Хеш Кисми 5. Муалиф Имрон. Ба хона омадам амакам алакай бедор барои занхои рус гизои субх таер карда истодааст, хангоми манро дидан хато напурсид дар кучо буди ва шабро дар кичо гузаронди, ба худ гуфтам одам то ин хад бе инсоф мешидаст. Ба ман гуфт субхонаро таер кун ба назди мо биёвар ман субхонаро таер карда ба назди амакам бурдам амакам бо дусташ ва ду зани рус нишаста буд зани рус манро дид, зан такрибан 40 сол дошт, ба ман назар карда гуфт, ту нав омадаи? Гуфтам на, зан гуфт шаби гузашта надидамат, ман ки забони онхоро на онкадар хуб медонистам дар чавобаш сукут кардам аз амакам пурсид ин чавон кист ? Амакам гуфт писари додарам аст. Зани рус гуфт, оё бо шумо зиндаги мекунад? Амакам гуфт бале. Боз гуфт чаро шаби гузашта набуд? Амакам гуфт ба хонаи дусташ рафта буд. Ин хел бошад хуб имшаб боз меоям гуфт зани рус. Шаб низ шуд боз харду зани рус дар даст шароб ба хонаи мо омаданд ман дар айни хоб куни будам ки зани рус омада худашро дар руи ман партофт ман дар хол аз чоям хеста ба назди дар рафтам, бо як мушкили бо забони русси аз ман чи мехохи гуфтам? Зани рус гуфт чавон хасти туро мехохам, манзури ин занро фахмида аз хучра баромада ба берун рафтам, зан рафта ба амакам гуфтас чиянатро ба назди ман биёвар, амакам манро чег зада ба хучра дароварда гуфт ба ин зан итоьат кун хамаги маст хастанд, ман чизе нагуфтам, пас аз якчанд дакика зани рус ба назди ман даромад хост ба ман наздики кунад ман 19 сол доштам ба зан гуфтам ман ин корро намекунам, аммо у боз ба суи ман омадан хост боз гуфтам ба ман наздик нашав, зан гуфт чаро магар манро намехои? Асаби ки будам гуфтам я молодой не хочу тя ты зрослая Ин сухани гуфтаам ба сарам бало шуд зан баьд аз шунидани суханхои ман дархол рафта ба амакам шикоят карда гуфт чиянат маро калон гуфт, амакам бошад худро дар назди занхои русс кахрамон шуморида ба назди ман омада чаро ин занхо калон гуфти, гуен манро зери лат карор дод зурам мерасид ба амакам даст бардорам лек хотири бародари Падарам буданаш хурматашро ба чо овардаму рохи рахои чустам, лек аз дасти амакам рахо шудан душвор буд чаро ки манро дар замин гелонида бо мушту лагат задаистодааст худаш дар болоям занхои рус бошад амакамро маладец гуфта истодаанд, аз ин кори амакам хеле норохат шудам барои як зани кучагард шуда манро дар назди онхо кутак зада истодааст, хостам аз чоям бар хезаму ба амакам даст бардорам боз фикри Падарамро кардаму лаьнат ба шайтон гуфтам, аммо хеч нест амакам манро рахо кунад баьдан дусти амакам аз дигар хона омада маро чудо кард, соьат 11 шаб буд чуздонамро гирифтаму аз хона баромада боз ба назди дарё рафтам акнун на пул дораму на чои рафтан, аз амакам халос шудам хамин барои ман кофист, танхоям касе аз холи ман хабар надорад, хар гох бо Падару Модарам бо телефони сухбат мекардам мегуфтам фикри манро накунед холи ман хуб аст, лек дар хакикат холам хуб набуд, аз ин маьлум мешавад, ки аксари мухочирон ба Волидайнашон друг гуфта холам хуб аст мегуянд дар холеки холаш хуб нест, бояд хаминхел гуяд вагарна Падару Модар аз ташвиш мемуранд.. Манниз хаваси мухочириро кардам ба назди хешонам омадам лекин хешонам дар мулки гариб бадтарин рузхоро бар сарам оварданд, алам овар буд лек чикор кунам хаёт чунин будаст, шаб гузашт руз шуд, лек чи фоида руз шаваду чои рафтан надошта бошам, лек чи илоч конуни табиат хамин будаст руз шаб мераваду руз меояд, руз нисфи руз шуд ман то хол дар назди дарё нишаста будам ногахон хамон чавонеки чан руз кабл хамсухбат шуда будем шинокуни лаби даре омадаистодааст, манро дида ба назди ман омад баьд аз авхол пурси ба чуздони ман нигариста пурсид тенчихаст? Гуфтам бале бо амакам даво кардем манро аз хона пеш кард. Ин чавон Юсуф ном доштаст гуфт хеч гап не, аз имруз иборат бо мо мемонед чои корхам хаст. Мо бо хам каме шино карда баьдан ба хонаи Юсуфшон омадем Юсуф низ хамрохи тагояш будаст Тагои Юсуф бошад хеле одами хубу бо фахм буд. Тагои Юсуф ба ман гуфт агар хохи фардо бо Юсуф кор баро дар маркази деха магоза хаст Ду нафар шуда савдо мекунед, ман рози шудам. Давом дорад..
    4 комментария
    17 классов
    Дарег... Хонандаи бехтарини Кошона вафот кард. Ассаллому алайкум дустон. Дилам мегиряд.Акаи Абдурахим Рахим Рахмон аз соле ки ман ин гурухро кушодам,бо мо буд. Навакак хабари марги уро фахмида хеле дилам гирён шуд. Дарего.ин охирин паёмаки ака будааст. Ин кадар мехр ба гурух,ба киссахо дошт. Интизори мекашид,ки кай кисми дигари киссаро гузорам. Эх дунё...одами буд,набуд. 😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭 Равонаш шод бод. Сухане намеёбам бигуям.....
    31 комментарий
    18 классов
    Муъҷизаи ду тухм Табибон исбот кардаанд, ки истеъмоли ду тухм дар як рӯз ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Аз ҷумла: ▪ Хотираро беҳ мекунад Зардии тухм дорои холин аст, аминокислотаи калидӣ барои интиқоли импулсҳои хурди асаб, ки ба мо кумак мекунад, то ҷузъиётро дар хотир нигоҳ дорем. ▪ Биниш беҳтар мешавад Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тухм аз лютеин — витамине бой аст, ки барои нигоҳ доштани биноӣ кумак мекунад. Лютеин табиатан дар чашм пайдо мешавад. ▪ Устухонҳо ва дандонҳо мустаҳкам мешаванд Тухм аз витамини D бой аст, ки сатҳи калсий ва фосфорро дар хун танзим мекунад. Хӯрдани тухм инчунин ба организм таъсир мерасонад, ки калсийро азхуд мекунад, ба устухонҳо қувват мебахшад ва аз остеопороз пешгирӣ менамояд. ▪ Саломатии пӯст, мӯй ва ҷигарро беҳтар мекунад Норасоии фолий дар заноне маъмул аст, ки миқдори кофии витамини В-ро истеъмол намекунанд. Хушбахтона, тухм як ғизои хуб аст. Бознашр аз прессатч
    4 комментария
    18 классов
    Ҳуҷуми малах ба замину чарогоҳҳо кишоварзони Суғдро нигарон кардааст Муаллиф: Фарзона Муродӣ, Asia-Plus То ҳол малах дар майдони қариб 10 ҳазор гектар паҳн шудааст Ҳуҷуми малахи марокашӣ ба майдонҳои кишт ва чарогоҳҳо, кишоварзони вилояти Суғдро нигарон кардааст. Ин намуди ҳашарот то имрӯз дар майдони 9 ҳазору 869 гектар паҳн шудааст. Дар ин бора Холиқ Бобоҷонов, сардори муасссиаи “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои манбаъ, барои пешгирӣ паҳншавии малах дар вилоят ситоди корӣ ташкил шуда, дар шаҳру ноҳияҳое, ки аллакай, малах паҳн гардидааст, корҳои базараргардонӣ идома дорад. “Имсол, безараргардонии малах дар майдони 29 ҳазору 875 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 564 гектар зиёд аст. Соли 2024 дар майдони 29311 гектар коркарди кимиёӣ гузаронида шуда буд”, - зикр кард Холиқ Бобоҷонов. Ӯ гуфт, корҳои безараргардонӣ то моҳҳои июли соли равон идома мекунад. Ба иттилои номбурда, ҳоло дар 8 шаҳру ноҳияи шимоли кишвар паҳшавии малах ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама бештар ноҳияи Деваштич осебпазир аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Деваштич дар майдони 2500 гектар, Спитамен дар 2000 гектар, дар Мастчоҳ 1540 гектар замин, Бобоҷон Ғафуров дар 1450 замин ва дар Зафаробод дар майдони 1305 гектар замин малах паҳн шуда, ба киштӣ аҳолӣ зарар расонидааст. Ҳаҷми умумии хисороти малах то ҳол маълум нест. Барои нобуд кардани малах дар вилоят дар умум 285 дастгоҳ, аз ҷумла 14 адад трактори дорупошӣ ва дастгоҳи аэрозолӣ, 4 дона автомашинаи дорупошӣ ва 267 дорупошаки дастӣ бо ҷалби 293 нафар кор карда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола бо фаро раисдани фасли баҳор селаи малах “меҳмон”-и нохондаи заминҳои Тоҷикистон, махсусан Суғду Хатлон мешавад. Мақомот барои мубориза ба он ҳар сол дасту панҷа нарм мекунанд, вале тавре дида мешавад, сол аз сол селаи малахҳо зиёд мегардаду кам не. Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20250421/uumi-malah-ba-zaminoi-kisht-kishovarzoni-sudro-nigaron-kardaast
    2 комментария
    5 классов
    Ориф Ёдгори ИНСОНИ ХУБ Бо аблаҳ бо забони ба худаш наздик бояд ҳарф зад. Ва занги телефон баланд шуд. Аз он овози занеро шунид, ки ба сабаби суҳбатҳои беақлона ва гапҳои бисёри бемағзаш худро канор мекашид, ба дараҷае агар бо ӯ дучор ояд роҳи гурез меҷӯст. Ӯ дар ҷавобу пурсиши зан зиёд андеша накард. Ва дарҳол гуфт: - Раҷаб Мардона мепурсӣ? - Бале, - гуфт зан. - Раҷаб Мардон мурд, - гуфт ӯ дар ҷавоб. - О, дина зинда буд-ку? - Оре, дина зинда буд. Ин пагоҳ – қарибии рӯз мурд. _ Чӣ хел мурд? - Чӣ хел мемуранд? – Ва Раҷаб Мардон ба саволи зан савол доду мунтазири ҷавоби ӯ нашуда гуфт: - Чӣ хеле, ки дигарҳо мемуранд, ҳамон хел мурд. - Ҳайфи одам, - гуфт зан. – Инсони хуб буд Раҷаб Мардон. Аз китоби «Ҳикмати умр»-и Раҷаб Мардон.
    1 комментарий
    5 классов
    Шамсиддин Курбонов Вақтҳои охир гумон мекунам, ки мардум аз хурд то бузург аз лиҳози равонӣ хеле ва хеле ҳаста ва дар муошират бо ҳам табиати хашин доранд. Ёд дорам, ки бобову момо ва волидайни мо, ҳатто ҳамдеҳагони ман, нисбати ҳамдигар хеле меҳрубон буданд. Ин ҳолат дорад, ки беш аз пеш бадтар мешавад. Шумо чи фикр доред ва чи метавон кард?
    4 комментария
    9 классов
    Нома аз Фирузабону Бетараф набошед. Ассаллому алайкум. Ман Ҷалолова Фирӯза соли тавалудам 09 02 1987 сокини шаҳри душанбе соҳиби як духтарча хастам. Рости аз авал саломатиам хуб набуд дар куҷо як духтур мешуд мебурданд маро вале бе натиҷа ягон кас аниқ накард ки ма чи бемори дорам, ҳатто дандонҳомам ҳарҷо ҳарҷо буданд то 28 солаги. Дарди сар беҳад азобам медод тамоми табобатро кардам ,бе натича.Томография кардам, сарам об дорад гуфтанд. Охиста -охиста чашмонам зарар дид, чашмонамро табобат кардм намешавад. Ягона роҳ чаррохи гуфтанд.Дарди сӯзиши дасту по зиёд мешуд, андак якҷода дака хурданда мебаромад ,мешикаст Соли 2010 тарафи мардонда да роҳ машрутка ждат доштем ҳамроҳи Модарам духтур мерафтем як мошин аз он тарафи роҳ гашту тарафи мо омад, ман дидам мошина ,лекин дар фикрам наомад ки ба роҳи одам гузар харакат мекунад. Аз пуштам гузашту сигналам надод, тела кард ман пешпо хӯрдам , ҷангу ҷанҷол кардем, мошин гузашта рафт. Мо ҳам ай пай кори худамон рафтем ,пагоҳаш роҳ гаштан мушгил шуд . Фикр кардам,ки гурдаҳоям бошад вале роҳ гашта натонистам ,духтури гурда рафтем, дид гуфт гурда нест сутунмӯҳрат нест? гуфтам намедонам ренгин равон кард баъди ренгин бо дидак гуфт сутунмӯҳраат будаст се ҷояш бе ҷо шидагияй куҷода ғалтиди? гуфтам не дина мошин гузашт некем сахт назад гуфт да гармияш нафаҳмиди ,лекин сутунмӯҳрат беҷо шидагияй қариб яксол хобро надида будам аз дарду аз сухтана. Баъди табобатҳо бо роҳгардон шудам, лееин то ҳозира ай сутунмӯҳра азоб мекашам. Баъди як чансол почаам шикаст, бо 8 моҳи дигар дар гипс баьд поям каме соз шуду хонадор шудам. Духтарчаам шуданда даводави картада пеши як духтур равон карданд, якта духтараки ёшак буд саволу ҷавоб кард гуфтам ман табобат кардам бе натиҷа гуфт, о шумо лелепутен чи табобат мекунед, шавҳарат чи хелияй гуфтам созай гуфт чих ел дида гирифтагийен гуфтам ҳо , ханда кард .Саволхои масхараомезаш мара нафасгир кард. Хамин хел дхтарчаам таваллуд ,хона омадам, дастонам кор намекард ,руз то руз дигар ягон чида дастам қуват намекард бо шикаста банд бурданма ,ҳарду дастма шикастай гуфт семоҳи дига дастома гипс карданд. Баьд якта сурогаи табибро доданд, рафтам бо ренгин карданду ҳамӯ духтур гуфт апа шумо касали остияпароз доред, гуфтам чи аст ин ,гуфт устугон пук мешавад, ба ҳамихел ҳолатҳо мешавад. Чи кор кунам гуфтам? табобат гуфтан личени навистан гуфтан ҳар 6 моҳ пас личени гиред, сихат мешавед, фақат ҳамиқа роҳ доред. Аз бепули наметавонам табобат намоям. Мумкин шумо фикр кунед,ки шавҳараш кучо бошад, шавҳарам ҳаст бовар кунед, ҳамин табобатхои дхтарчаамро ба зӯр мекунад, 7 моҳ мешавад ,ки табобати ҳамин кӯдакро накардааст. Надорам пул мегуяд,ягон суме мепартояд намерасад то ин карат рой карданаш бо қарздор мешавам. Хонаи падар хастам,ино хам умуман шароит надоранд. Аз ҳарду почахоям устуғон камтараки баромадааст,як моҳ зиё шуд,ки роҳгардиам мушкил шуда истодааст. Рости ба чанд нафар блогеро навиштам, бе натиҷа, шояд надиданд , ман аз касе хафа нестам,шикоятам надорам ,ҳамааш дар насиб будааст. Аз роҳгардиям мондам, ай ҳисоби ҳамин остияпароз дандоном яку якбора шикастанд. Руз то руз аҳволам бад шуда истодааст. Барои хамин мурочиат дорам, шояд як ёрдам шавад дар зиндагии ман аз бародарони хайрхох. Агар кӯмак карда тавонед дуогуй хастам. Агар натавонед илтимос гапхои пасту баланд нанависед.Зурам омад,ки мурочиат дорам. Фақат дар ҳақки ману духтарчаам дуогу бошед. Раками телефонам 176178487 хамин аст,касе бовар накунад омада аз пеш ахволи маро бубинад. Раками 176178487 бо кории Душанбе-Сити пайваст аст.Тавонед ёрдам кунед.Агар не,хар гап нанависед. Бо эхтироми зиед Ҷалолова Фирӯза. 176178487 раками корт Душанбе Сити.
    14 комментариев
    19 классов
    Файзимаҳмад Файзиев Бародар,супермодератори гурухи мо зодруз муборак бошад. Садсола шавед. Саратон дардро набинад ако. Зодруз муборак бошад
    29 комментариев
    9 классов
    Хеш Кисми 4. Муалиф Имрон. Ними шаб шудасту мо то хол дар майдончаи назди хавлиги ба бозии футбол машгулем, хар чан ба амакам гуям поям дар манд шуд дигар наметавонам бозиро идома дихам, амакам бошад ба суи ман дод зада мегуфт то субх бози мекунем. Харчанд амакам касдан бачои туп пои манро занадхам сирро бой надодам лек аз дард доштам мемурдам, бояд субх ба кор бароем лек инро амакам намефахмад. Баьд аз чан дакикаи бозиамон шахси сеюмамон гуфт бас мекунем бозиро то ки пагох дар хоб намонем, пас аз бози ба хона омадем лек амакам бо ман дагалона рафтор карданро идома медод, баьдан дусти амакам ба амакам гуфт вакте шароб нушида наметавони шароб мануш, ба чиянат кордор машав у хам одам хаст дар гариби хаст дигар озораш мадех пойи уро имруз дар футбол маьюб карди ин корат хуб набуд гуфт ба амакам. Ман бо ин пои дардмандам натавонистам хоб кунам шабро бо бедори гузаронидам, дар одами дардман як шаб мисли мох мегузаштаст. Субх шуд ба кавле чой хурдем баьд аз хуроки субх ба кор баромадем баьд аз кор хангоми баргаштан амакам манро гуфт рав аз магоза нушидании масткунанда биер, дар дилам гам буд агар амакам бо занхои рус шароб хурад боз ман им шабро мисли шаби пешина дар берун мегузаронам, шаробро овардам алакай занхои рус дар хона буда бо амакам масти ханда доштан. Нушиданиро ба амакам додам амакам гуфт рав ягончи паз мо гушанаем, хоб гуфта аз паси хурок пухтан шудам лек садои амакам пас аз нушидани Шароб баланд баланд садо медод, тарс доштам ки холо пешам ояду манро аз хона пеш кунад. Ва чунин хам шуд амакам омад гуфт ба берун рав то ки ба мо халал нарасони. Хоб гуфтаму ними шаби аз хона берун шуда боз назди сохил ( Дарё ) рафтам, чи илоч гайри сохил дигар чойе барои рафтан надорам. Дуюм шаб буд ки ман дар назди дарё мегузарондам. Хангоми назди дарё рафтан ором мешудам садои ов садои дигар хашаротхо ва шамоли насимаш маро ором мекард, дар зерам колинча партофта ба ситорахои осумон менигаристам ва 7 ситораро медидам ёдам хаст такрибан мохи Август соьатхои 2 ё 3 шаб буд 7 ситораро дар як кунчи осумон медидам ба ситорахо назар карда хобам мебурд субх бошад аз гарми офтоб мехестам. Субх хангоми ба хона омадан дар рох як чавони хамсоли худам манро фарёд кард, ба наздаш рафтам номамро пурсид номамро гуфтам баьдан худашро муарифи карда аз точикистон буданашро гуфта ба ман савол доданро идома дода гуфт чан руз аст ки мебинам субхгохон аз дазди сохил меойед. Ман гуфтам хеч гап нест худам ба тамошои даре меравам. Боз гуфт инчо бо ки хасти ва ба назди ки омадагиед ? Гуфтам ба назди амакам номашро гирифтам, ин чавон амакамро мешнохтаст. Ба ман гуфт амакат онкадар одами хуб нест, худам медонам гуфтам боз рохамро идома додани шудам ки он писар боз маро ба назди худаш хонд ба наздаш рафтам, ба ман гуфт агар кор даркорат бошад дар назди мо кор хаст бе малол кор мекуни, ман гуфтам холо чизе гуфта наметавонам худам хохони онам ки аз назди амакам харчи зудтар равам аммо намедонам чи гуна равам, яке якбора рафта наметавонам мунтазири фурсати муносиб хастаму гуфта рохамро идома дода ба назди амакам омадам.. Идома дорад
    9 комментариев
    17 классов
    Муяссарахон Махмудова Мо ҳардуямо ба якдигар мос… Худди тарбузу нон боин… Худди массию калӯш боин… Худди остинчаю танӯр боин.. Худди дегу кафгир боин.. Худди қулфу калит боин.. Худди навоту чой боин.. Дар мо камбудиҳо бисьёр… Ҳам дар ту.. Ҳам дар ман… Лекин мо қуруту шакароб боин 😂😂 Бе якдигаримо наметоним.. Бошим ҷанг мекуним- набошим худди як чизамо гум боин.. Бошим ароз мекуним- набошим…Чува телефон накадосиян?… гуфта хавотир мешим… Якта маслихат тид!… мегӯиму … Ҳа хамина худамам медонам …!.. гуфта қайсари мекуним… Хаминба ӯзбекҳовам якта мақол хаст… Ӯхшатмаса учратмайди… Монанди дорем… барои ҳамин ҳам мо вохурдем 😂 умрамоя бо ҳам пайвастим.. зану шӯй шудим.. Ҳар ким чуфти ҳалолаш кати қӯша қаримиш кунад!!
    2 комментария
    15 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё