, мумкин баъд биёяд.
- Надонам, занаш хам хавотир, сахар меоед?- пурсид Садафмох.
- Албатта меоям!- хаирухуш кардани шуда гуфтам ба духтар
- Хаир, хоби хуш!- Садафмох телефонашро хомуш кард.
Сухбати у харчанд аз руи мехр буд, маро он кадар хурсанд накард
Пагохи вакте ба хавлии додарам омадам, Садафмох телевизорро монда барномаи НТВ- ро тамошо мекард.Зани додарам ки дар кухни хуроки пагохи омода мекард, овози маро шунида ба пешвозам баромад.
- Биёед ако,- маро ба хонае ки Садафмох машгули тамошои оинаи нилгун буд, рохнамои кард
- Носир шаб омад? пурсидам аз янгаам.
- Хо, дар шабнишинии як рафикаш будааст, дер омад,- чавоб дод янгаам.
- Ту чихели, дар ин хонахои додарам хобат мебарад?- пурсидам аз Садафмох
- Аз хамон хонахои холаам хазор бор бехтар аст,- табассумомез гуфт у
- Дина бегох холаату язнаатро дидам, онхо фикр кардан ту ба Ватан рафтаи.
Онхоро дар кучо диди?
- Ба хонаашон рафта будам.
- Бо чи гуфтанд?- тааччубомез пурсид духтар.Хеле хамрохам сухбат карданд.
- Дигар хеч!
- Носир омода шавад, ба фабрикаи чои кори у меравем,- мавзуи сухбатро дигар карда гуфтам ба духтар
Аз ин пешниходам Садафмох хурсанд шуд.
( Давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5