Насими Рахим Вақте зан мемирад мард тез зани дигар мегирад. Вақте мард мемирад зан дер шавҳар мекунад ё шавҳар намекунад. Дидед меҳру вафои зана?
    31 комментарий
    25 классов
    Мардум агар духтари Каме маъюби дошта бо марди солим оиладор шавад оянда аз тарафи шавхар ва хешовандонаш таъна мешунавад? Ё бояд хадман бо чавони мисли худаш маюъб оиладор шавад ? Як нафар духтараки хешамон хело духтари боодоб лекин дудила Барои оиладор шудан Барои хамин тавсияхои хуби шуморо интизорем Ойиша Саидова
    10 комментариев
    11 классов
    Қаллобӣ дар самти ташкили бозиҳои бурднок Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мардумфиребии шаҳрванд Назирзода Зафар Абдуфатоҳ соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшанро ошкор ва нисбаташ бо дастрасии талаботи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд. Номбурда бо номи «ZAFARSHOW» дар шабакаи интернетӣ саҳифаи тарғиботии бозиҳои бурднок кушода давоми соли 2024 бо гузоштани гӯё туҳфаҳои пулӣ ва шоҳҷоиза - воситаҳои нақлиёти гуногунтамға ба тақаллубкорӣ роҳ медиҳад. Шаҳрвандон ба шафофияти бозии бурднок бовар карда чипта харидорӣ карда бошанд ҳам, номбурда бозии пешбинишударо нагузаронида маблағҳои аз фурӯши чипта тавассути ҳамёни электронӣ ба даст овардаашро ба манфиатӣ шахсӣ сарф намудааст. Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ милитсия муайян намуд, ки гумонбаршуда Назирзода З., бо мақсади дар бозиҳои бурдноки ташкил намудааш гузоштани воситаҳои нақлиёт, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада воситаҳои нақлиётро тариқи насия ба даст оварда минбаъд маблағи мувофиқашударо қисман ё умуман пардохт накардааст. Ё ин кӣ, лавҳаи видеоии воситаҳои нақлиёти гаронарзишро дар саҳифааш ҷойгир карда бо ин васила диққати шаҳрвандони ба бозиҳои бурднок майл доштаро ҷалб карда чипта фурӯхтааст. Илова бар ин, ҳамчун қарз гирифтани маблағҳои калони пулӣ аз ҷониби гумонбаршуда низ ҷой дорад. Нафарони аз кирдорҳои Назирзода Зафар Абдуфатоҳ зарардида метавонад тавассути телефонҳои боварӣ (84322) 6 22 22; (92) 849 11 11; (93) 333 31 26 занг зананд ё ба мақомоти милитсияи маҳалли зисти худ хабар диҳанд. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.
    10 комментариев
    12 классов
    Ассалому алейкум аьзоени гурух. Номам махфи. Аз ҳаёти худам қиссаи воқеӣ дар яке аз ноҳияи вилояти Суғд ноҳияи Деваштич рух додааст... Ман ҳамеша аз пайи амали кардани орзуи худ будам. Хулосатан баъди хатми мактаби миёна соли 2021 ман сазовори номи донишҷӯ дар яке аз донишгоҳи олӣ дар пойтахти кишвар гаштам. Хондан бароям орзу буду ин орзуям амали гашт аммо намедонам дар охир як нафар меояду ҳамаи онро барбод месозад. Ҳоло курси 4 будам,ки тамоми орзуям барбод рафт. Ман санаи 18.01.2025 ба шавҳар баромадам.Пас аз базми хонадоршавӣ маро ба хонаи домод дароварданд. Худи ҳамон шаб, тахминан соатҳои 21.30 байни гуем ки висол буд . . Ман дардмандиро ҳис кардам лекин хун набаромад бори сеюм тахминан соатҳои 23.30 байнамон алоқаи ҷинсӣ шуд дардмандиро ҳис кардам лекин хунравӣ мушоҳида нашуд. Бинобар ҳамон шавҳарам ба бокира будани ман шубҳа карда аз ман пурсид ки пештар бо ягон кас алоқаи ҷинсӣ шудааст ё не пас чаро хун набаромад. Ман ба ӯ фаҳмонидам ки аслан ман бо ягон кас то ҳамин рӯз алоқаи ҷинсӣ накардаам, худамро духтари бокира меҳисобам. Сабаби ин ҳолатро ман намедонам. Сипас шавҳарам зани бародараш ва модарашро даъват намуда ҳолати корро фаҳмонид ва пас аз сӯҳбатҳо худаш аз хона баромада рафт. Тақрибан соатҳои 02:30 шаб амакам ва ҳамсари он касро бинобар наздик будан (барои ки ҷойе ки ман шавҳар кардам аз хонаамон тақрибан 2 соата роҳ дорад) даъват карданд. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки қаблан бо ягон кас муносибатҳои маҳрамона надоштам, алоқаи ҷинсӣ накардаам. Ҳамин тавр шаб рӯз шуду давоми рӯз байни мо ва хешутабори шавҳарам баҳсҳо давом дод ва ба хулоса омаданд ки ман бояд ба хона равам. Масъалаи гузаштани экспертиза гузошта шуд лекин аз тарафи хешовандони шавҳарам ва хешовандони ман ин масъала гузаронида нашуд. Бинобар сабаби донишҷӯ буданам дар донишгоҳи олии кишвар ба ман тавсия доданд, ки рафта таҳсиламро давом диҳам. Дар ҳамин марҳилаҳо ки ман дар хонаи шавҳарам қарор доштам маро рӯҳан бисёр азоб дода талаб намуданд, ки забонхат оиди бо хоҳиши худам аз хонаашон баромада рафтан нависам ва дар ниҳоят ман дигар тоқат накарда забонхат навишта додам. Ҳамин тавр ман рузи дигар санаи 20.01.2025 ба пойтахт барои давом додани таҳсил рафтам. Баъдтар фаҳмидам, ки хонаводаи шавҳарам аз волидайнам бе асос маблағи пули дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ талаб карда гирфтааст.( Худи ҳамон шаб гуфтаанд ки агар дар мобайни як соат пулро наоред духтаратонро шарманда мекунем). Аз ин ҳолатҳои ба миён омада ба хулоса омадам, ки аз ташхис гузашта ҳақ будани худамро исбот намоям. Ба ҳамин мақсад дар Душанбе ба духтури амрози занона муроҷиат кардам ва онҳо фаҳмониданд, ки муайянкунии пардаи бокирагӣ аз тарафи экспертони тиббӣ- судӣ муайян карда мешавад. Ман ба маркази тиббӣ судӣ Қарияи боло муроҷиат кардам. Онҳо ба ман тавсия додаанд, ки сараввал аз маҳалли зист гузарам. Ҳамин тавр худи ҳамон рӯз ман боз пас ба шаҳри Хуҷанд омада барои муайянкунии вазъи пардаи бокирагиам муроҷиат намудам. Дар онҷо онҳо фаҳмониданд ки як нафар аз тарафи домодшаванда бояд иштирок кунад ман ба онҳо фаҳмонидам ки ба ман лозим нест ман барои фаҳмидани саломатии худам омадаам. Онҳо гуфтанд, ки агар онҳо наоянд мо шуморо эксперт намекунем. Хулоса аз он тараф домод бо падар ва амакаш омаданд аммо рӯ ба рӯ нашуданд. Баъди экспертиза кардан хулоса бутуни пардаи бокирагиам вайрон нашудааст. Айб дар ман неву да бача будааст. Ӯ 7 сол дар Москва будаасту дар ҳамонҷо худашро ҷарроҳи кардааст. Ба ӯ мумкин набудааст ва қувваташ нарасида будааст. Онҳо гуфтанд ки духтар бо писар туғри намегирад ва зиндаги кардан наметавонанд.Дар ҳамон шаб ба ман чой дода будаанд вай чой намедонам дар дохилаш чи дошт ҳатто гарму хунук ё сиёҳ ё кабуд будани чой дар ёд надорам чун дар дохилаш чизе дошт намедонам ман карахт шуда будам. Баъди ҳамон онҳо мехостаанд ки айби бачаро ба ман бор карда айби ӯро пушонданӣ будаанд. Ҳатто худи ҳамон шаб ба ман оби хӯрдани ҳам надода буданд.Баъдан дар зиндагӣ ҳаминчиро фаҳмидам ки ҳамавақт айби духтар нест бояд бача ҳам аз назорати тиббӣ гузаронида шавад.Дигар дилмондаи одамону дунё шудаам. Ба гуфтаи калонсолон дилам аз санги сой ҳам хунук шудааст.Ба ҳама чи шукри беандоза чун ҳамаи аҳли деҳа ба ман бовар доранд чунки ман духтари гандаву бероҳа нестам. Аз ин саргузашти шуда ҳатто ягон нафар бовар накарданд чун медонистанд ки дар деҳа номи ман бад нашуда буд ё дар вақти хонданам номи маро нагирифта будаанд.Танҳо ҳаминро гуфтани ҳастам ки чаро духтароне ки бо чанд нафар барои ишрати худ бо мардони бегона мегарданд аммо як духтаре ки аз деҳот баромадаасту барои сохтани орзуҳои ширин ба шаҳр меояд ҳама санги маломат мезанандЛекин ман ба худ боварии дорам иродаи қавӣ дорам агар дар ман чунин иродаҳо намебуд ман намерафтам аз пойтахти кишвар ба шаҳри Хуҷанд чун ин тӯҳмати ноҳақ ва захми дили манро ман худ ва худои меҳрубон мефаҳмадЧун аз тамоми волидайни азиз хоҳиш мекунам ки пеш аз шавҳар додан бо писар онҳоро рӯ ба рӯ созанд то аз якдигар бохабар бошанд. Чун ман бо розигии падару модар ба шавҳар баромадам аммо ман ягон нафари онҳоро хуб намешинохтам бо шавҳаршавандаам танҳо тариқи телефони мобилӣ сӯҳбат мекардам. Ҳамаги ӯро 2 рӯз пеш аз туй барои харидани либос ба бозор бо волидайнамон рафтем дар ҳамонҷо дида будам. Агар дар зиндаги дар ягон ҳолат мард нафаҳмад ҳадди ақал хуштомане ки рузгордида аст бояд фаҳмад. Хуштоманам танҳо як сухан мегуфт чи гапе ки мардони ин хона гап зананд ҳамун гап мешавад мо ҳуқуқи гап задан надорем. Агар онҳо хушбахтии фарзанди худро мехостанд на тӯҳмат мекарданд на хушбахтии фарзандашонро ба пул савдо намекарданд. Ҳама гуфтанд ки оё боз нияти зиндаги кардан дори? Гуфтам агар баъди се руз худи ҳамон рӯзи экспертиза аз Хуҷанд мебурданд ман мерафтам зиндагиро давом медодам аммо баъди 10 руз гузаштан омадаанд лекин дигар илоҷ набуд чун хушбахтие ки дар болояш пул гузошта шудааст дер давом намекунад.Ҳамаги 22 сола ҳастам лекин дарди 220 сола дорам. Чун духтари деҳот ки будам аввал дар зиндагӣ азоб кашидаам. Чун зиндагиямон миёнаҳол мегузашт. Мехостам хушбахтарин зани дунё бошам чун баъди ин қадар азобҳо танҳо аз паи сохтани орзуи зиндагии хуб будам аммо ҳамаи орзуҳоям таги хок шуданду ҳамааш барбод рафт..... #анонимно.
    32 комментария
    32 класса
    ХУБОН Қисми 13. Дар телевизор филмеро намоиш медоданд, ба назар чунин мерасид, ки вайро ман борҳо тамошо кардаам. Ҳодисаҳои минбаъдаи филмро аллакай медонам. Тамошои филм он гоҳ шавқовар мешавад, ки бори аввал бинӣ ва ояндаашро нигарон бошӣ. Телевизор расо сесаду бист шабака дошт, вале маро танҳо се-чор шабака писанд буд. Аз бисёрии тарғиботу реклама дилгир мешудам. Маҳсулоти хуб ба реклама ниёз надорад, ҳарчанд тасдиқ мекунанд, ки реклама - муҳаррики тиҷорат аст. Масалан, боре надидаам, ки маҳсулоти коргоҳи моро дар ҷое тарғиб карда бошанд. Беихтиёр яке аз тугмаҳои идораи фосилавии дар дастам бударо пахш кардам. Дар ахбори криминалӣ аз боздошт гаштани яке аз ҷосусоне мегуфтанд, ки маълумотро ба хориҷа ирсол кардааст. Албатта дар ин кор саҳми Олег баринҳо назаррас аст. Мукотиба ва мавзеъи онро муайян мекунанд, шифрҳоро мекушоянд, баробари ҷинояткор дастгоҳи муошираташро меомӯзанд. Симои ҷинояткорро намоиш намедоданд, аммо ман тавонистам сурати ӯро муайян созам. Аз чӣ сабаб бошад, ки ба ҷинояткор будани ин мард шубҳа доштам. Ӯ як корманди оддист, дар бораи бисёр моддаҳое, ки ӯро алҳол гунаҳкор медонанд, хабар надорад. Надонистани қонун ҷазоро сабук намесозад, аммо ӯ ба ҷурме худро гунаҳкор медонад ва бовар дорад, ки маҳз барои ҳамон гуноҳаш айб эълон кардаанд. Ҷурмаш чист? Ҳамкорӣ! Ҳамкорӣ бо кӣ? Бо ду ҷониб. Аммо ӯро як ҷониб гунаҳкор медонад - оне, ки сирраш ошкор гаштааст. Он чӣ сир аст? Маълумот дар бораи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бояд бошад, ки генералеро огоҳ кардааст. Ӯ сирри ҳарбиро фош накардааст, сиёсати берунаоо ошкор накардааст, тиҷоратеро халалдор нагаштааст. Аммо чаро ӯро дастгир кардаанд, генерал ё онеро, ки маълумотҳоро ба мард пешкаш кардааст-не? Дар ҳама ҷо калтакро ятим мехурад... Дар пеш ду рӯзи истироҳат дорем. Мувофиқи нақша бояд чархҳоро ба зимистона иваз кунам... - Дар кӯча эҳтиёт шав, - хотиррасон кард падарам пас аз наҳорӣ, - шаб ҳаво хеле сард шуд, барфҳои обшуда баргашта ях бастанд. - Шаб хеле дер омадед? - пурсидам ман, - мунтазир будам, ки шаҳодатномаро нишон диҳам. - Дина ҳамроҳи Володя дар прокуратура будем. Яке аз мизоҷонамон шиква кардааст. Ту низ эҳтиёт шав, ки касе аз ту шикоят накунад. Рӯзҳои наздик клиникаро тафтиш мекунанд. - Дар клиникаи шахсӣ чӣ камбудӣ шуданаш мумкин? - Ҳуҷҷатгузориҳои мо ҳамчун косметология тасдиқ шудаанд, дар асл мисли клиника фаъолият мебарем. Ҳарчанд косметология як шохаи тиб аст ва мо метавонем ҳар гуна амалиётҳоро анҷом диҳем, прокуратура моро шунидан намехоҳад. Рӯйхати тамоми кормандонро бо маълумоташон ва рӯйхати хизматрасониҳое, ки вазорати тандурустӣ иҷозат додааст, талаб дорад. - Дар ҷомеаи шумо ҳастанд шахсони тасодуфӣ ё онҳое, ки маълумоти тиббӣ надоранд? - Фаррошон ва кормандони ошхона. - Мавзӯь ва мундариҷаи шикоят чист ва ба ҳайати кормандон чӣ алоқамандӣ дорад? Муроҷиаткарда мизоҷ номида мешавад ё пациент? - Дар мо - мизоҷ. Шикояткарда дар як моҳ мехоҳад худро ҷавон кунад, вале ин умуман имкон надорад. Мо амалиётҳои ҷарроҳии пластикӣ надорем, танҳо истеъмоли витаминҳо ва риоя кардани талаботҳо. Ин зан аз мо витаминҳоро харидорӣ кард, аммо тарзи ҳаёти солимро иҷро намекунад, бисёр менӯшад. - Нӯшиданашро донед, чаро қабул кардед? - Ваъда дода буд, ки дигар наменӯшад. Чанд маротиба омад, супоридани хунашро барои ташхис рад карда буд. Мо наметавонем ӯро маҷбур карда... Ин дам аз ҳуҷраи Робия Хубон баромаду оҳиста наздамон омад. - Шуморо як дақиқа мумкин? - гуфт бо овози ларзон. - Тинҷист? - пурсид падарам. - Иҷозат диҳед, ба волидонам занг занем, - гуфт Робия. Бархоста ба ҳуҷраи худ гузаштем. - То ин дам иҷозат намепурсидем-ку? - Ман низ дар ҳайрат шудам ва дарк кардам, ки нохушие сар задааст. - Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки бародарам фавтидааст, - овози Хубон ҳамоно меларзид. Ӯ мехост, то ман ба волидонаш занг занам. Телефони Хубонро гирифта ба модараш занг задам. Модарарӯсам оромона ҳарф мезад. Хубон худро каме ором карда гӯшакро ба даст гирифт. - Хуррам дар куҷост? Аҳволаш хуб аст? - дарҳол пурсид Хубон. - Ҳанӯз барнагаштааст, шабгардӣ мекунад... Ҳар шаб аҳволаш ҳамин. - Хоб дидам, ки дар дарёча оббозӣ дорад. Метавонед соҳилашро хабар гирифта, пас аз ним соат боз занг мезанам, телефонро ҳамроҳатон гиред. Аз чашмони шаҳлои Хубон ҳалқаи ашк чакид. - Ту гуфтӣ, ки... То занг назанӣ наметавонӣ аз аҳволашон огоҳ шуда. - Ман волидонамро гуфтам. - Ғам нахӯр, ҳамааш бо хушӣ меанҷомад, - гуфтам Хубонро таскин дода, ҳарчанд худ низ медонистам, ки аллакай фалокат сар задааст. - Анҷом ёфт, умри кӯтоҳаш бесамар анҷом ёфт... Ман ӯро хоб надидам... - Медонам. - Бояд ба Тоҷикистон, ба маросими дафни Хуррам равам. Метавонед чипта дастрас карда, пул доред? Аз пул доштанам Хубон огоҳ буд ва медонист, ки он барои иваз кардани чархҳои зимистона пешбинӣ гаштааст. - Чархҳоро дертар иваз мекунем, - гуфт Хубон. Намехостам ӯро танҳо ба Тоҷикистон гуселонам, барои ҳамроҳаш рафтан шиносномаи хориҷӣ надоштам. - Агар пешомадро медонистем, барвақт шиноснома мегирифтем, - гуфт Хубон. - Як шабам бе ту бо ранҷ гузашт, чанд муддат идома мекунад маросими дафн? - Дар як ҳафта бармегардам. - Волидонатро ҳамроҳ гир. - Фасли баҳор, насиб гардонида бошад. Мо маросими "чил" дорем. - Бо падарам маслиҳат кунам, - гуфта аз ҳуҷра баромадам. Падарам ҳанӯз дар ошхона менишаст, модарам ҳамроҳаш. - Хуррам мурдагӣ барин, - гуфтам дар курсӣ нишаста, - Хубон мехоҳад ба маросими дафни бародараш равад. - Аз даҳонат шамол барад, - гуфт модарам, - чӣ тавр мурдагӣ барин? Хабараш расид? - Нарасидаасту... Лекин аниқ мурдааст. Мехоҳад таъҷилан равад. - Қудо гуфт? - пурсид падарам. - Қудо ҳоло хабар надорад, дигарон гуфтанд. Модарам бархосту ба ҳуҷраи мо - назди Хубон даромад. - Ба як самт пул дорам, - гуфтам ба падарам, - барои баргаштанаш не. - Танҳо наравад, модаратро ҳамроҳаш мегуселонем. Пул дорам. - Чанд рӯз мешавад маросим? - Се рӯз бо рӯзи дафн. - Чиптаро ҷустуҷӯ кунам? - Дар корти бонкӣ пул дорӣ? Аз ман нақд, ба банкомат рафтан лозим меояд. Беҳтараш рост ба фурудгоҳ меравем. Дар мо русҳо барин ҷасадро зиёд нигоҳ намедоранд. - Хайрият... - Чӣ хайрият? - Хубон дер намеистад. Ҳарду баробар аз ҷо бархестем, падарам модарамро аз ҳуҷраам берун хонд ва ман назди Хубон рафтам. - Модарам ҳамроҳат меравад. - Шунидам. - Занг назадӣ? - Дар назди модарам "Хуррам мурд?" - гуфта пурсам? Телефонро гирифта боз рақами модарашро чидам. - Худи Хубон канӣ? - пурсид модараш. Гӯшакро дар дасташ додам. - Одама хавотир кардӣ, нест акат, касе надидааст, - гуфт модараш. - Мо имрӯз меравем, - гуфт Хубон, - ману модарам. Хайр, як хоб дидагистам... - Кӯшиш кун, ки тезтар баргардӣ, - хостам Хубонро пеш аз гусел як маротиба ба оғӯш гирам, аммо ӯ аз ман дур шуд. Медонистам, ки фурсати оғӯшкашиҳо нест, дар дили Хубон чизе намеғунҷад. Вақт маҳдуд буд, ҳар дақиқаву сония ғанимат. Хубону модарам аввал ба Маскав бояд мерафтанд. - Ҳамроҳамон то Воронеж меравед? Чиро мунтазир нишастед? Либоси тоза ва гармамро ба бар карда ба долон баромадам, падару модарам аллакай омода. Модарам дари ҳуҷраи Робияро нимво карда: - Робия, хез духтарам, мо ба сафар мебароем, - гуфт. Робияву Хубон то нисфишаб сӯҳбат доштанд, бинобар рӯзи истироҳат буданаш бемалол мехобид. Ҳар дафъа аз Маскав меомад, одат дошт, то нисфи рӯз мехобид. - Сафари куҷо? - дар ҳайрат шуда Робия берун баромад. - Бибиатро хабаргирӣ меравем, - гуфт модарам. - Ман бибӣ дорам? - дар ҳайрат шудам ман. - Дорӣ. Аз бибӣ доштанам ман нав огоҳ шудам, аммо фурсати суолу ҷавоб набуд. Аввал модарам, сипас Хубон бо Робия оғӯшкушоӣ карданд ва Робияро танҳо гузошта ба кӯча баромадем. Такси дар берун мунтазир меистод, чор нафар ҷо гирифта ба Воронеж расидем ва модару Хубонро аз вокзали роҳи оҳан ба қатораи босуръати "Ласточка" савор карда гуселонидем. - Дидӣ, корҳое, ки дар нақша надоштем, пеш омаданд, - гуфт падарам. - Чаро бибӣ доштанамро имрӯз фаҳмидам? - пурсидам аз падарам. - Бибии ту ҳамсоли модарат. Ӯро бибӣ номидан ҳам нодуруст. - Чӣ хел ҳамсоли модарам? - Бобоят пас аз марги бибии ҳақиқият зани ҷавон гирифт ва моро фаромӯш кард. "Бибӣ" пас аз марги бобоят ҳавлиро пурра соҳиб шуд, боз чӣ хел маълумот лозим? Алҳол дар ҳавлии мо тамоман одамони бегона зиндагӣ доранд, ки онҳоро ҳатто намешиносам. Сабаби аслии ба ватан нарафтани волидонамро нав дарк намудам ва аз додани саволҳои иловагӣ худдорӣ кардам. Фикри ман бо Хубон буд. Ба Маскав пас аз ҳафт соат мерасанд, толеъ баландӣ кунад, бо рейси аввалин ба Тоҷикистон мепаранд. Кадом толеъ? Ӯ бародарашро аз даст додааст, ҳарчанд нашъамандӣ мекард ва волидонашро азият медод, бародараш буд. Савори автобус ба шаҳри худамон расидем, аз истгоҳ ҳамроҳ то назди мошин рафтем. - Ба фикрам имсол мошин намеронам, - гуфтам. - Барои чӣ? - пурсид падарам. - Пас аз як моҳ соли нав фаро мерасад. - То соли нав дигар маош намегирӣ? - Мегирам. Ҳар қадар пул дошта бошӣ, намерасад, ҳамааш сарф мешавад. - Дуруст, маошро барои сарф кардан мегирӣ. Рӯҳафтода нашав, шояд бар муфиди мо бошад, ки бо таҷрибаи надоштаат фасли сармо мошин намеронӣ. Бе хости Худованд ягон барг аз дарахт намеафтад. Робия барои нисфирӯз хӯрок омода кардааст, пас аз истеъмол ба ҳуҷраи худ гузаштам. Машғулияте надоштам, дар ҷойгаҳ ёзида аз Хубон андешидам. Ӯ ҳанӯз дар роҳ аст, аз бародараш меандешад... Хуррам кай лаби дарё рафт ва барои чӣ? Медонам, ки табиати Тоҷикистон аз мо нисбатан гармтар аст, аммо барои оббозӣ дар ин фасл мувофиқ нест. Ду ангушти ишорат дар чакка гузошта ҳодисаи бо Хуррам рухдодаро пеши назар овардан хостам. Ин ҳолат маро имкони бештар медод, ки асаб ахборотро аниқу мукаммал қабул кунад. Ҳодиса бегоҳ рух додааст. Хуррам пас аз қабули нашъа барои оббозӣ, сангҳои хурду бузургро гузашта поён меравад. Пас дарё дар нишебӣ ҷойгир гаштааст. Либосашро кашида рӯи санге мениҳад ва худро ба дарё меандозад. Сархуш, майна бегона ва карахт... бо сар ба санги зери об бармехӯрад ва тамом... Маҷро ниҳоят тез, ҷисми ӯро аз санге ба санги дигар зада поён мебарад, хеле поён... Ӯро то ҷустуҷӯ накунанд, намеёбанд. Айнан ҳамин ҳодисаро Хубон низ дидааст. Пас чаро либоси Хуррамро модараш наёфт? Боди лаби дарё вайро миёни ду санг партофтааст ва онро танҳо Хубон метавонад дарёфт кунад. Манзараҳое, ки Хубон васф мекард, пеши назар омаданд. Дар ҳақиқат зебо, кӯҳҳои сарбафалак, дарёи мусаффову ҷорӣ... (поёни қисми 13)
    1 комментарий
    11 классов
    Рохбар Зайнидинова Имрузхо ба рузхои рамазонию бахори рузхои кам мондааст,бинобар ин дар хавлихои мо низ кори тозакунию заминпобелкуни хело зиед аст ва мо харакат мекунем, ки ин корхои хочагиро худамон ба итмом расонем,вале баьзан кувваамон нарасида мемонад.. Бинобар ин ба хамшахриени азизам дархост мекардам,ки барои тоза кардани хонахою хавлихо аз хизмати бонуи озодакору ниезманд Мархабохон истифода барем,чунки ин модар сохиби фарзанди бемор буда,бештар ба тартибу тоза кардани манзилхои мардуми азизам машгул шуда хам риску рузии фарзандонаш ва инчунин дорупулии фарзанди беморашро меебад. Ману хохаронам доимо аз хизмати ин бону истифода мебарем,Мархабохон дар тозакунии оинахо хамто надорад ва якчанд дустони хайрхохаму корхонахо низ аз хизматхои Мархабохон истифода бурда,бо додани хакки хизмати он кас ба кори савоб хиссагузор шудаанд,ки аз дастгирии одамони саховатманд Мархабохон хело миннатдор аст. Фарзандашро асабшиноси номдори Исфарамарз Хочи Мухамедов,нихоят табиби саховатманду дастбахайр бенавбат кабул мекунанду нархи дорухои Чонибекчон хело киммат буда,ин бонуи мехнати бо анчом расонидани корхои тозагардонию дигар корхои хочаги зиндагиро пеш мебарад. Биеед,азизонам ба корхои зарурии манзиламон Мархабохонро даьват карда,бо додани хакки хизматаш боз сохиби савоб шавем. Телефон барои тамос бо Мархабохон 98-080-00-84,телефонро баьзан модари Мархабо мегиранд. Ба он дустону корхонахое,ки хохиши моро рад накарда,ба Мархабохон хам хакки хизмат доданду боз махсулотхои лозимаро харидори карда ба ин оила доданд,чахони сипос,шукри будани чунин шахсони дастбахайр!
    1 комментарий
    19 классов
    Таззоди зиндаги Ба мо менависанд. Ассаллом дустони азиз. Ному насабам Валиева Орзугул.Зодаи дехотам.Як бародар дорам.Мо ду хохаронем.Шавхари манам муаллим,шавхари хохарам мухочир мебошад. Бародарам то 1 сол пеш вазифадори калон буд. Хонахои бохашамат,хизматгорон,хар мох телефону мощин иваз мекард.Хамсараш янгаам умуман моро писанд намекард.Боре ба маьракаи туйи чиянам хамакаса рафтем кулчаву чапотиву ширинии зиёд пухта. Аммо дами дарвоза янгаам ба шавхари ман нигариста нописандона гуфт ;апа,ин язна чиба як либоси дуруст напушидааст.Шумо чаро аз орди дуюм сорт кулча пухта овардед? Нони заказной самарканди фармоиш додем. Ман ашк дар чашм ба шавхарам нигаристам.У асабхояш гирех заду ба ман гуфт,занак ман ба деха бармегардам,ту туйи бародарат аст ,шин,кудакхоро хам бозгашт мебарам Ин хангом янгаам ба чойи узрхохи гуфт:хо язна кудакхоро хам баред,туй чойи кудак нест. Бовар кунед,ашк дар чашмонам мехостам ки дод гуфта баромада равам,аммо мехри фарзанди падар маро аз рох боздошт. Бо азобе дар туй истодаму бародарамро бо мехр ба огуш кашида табрик кардам.У бегонавор гуфт:апа рахмат,чида дар пеши одамои калоншаванда худата кишлоки карда омади. -Акачон,худат хам аз рустои. Хуллас гапомон гурехту ман аз байни махфили туй баромада омадам ба хона.Кахр кардам аз акачонам. Акаи ширинам баьди ду хафтаи ин воқеа аз мансаб рафт,аз шиддати зикки фишори хун шуд. Ман бо писари калониам омада уро дар беморхона парастори кардем. Хохарам ки то ин вакт дар мухочират бо шавхараш буд,омад . Хуллас холо янгаам тамоман дигар шудааст. Сохтакорона мехрубон аст. Аммо фикр дорам ки хамаи ин рафтораш муаккати аст. Хеч намехохам бо у гап занам. Нуктаи назари шумо???
    12 комментариев
    23 класса
    Ба мо менависанд. Нома аз П.В. Ассаллому алайкум дустон.Бори аввал рози диламро менависам. Ман бо хохиши волидайн зан гирифтаам.Аммо рости гап уро эхтиром мекунам хамчун модари фарзандонам,аммо дуст намедорам,яьне он мухаббати хакикиро нисбаташ эхсос намекунам.Инсони нек аст. Дар мухочират ба зани хамватане ошик шудам,ошики хакики,никох кардам ва зиндаги дорем.Бисер дусташ медорам. Кушиш мекунам ки зани якуми дар ватан будаам ягон бемехриро эхсос накунад.У намедонад ки ман ин чо зан дорам. Зуд зуд ба ватан меравам то у танхоиро эхсос накунад. Ошики дуст доштан гунох нест,вале гоххо вичдонам азоб медихад,ки у намедонад зандориву мухаббати хакикии маро. Нуктаи назари шумо:бояд ба модари фарзандонам икрор бишавам ва ё хамин хел монад пинхони ? #анонимно.
    40 комментариев
    15 классов
    Ба мо менависанд. Нома аз Лола Ассаллому алайкум ба хама ин чо будагон. Киссаи зиндагии ман чунин аст;як вактхо духтари зиндагидуст,зебо орзупарвар будам. Мехостам духтур шавам.Аммо падарам маро хатто боре напурсида дар синни 18 солаги ба писари як раиси як корхона фотиха карда дере нагузашта туйи бодабдаба карда маро арус карда бурданд. Ман шахро пеш аз туй як бор дтдам.Ба назарам содахак менамуд. Баьди туй хис кардам ,ки домод содаву каме аклаш заиф будааст модарзод.Хушдоманам бисер инсони хуб буданд.Он кас шаби аввал ба ман икрор шуданд,ки домод каме аклаш норасо.У зори кард ,ки ин сир пинхон монад. -Духтарам,ба такдир тан дех,ман барот гушаораи бриллиант, тиллвори тухфа мекунам. Хамин тавр ман ороставу тиллопеч бо ин марди содаву камакл зиндагиро огоз кардам. Бовар кунед,ман ба ин марде ки хеле беозор аст,одат кардам.Мисли каюудак парасториаш мекардам. Зиндагии мо се сол идома дошт.Шабе шаахарам ба куча баромаду дигар барнагашт. Падару модараш,ман ,акахояш ба чустучуяш баромадем.Наефтемаш. Баьди 20 руз часадашро аз дарёи кофарнихон ёфтем. Дилам сахт сухт. Ман аз ин хона баромада ба хонаи волидайн омадам.Ба донишгохи тибби дохил шуда табиб шудам. Мардеро дуст доштам ва никох кардем. Мард дар русия солхои зиед зиндаги карда зани рус дошт,баьди вафоти у ба ватан омада маро издивоч кард. Холо сохиби ду писар хастем.Шукр ,хазор бор. Собик хушдоману хусурвм зуд зуд маро хвбар мегиранд.Мегуянд,ки бачаи мо камакл буд рахмати,аммо ту уро 3 сол хушбахт карди,барака еби. Хуллас хамин хел киссаи зиндаги. Одамизод пешомадашро намедонистааст.
    7 комментариев
    26 классов
    Нома аз Дилдора Ассаллому алайкум хохарам Шахло ва кулли ин чо будагон. Ман бо сабаби бадмастиаш аз шавхарам 5 сол шуд конуни чудо шудем,талок хам гирифтам.Як писару як духтар дорем.Харду оиладоранд. Ин шавхарам ба суд мурочиат карда худро дар хонаи ду хучрагиамон маскун кард. Инак 5 сол аст,ки дар як хона зиндаги мекунем.Хар руз чанг мешавем,боз писару духтарам намехоханд ки ман хонаро фурухта ними пулро ба у дихаму халос шавам. Онхо тарафдори падарашон хастанд. Ман бо як мард мехохам издивоч кунам.Акнун писарам бо ман чангу чанчол ки шу намекуни. Мегуяд ки агар шавхар куни маро фаромуш кун Хуллас як тараф собик хамсарам,як тараф писарам. Охир ман хам одамам мехохам барои худам зиндаги кунам?хушбахт бошам . Хайронам. Маслихати шумо зарур аст дустон.
    20 комментариев
    15 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё