ХАМСАФАР
( кисса) кисми хотимави
Носир аз хоб хеста, маро дар хучрааш хамрохи Садафмох дида наздам омад
- Ту додар, шаб кучо буди?- ба чехраи аз хоб сершудаи у нигариста гуфтам.
- Бригадири сехамон рузи мавлуд дошт, мо хамкоронро шаб даъват карда буд.
- Шаб як дахон занг зада, оилаатро хабардор мекарди, намешуд, инхо ташвиш шуданд,- насихатомез гуфтам Носирро.
Янгаам дасторхон ороста, шавхарашро таклиф кард, ки ба сари дасторхон биёяд.
Баъди субхона ба чои кори Носир рафтем.Додарам хамаи хуччатхои Садафмохро гирифта, аз мошин фуромада, ба назди рохбари корхона рафт.Ману Садафмох дохили мошин нишаста, мунтазир будем, ки чи гап мешавад?
- Ако, барои ин кадар хизматхои хубатон намедонам ба Шумо чи навъ миннатдори кунам,- ба ман нигариста гуфт духтар.
- Дар ин мулки гариби дасти хамватанро гирифтану ба у кумак кардан савоб аст,- табассумомез гуфтам ба Садафмох
- Агар ман ба кор кабул шавам, харгиз некихои Шуморо фаромуш намекунам.
- Садафмох, росташро гуи, холаату язнаат мехостанд туро хонадор кунанд, аммо ту чаро инро нахости?
- Маълум, ки холаам хамаи гапро ба Шумо гуфтааст, дар хакикат онхо хамин хел ният доштанд. Аммо он марди узбек, ки ба ман максади оила барпо кардан дошт, дар синну сол аз ман як баробар калонсол ва оиладор буд.Маро мехост зани дуюми хеш кунад, аммо ман нахостам.
- Сабаби фирор карданат аз хонаи хола низ хамин буд?
- Бале!
Машгули сухбати ру ба ру будем, ки Носир омад.
- Хуш додар гап зан,Садафмохро ба кор гирифтан ё не?- пурсидам аз Носир
- Имруз чумъа, то рузи Душанбе мо бояд тамоми хуччатхои хохарро тайёр карда, ба шуъбаи кадрхои корхонаамон бурда супорем,- гуфт Носир.
- Масъалаи чои хобашро низ хал кардам, хамрохи духтарони мухочири узбеку киргиз дар хобгохи фабрика зиндаги мекунад,- дар идомаи суханаш илова кард Носир.
- Додар, ман шояд фардо одам гирифта ба Ватан баргардам, ту хамаи хуччатхои хохари азизро тайёр карда рузи Душанбе хамрохи Садафмох ба корхонаат биёр, он тарафаш хал аст,- таъкид кардам ба Носир.
- Шумо ако Точикистон одам гирифта баред, боз каи меоед?-:пурсид Садафмох
- Щояд ягон ду хафта баъд, барои чи?
-Хеч, хамин тавр пурсидам,- шармгинона посух дод у
- Насиб бошад боз хабаргирият меоям,- инро гуфта мошинро ба харакат дароварда, ба хонаи додарам омадем.Аз баин ду руз гузашт.
Дар баини куххои Аини хамрохи мусофирон ба Ватан омада истода будем, ки Носир занг зад ва мужда расонд, ки Садафмох ба кори фабрика кабул шудааст.
Аз ин хабар ман низ хурсанд шудам.
Садафмох ду сол дар фабрика кор карда яке аз коргарони пешкадам гардид.Хар вакте ба Россия меомадам, хатман уро хабар мегирифтам.Ин духтар харчанд ки дар оиладори бахт надид, аммо дар зиндаги бо шарофати мехнати халол, муомилаи хуб, сабри устувор ба муроду максадаш расид.
Муаллиф Рачабали Файзуллоев.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 15
Марди набувад фитодаро пой задан
Гар дасти фитодае бигири марди
Муаллиф ҷои бо садафмоҳ хонадор шуданша қайчи кард чии
Қиссаҳои шуморо интизорем.