Бино ба иттилоияи нашршуда, шаҳрванд Ҳалимова Донагул, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе “аз содагиву зудбоварии шаҳрвандон истифода намуда, бо ваъдаи фолбиниву ҷодугарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ гарм намудани муносибатҳои занону мардон, маблағҳои калони пулӣ ва ҷавоҳироти гаронарзиши занҳоро гирифта, аз они худ мекардааст”. Аз ҷумла Ҳалимова Донагул ба он муттаҳам мешавад, ки “аз як ҷавонзани сокини пойтахт барои шавҳарашро бо ӯ дилгарм намудан миқдори зиёди ҷавоҳироти нуқрагину тиллогин, ки арзиши умумиашон беш аз 30 ҳазор долларро ташкил медиҳанд, гирифта, дигар бозпас надодааст”.
Ҳалимова Донагул дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун ҷаримаи ҳангуфт ё то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
Иқа сума барои шуй худш додаги нест барои шуй мардм додаги ҳаст шуй якаса ай худ кунем гуфта ай баҳри ҳама чизшон мегзаран ҳатто ҳарду дунёшона месузонан барои серуза хушбахтишон.
Шуй худта ба я табасумам дилша миёви.