Муаллиф ✍️ Шахлои Начмидди👉
😭Нозия аз бистари хобаш тарсида бедор шуду аз чой бархеста зери лаб дам ба дам гуфт:
-Астагфуруллох, худоё, худат нигахбон шав. Лолаи сиёх дар хоб таъбираш чи бошад-а? Чаро руйи кабри модарам шабехи худам духтареро дидам, ки таксими дукафон ба ман монанд аст? Худоё, дилам сиёх шуд.
Нозия баъди дасту руяшро шустан ба назди тиреза омаду гулхои тубакдонро об дод. Дар зиндаги баъд аз модараш хамин гулхо хамрозу хамдами рузхои танхоиаш буданд. Ана инаш мехчагул аст, дигараш гули шабу руз, савумаш лолаи кухи. Аммо чаро лолаи сиёхро дар хоб дид. Нозия гулхоро об доду худ ба Фарид занг зад. Фарид гуширо хеле дер бардошта бо овози хира чавоб дод.
-Лаббай, тинчими? Сахар кати занг зади, хоб дидими?
-Ха як хоби ачсибе дидам. Хам гамгин шудаму хам хурсанд. Накл кунам?
-Ман холо хоби шабамро нагирифтаам-Фарид сардакак хайр гуфту гуширо гузошт.
Нозия гуши дар даст хайрон меистод.
..Ачабо, одамро ин кадар шинохтан мушкил будааст. Мегуфтанд, ки дар дунё мушкилтарин илм илми одамшиност, бовар намекардам. Аммо холо рафтори Фаридро ки солхои сол мешинохтамаш дида хайрон мешавам. Чи гунох карда бошам? Моххои наздик туйи арусии ман бо Фарид баргузор хохад гашт. Аммо у ким чи хел озурдаву парешон аст. Гуё ки мачбури уро зан дода истода бошанд. Норози аст вачохаташ. Чаро?
Нозия харчанд тамоми сахифахои зиндагиашро тагуру кунад хам, ягон гунохашро намеёфт, ки боиси ранчиши Фарид шуда бошад.
-Охир ман уро дуст медорам бо тамоми хастиам. Мухаббати ман нисбати у самимист.
Фарид бошад ин дам баъди гуширо гузоштан аз бистари хобаш бархесту сигор кашид. Аз дил гузаронид, ки «чи тавр ба Нозия фахмонам, ки дилам аз у сард гаштааст. Токати шунидани масхараи чурахоямро надорам». Фарид аз чураи чониаш шунид, ки Нозияро дар тарабхонаи бошукухи «Шикорчи» бо марди бегона дидааст, ки мераксад. Фарид медонист, ки ин чурааш дуруг намегуяд. Аз Нозия пурсон шуд, ки ту дар тарабхонаи Шикорчи будї. Нозия гуфт, ки не набудам . Аммо боз як хамсабаќи дигараш хабар овард, ки «арусшавандаатро дидем, ки дар як гушаи истироњатии варзоб хизмати ду се мансабдорро ичро мекарду ба хайси пешхизмат барои истирохаташон оварда буданд». Ин хабари шум калби Фаридро дукафон кард. Сари рашку газаб рафта Нозияро куштани буд. Аммо Нозияро сари болини модари дами марг карор доштааш дарёфт. Барои хамин ин гуфтугузорро муддате мавфук гузошт. Акнун тамоман бо Нозия гап задан намехост. Дишаб як дусти дигараш акси Нозияро бо либосхои аврупои ки хеле зебанда менамуд , дар тарабхона хангоми ракскуниаш гирифта ба у оварда тарики телефони мобилиаш нишон дод.Фарид аз дидани акси Нозия кариб ки аз акл бегона гардад. Акнун ният кард, ки баъди маъракаи чилли модарашро гузаронидан ба Нозия руирост мегуяд, ки ман туро ба зани намегирам. Ё бехтараш барои ишки уро аз дил баровардан ба мухочират мераваду дигар уро ба ёд намеорад.Ин бадтарин чазо аст барои Нозия. Нозия баъди маъакаи чилли модарро гузаронидан аз хохари Фарид фахмид, ки у ба мухочират рафтааст. Хайрону озурда аз хохарзодаи у пурсид, ки чаро ба ман чизе нагуфт, хатто хайрухуш накард.
-Намедонам апа, шояд нахост, ки дили шумо ганда шавад.
..Не..ин чо дигар гап аст. Шояд у ба дигаре дил басту маро аз дилаш партофта рафт. Ишк хам баъзе вактхо агар самими набошад, кухна мешавад охир. Баъди марги модарам ин дуввумин зарба аст ба хаёти ман. Нозия аз хохарзодаи Фарид илтимос кард, ки раками телефони бародарашро дињад.
-Апачон, холо занг назадааст. Хамин ки занг зад, ман мегуям ки ба шумо занг занад.
Нозия боз гаштаву баргашта фикр кард, ки чи гунох карда бошад. Фарид ба назди тагояш ба шахри Хабаровск омад. Хушу ёдаш ба Нозия банд буд. Аммо хамин ки акси Нозияро дар тарабхона ба хотир меовард, дилаш сип-сиёх мешуд. У барои он рохи мухочиратро интихоб кард, ки боз ба куштори азизи дилаш даст назанад. Чунки хиёнати арусшавандаашро бардошта наметавонист. Бехтарин рох барояш сафар ба дигар шахр буд, то набинаду насузад. Нозия шаш мох интизори кашид, аммо Фарид боре ба у занг назад. Нозия дарун-дарун месухт. Хаёлаш ки ин дунё бе Фарид барояш маъние надорад. Мехост, ки ба назди Фарид ба Русия биравад. Вакте, ки ба хонаашон модари Фарид омада гуфт, ки фотихаро гардондани аст, чон гуё аз дасту пойхои Нозия баромад. Ашки чашмонаш уро дигар тарк намекарданд.
-Сабабаш чї бошад?
-Ман намедонам, духтарам. Моро агар тавонї бубахш. Ин хохиши Фаридчонам аст.
Нозия ба ин зарбаи такдир тоб наовада рангу руяш зард шуд. Аз гами ишки Фариду бевафоии у калбаш дард мекард. Рузе як дугонааш гуфт, ки Нозия ин кадар ту хаппак метофтию аммо дар асл бало будаи. Нозия дар тааччуб монда пурсид:
-Чаро чунин киноя мегуйи дустам? Ман аз суханонат чизе нафахмидам.
-Охир раккоосаи мохир будаиву аз мо пинхон карда мегуфти, ки дар хаётат нараксидаи
-Ракс? Тавба, ман дар хакикат дар хаётам боре нараксидаам.
-О чи хел дина дар туй будем. Чунон раксиди, ки хангу манги мардхои ба туй омада аз хайрат канд.
-Ман?
-Боз ки мешуд?
-Ман дина дар хона будам. Баъди марги модар ман ба чое нарафтаам. Чойи кор кофта истодаам. Дар ягон кошонаи хусн ба кор медаром.
-Дургѓ нагу, ту раккосаи тарабахонаи.
-Боз мегуям, ки ман раксиданро дуст намедорам ва дар ягон тарабхона нараксидаам.
-Ин даъфа бинамат, давида наздат рафта исбот мекунам.
Нозия ба ин суханони дугонааш на он кадар ахамият дод . Аммо вакте ки хамсояписар уро гап доду у чавоби сахт дод. Онгах ин хамсояписар гашта бо истехзо гуфт:
-Чи ин кадар ноз мекуниву худро покизаву фаришта мегири? Пеши мардхои бегона ку мераксиву мечунбони, аз мо магар шарм медори? Мо хам пулборонат мекунем.
Ин суханони хамсояписар якбора ба дили Нозия алов андохту ба дугонааш занг зада пурсид, ки дар кадом тарабхона гуё уро дидааст.
-Дар тарабхонаи Шикорчи.
Нозия рузи дигар либосхои аъзодориашро пушиду ба хамон тарабхона рафт. Аммо он руз хаммонанди у ки раккосаи мохир буд, навбаташ набуду ба кор наомада буд. Нозия дар ин либоси мотами тамоман ба худаш монанд набуд ва касе хам пай набурд, ки Закия ба Нозия сахт шабохат дорад. Нозия гашта ба хонаашон омад. Рузи дигар бегохи боз ба тарабхона рафт. Миёни сахна ду раккоса хиромон-хиромон мераксиданд. Нозия бодиккат ба чехраи дигари нигох кард. Ин духтари зебову ороста ба кавле як себи дукафон ба Нозия монанд буд. Нозия гуё худашро дар ойина медид.
-Худоё, ин духтар ин кадар ба ман монанд аст. Мисли он хоби дидаам . Лолаи сиёх ва духтари мисли ман.
Закия бо тамоми нозукихояш мераксиду ба касе нигох намекард. Нозия ба у ишора кард, ки гап дорад. Аммо Закия ба у тамоман ахамияте надод. Нозия ноилоч боз суяш ишора кард.
-Ха чи мегуйи? Мисли мардакхо ишора карда чашмаки мекуни?
-Ман як гапи мухим дорам. Рафтем дар танхои.
Вакте ки харду дар рохрави тарабхона танхо монданд, Нозия руймоли калони сиёхашро аз сар кашиду муйхояшро парешон карда ба Закия нигох карда гуфт:
-Диди, чи кадар ману ту монандем?
Закия ба чехраи у бодиккаттар нигариста кариб ки дод занад:
-Ба рости, ин кадар бо хам монандем мисли кинохои хинди.Гуё Гитаву Зита бошем.
-Гуш кун, хама имруз маро ба ту монанд карда хар хел гапхо мегуянд.
-Э ахамият нате. Ман раккосаям ва бо пули раккосаги хаётамро ба пеш мебарам.
-Шояд ки шавхаршавандаам раккосагии туро дида ба ман монанд карда аз ман гурехта рафта бошад.
-Инаша худат медони. Дар дунё монандхо хеле зиёданд. Хайр хозир навбати ракси ман аст. Раками телефоната те, ман занг мезанам.
Хамин тавр онхо раками телефони якдигарро гирифта аз хам чудо шуданд. Нозия ба хона омада дер вакт ба фикри хаммонандаш банд худро фаромуш сохт. Хеч бовараш намеомад, ки одам ба одами дигар ин кадар монанд бошад. Медонист, ки дугоникхо монанд мешаванд, аммо ду одами ношинос ин кадар бо хам монанд бошанд, надида буд. Нозия акнун ба хулосае омад, ки сабаби чудоиаш бо Фарид хамин ракосса аст. Аз байн се руз гузашту Закия ба Нозия занг зад. Нозия нишониашро дода хохиш кард, ки ба хонааш биёяд. Закия рози шуду ба хонаи Нозия омад. Нозия дид, ки Закия ба сар сатру ба чашмонаш айнаки сиёх карда омада буд ва дар ин либос уро шинохтан гайриимкон буд.
-Чаро сатр пушиди?
-Чунки намехохам касе ракосса омад гуфта масхараам кунанд?
-Охо диди, чи кадар дарднок аст ин суханон? Монандии ту маро бадбахт кардааст.Шояд маро аз рузам пеш кушад, мефахми? Парто охир ин касбатро.
-Наметавонам. Пул даркор аст ба ман. Падарам сахт касал аст.
-Модар дори?
-Доштам, баромада рафт. Падарам бистари аст.Мо дар оила се нафарем. Хохаронам холо хурдсоланд. Ба ман пул даркор аст, мефахми?
-Мефахмам. Аммо хайронам ки чаро ту ин кадар шабехи ман боши?
-Модарат мабодо бо падари ман шинос набошад-шухикунон гуфт Закия
-Шояд-чидди чавоб дод Нозия ва суханони модарашро ба хотир овард, ки доимо ки будани падарашро пинхон мекард. Нозия аз хурди яккадухтар буду модар доимо дар кор буд. Падарашро надида буд. Аз модар пурсон мешуд, ки падари у кучост. Боре модараш гуфт, ки падарат дар чангхои Афгонистон захмдор шуда мурдааст. Нозия бовар карда гириста буд. Аммо хангоми дар синфи дахум хонданаш ба гушаш сухбати модараш бо як хешашон расид, ки мегуфтанд:
-Шавхаратро дидем. Занаш боз ду духтар таввалуд кардааст.
-Номашро нагуед. Безорам.
Нозия давида рафту ба модар гуфт:
-Модарчон, падарам зинда будаасту ту маро фиреб мекардаи
Аммо модар ба руяш шаппотие фароварда он вакт гуфта буд, ки номи падаратро нагир, вагарна хам худамро мекушаму хам туро. То имруз Нозия намедонист, ки падараш кисту дар кучо аст. Аммо шабхо дар хобаш орзу мекард, ки як боракак падарашро аккалан дар хоб бинад. Вале симои падарро намедонист, ки чи гуна асту чи кора одам аст. Модар бошад дар бораи шавхараш тамоман гап задан намехост. Нозия ба духтарони падардор нигариста хавасаш меомад. Дар тасаввуроташ падараш одами кадбаланди муйчингила буд. Харчанд модараш накл мекард, ки «падарат дар Афгонистон вафот кардааст», у бовар намекард. Дилаш мегуфт, ки падараш зинда аст. Хамин дам Закия баланд хандида андешахои уро пароканда кард.
-Чи ин кадар баланд механди?
-Охир аз дилам яке гузашт, ки мабодо ману ту экизак Гитаву Зита набошем дар њакикат.
-Э нее, ин хел мебуд, рахмати модарам накл мекард.
-Модари ман бошад хеле золим аст. Маро тамоман дуст намедорад. Факат падарам дар тарафи ман асту халос. Аммо у хам холо нимтана шуда касалии бистарист.Мачбурам ки бо хандаи дуругин ишва карда бираксаму пул кор кунам.
-Ман хамон руз дидам, ки дар тарабхона ракоссони мард хам буданд, онхо чи ракоссанд дар асл?
-Оре, мутаасифона, мардхои зангашта.
-Яъне чи хел?
-Э дугона ту аз хама чиз кафо монда будаи. О дар тамоми дунё занхо чаррохии пластики карда худро мард мекунанду занхо мард.
-Чи тавр? Ман аввалин бор дар ин бора аз ту мефахмам.
-Ту ку аз тараккиёт берун будаи дугона. Ин ракоссони марди бо ман кор мекардаги аслан рафтору хислаташон занона аст. Бехтараш ту ба ман бигу ки аккалан аз интернет дарак дори?
-Не ман умуман ба интернет сару кор надорам.
-Шавхаршавандаат гуфти, ки туро ба ман монанд карда аз ту гурехта ба Русия рафтааст?
-Ба фикрам сабаби асоси хамин аст.
-Кани ягон акси шавхаршавандаатро ба ман нишон те
-Ана диди, мобайнгиш Фариди ман аст.
-Охо, хеле чавони зебову дидани ку.Пулдор ас т охир?
-Пулаш ба ман лозим нест. Ба ман худаш бошад, шуд. Интизораш мешавам.
-Ту ба ман раками телефонаша те, ман сабаби туро партофтанаша мефахмам.
-Холо аз Русия занг назадааст. Занг ки зад гап мезанамат. Нозия ба сухбат овора бо Закия нафахмида монд,к и руз чих ел бегох шудааст. Закия он шаб дар хонаи Нозия хоб кард. Нозия шабона ба у албоми аксхои оилавиашонро нишон дод. Акси модари Нозия ба назари Закия хеле шинос намуд.
-Исто дугона, ин акси модарат ми?
-Ха, очачони чавонмаргам…
-Худо рахматаш кунад. Аммо ман ин аксро дар кучое дидаам. Аммо рости гап хеч ба хотирам намеояд.Вале аник медонам, ки ин расмро дар кучое дидаам. Хамин ки ба ёдам омад, мегуям ки дар кучо дидаам.
Субх Закия бо у хайрухуш карда гуфт, ки акнун онхо мисли апаву хохаронанд ва зуд-зуд бо якдигар мулокот хоханд кард.
-Дугоначон, акнун якдигарро дастгири мекунем. Дар хакикат дар дунё хаммонандхо хеле зиёданд. Ин кори худо аст. Ту ба ман аккалан почтаи электронии Фаридатро ёфта те, ман ба у хамаашро мефахмонам.
Нозия нисфирузи ба хохарзодаи Фарид занг зада хохиш кард, ки нишонии электронии уро барояш бидихад. Баъди панч дакика ба раками телефони мобилиаш нишонии электронии Фаридро хохарзодааш ба тарики смс фиристод.Нозия ба Закия занг зада ин смсро равон кард. Закия вакти холигиаш тарики телефон ба почтаи электронии Фарид дусти равона намуд. Баъди ним соат ба почтаи электрониаш хохиши кабули дустии у омад. Закия, ки дар сайт худро Гуля гуфта муариффи карда буд, Фарид аз ки будани у тамоман огахи наёфт.
Сухбати виртуалии онхо аз хамон шаб сар карда огоз ёфт.Аввалхо хамчун дуст гап мезаданд. Аммо баъдтар Фарид сахт ба ин духтари ношинос одат кард. Закия хам ба акси Фарид нигариста рози дил мекард. Боре Закия аз Фарид суол кард, ки ягон касро то ин вакт дуст доштааст ё не.
-Дуст медоштам. Хатто дар фотиха будем. Аммо у ишки поки маро поймол карда ба фиребу ракоссаги машгул будаасту ман бехабар.
…Пас гапи Нозия бехуда набудааст. Аз боиси монандии ман ба Нозия у аз бахри дустдоштааш баромада ба Русия рафтааст. Барои хамин ман уро фиреб карда мегуям, ки Нозия дар асл ракосса асту ман не. Фаридро аз худ мекунам.
Фарид чанд бор ба ў гуфт, ки пули чиптаашро фиристад, наздаш ба Русия биёяд.
Закия ба худ накша кашид, ки ба назди Фарид ба Русия меравад.
Аммо то ба назди Фарид расидан сирашро ки у дигар кас аст, фош намекунад. Хозирашба у барои Фарид Гуля буд. Нозия боре ба у занг зада пурсон шуд, ки оё дараки Фаридро ёфт не.
-Аз кучо меёбам Фариди туро. Ман чунон серкорам, ки мондан гир. Ният дорам, ки ба назди тагоям ба шахри Маскав равам.
-Агар рави, дигар дар атрофи номи ман хар хел гапу калочахо пахн намешаванд.
-Хамин ки расидам, зангат мезанам дугона.
Закия ба воситаи бонк пули фиристодаи Фаридро гирифту барои худаш чипта харид. Фарид интизори ба кавле Гуля дар фурудгохи хавои бо гулњои сафеди садбарг барои пешвоз баромад. Аммо хамин ки Закияи ба Нозия як себи ду кафон монандро аз дур дид, дар чояш аз хайрат карахт шуда монд. Хам хурсанд шуду хам ѓамгин. Чунки аз тахти дил Нозияи азизашро пазмон шуда буд. Закия, ки аз аксаш симои Фаридро дида буд, суяш хандону шукуфон омада чунин гуфт:
-Салом азизи дилам, чи дар чоят шах шуда монди? Ман барои ту сюрприз кардам.
-О ин туи Нозия? Охир ту тамоман дар бораи интернет тасаввурот надошти ку
-Ба хотири ишки ту интернета ёд гирифтам.
-Ракоссагиро партофти чи?
-Медони ин киссаи дигар аст. Рафтем ба хонаат, он чо ман хамаашро ба ту накл мекунам.
Вакте ки Закия мисли актрисахо накш бозида худро ба мисли фаришта поку бегунох нишон дода накл кард, ки дар шахр мисли худаш хаммонанд(двойник) дорад, чехраи Фарид дигаргун шуда нобоварона ба у менигарист. Вакте ки Закия касам болои касам хурд, бовар кард.
-Ачабо, ин хел хам мешудааст, ки ду одами ношинос ин кадар бо хам монанд бошанд.Ту чи њол дорї? Сахт пазмонат шудам. Маро бубахш барои туро партофта омаданам. Ин хама аз рашк буд. Харчанд бо чанд духтар шинос шуда бошам хам, хамеша симои ту пеши назарам буд ва танхо туро дуст медоштам.
-Ман хам-бо ишваву ноз чавоб дод Закия
Фарид гуфт, ки агар зид набошад, мулло оваарда уро никох мекунад. Закия зуд рози шуд. Аммо Фарид хис кард, ки Закия хеле бешарму густох аст. Аммо Нозияи азизаш шармгину богурур буд. Барои хамин аз дил гузаронид, ки чаро то ин дарача арусшавандааш тайгир ёфта бошад. Аммо боз ахамияте надода муллои чураашро оварда уро никох кард. Аммо шаби аввал Закияро духтар наёфт. Асабаш вайрон шуда уро таънаву маломат кард.
-Гуш кун Нозия, охир ману ту чанд сол шинос будем. Ту ку гайри ман бо касе нагаштаи. Ман ку хатто боре аз лабонат буса хам накардаам. Хаёл кардам, ки ту худатро барои ман нигох доштаи. Аммо ту иффати духтариатро кайхо..
-Маро бубахш, Фарид..Хамаи ин баъди рафтани ту рух дод. Як чавони авбош маро Закия гуфта ба номусам мачбури тачовуз кард.
-Шуд, шуд, давомашро накл накун, ки ман аз рашк мемирам.
Дили Фарид аз Закия сиёх буд. Ким чи хел дилаш гувохи медод, ки хамсараш чи сири махфие дорад. Боре пурсид, ки ту ку дар поини лабонат хол надоштику , ин хол аз кучо пайдо шуд?
-Э шавхараки содаям, охир холо хамаи занону духтарон лабону абрувону чашмонашонро тату –холкуби мекунанд. Ман хам баъди рафтани ту ба кошонаи хусн рафта дар поини лабонам холи сунъи гузоштам.
Фарид бори дигар ба чехраи у бодиккаттар нигариста баръало дид, ки ин холи сиёх сунъи нест, балки табии аст.Аммо, охир Нозия дар поини лабонаш холе надошт. Ё у ахамият надода буд. Хеч ба хотираш намеомад. Закия пинхони ба ватан ба Нозия занг зада холу ахволашро пурсид.
-Хубам шукр. Аммо аз Фарид паёме нест. Дар ин чо овоза пахн шудааст, ки гуё у дар Русия зан гирифтааст.
-Ман дар шахри Маскавам ва корам хеле зиёд асту дар бораи Фариди ту маълумоте надорам. Ту бо Фарид аввалин бор дар кучо шинос шуда буди?
-Дар истгохи Автовокзал.Чаро чунин суол доди?
-Не, хамту.Чунки агар раваду дар почтаи электрониам чавоб дињад, аз номи ту посухаш медихам.
Фарид боре дар танхои аз Закия пурсон шуд, ки вохурии аввалинамон ба ёдат хаст.
-Чаро не, охир истгохи Автовокзал маркади ишки ману ту мебошад. Чи тавр он рузи муборакро фаромуш созам.
-Нозия, ватанро ёд кардам бенихоят, биё баъди иди Навруз ба ватан меравем ва он чо барои хешу таборон як туйи дакаданг мегузаронем.
-Э не, намехохам. Ба ман Русия писанд омад. Да ватан кор нест.
-Охир ман падару модарамро сахт пазмон шудам.
-Ман хам(аммо ин дам ба ёдаш омад, ки Нозия касе надорад)-зуд гапро дигар тараф буда гирякунон гуфт:
-Ман модар доштам, у њам рафт. Дигар касе надорам .
-Ин тавр нагуй азизам, ман хастам ку.
-Бехтараш ту як хафтаина ба ватан раву зуд гашта биё.Аммо ман як шарти чидди дорам, чонам
-Чи шарт?
-Ту харгиз бо Закия-хаммонанди ман вонамехури?
-Майлаш. У ба ман тамоман лозим нест. Ман ракосасњоро чашми дидан надорам.
-Чаро ин ќадар ба ракоссахо нафрат дори? Охир онхо хам одаманд.
-Э моне..ман нафрат дорам ба чунин занхо
Фарид ба ватан парвоз кард. Закия хангоми хайрухуш таъин кард, ки дар бораи у ба модараш чизе нагуяд. Фарид телефон накарда ба ватан омада буд. Аммо омаду падарро дар бистари бемори дарёфт. Падар зори карда гуфт, ки «агар хоњи ки ман аз ту рози бимирам, пас зудтар зан бигир, то ман хаваси домодии туро бубинам. Вагарна аз ин дунё бо армони зиёд меравам». Фарид хост бигуяд, ки у аллакай зан дорад, аммо холати падари беморро дида истихола кард. Падар гуфт, ки такдират бо он дустдоштаат набудааст, бехтараш биё ба чияни худам хонадор шав. Фарид ба хотири падар рози шуд ба ин туйи домоди. Арус як хеши дури падараш буд. Нозия аз омадани Фарид ба ватан дарак ёфта умедвор шуд, ки шояд у ба сурогаш биёяд. Ду шабу ду руз бедорхоби кашида чашм ба рох буд. Аммо аз Фарид хабаре набуд. Онгах у ба худ кавл дод, ки як боракак аз пеши у мегузарад ва дарди дили уро мефахмад. Вакте , ки Нозия ба хонаи Фарид омад, дар сахни хавли аллакай арусу домодро ёр-ёр кунон фароварда базму шоди дар авч буд. Фариди азизаш бо чомаи домоди мисли шохписар буду арус дар либоси кадимаи точикона мисли шохдухтар.
-Наход туйи домодии Фарид бошад?-ашки чашмонашро пок карда аз дил гузаронид Нозия.
Ин лахза холаи Фарид, ки Нозияро аз наздик мешинохт, уро дида ба наздаш омаду салом дод ва ба хона пазирои намуд:
Нозиячон, хуш омадї, даро ба хона. Дами дар наист.
-Рахмат холачон…
-Гиря накун, акнун такдират хамин будааст. Ягон духтар бешавхар намемонад. Иншоааллох бахти ту хам кушода мешавад.
-Не, холачон, ман танхо як дил дорам ва он хам танхо Фарид буд.Бахти бе Фаридро чи кор кунам?
-Даро ба хона..
Нозия ашкрезон аз хавли баромад. Пиёда-пиёда сари кабри модараш омад. Дилашро холи кард.
-Ох, модарчон, чаро маро бадбахт ба дунё оварди. Хатто ки будани падарамро намедонам. Фаридро бо чону дилам дуст медоштам, хозир будам, ки аз кафояш ба он гушаи дунё биравам. Аммо у бевафои кард. Доимо худамро назди у бо перохани аруси тасаввур мекардам.Пас, хамаи ин танхо орзу будаасту халос…Эй сарнавишти каламбадаст чаро ба яке зиёдтар бахт таксим мекуниву ба мани бадбахт кам? ..
Фарид баъди зангири боз як хафтаи дигар дар ватан монд. Закия аз тарсу харос ки сираш фош шудааст, чураъат намекард, ки ба Нозия занг бизанад. Хатто телефонашро кушта партофт. Фарид аз хомуш будани телефони у хавотир шуда харчи зудтар ба Русия парвоз кардан мехост.Хамсари наваш хеле зебо бошад хам, хушу ёди Фарид ба Закия банд буд. Закия бошад дар вакти набудани Фарид ба чойхои истирохатии ин шахр рафта сайр мекард. Дар яке аз сайрхояш бо чавони озарие шинос шуду у таклифи издивоч кард. Озаримард хеле бодавлат буду дар шахри Маскав ва Новосибирск тарабхонахои шахси дошт. Закия акнун фикр мекард, ки чи тавр аз Фарид риштаи мухаббаташро бурида ба назди ин марди сарватманди ошикаш биравад. Хануз Фарид наомада у хатчае навишту аз хонаи ичораи у баромада рафт. Ин марди озари ки шефтаи у гашта буд, уро ба никохи худ дароварда барояш дар маркази шахри Маскав хона харид. Фарид ба хонаи ичорааш омаду онро холи дарёфт. Хайрон хатчаеро аз руйи мизи ошхона дарёфт.
«Салом Фариди азиз! Маро бубахш, ки туро фиреб кардам. Ман Нозия нестам, ман хамон Закияи ракосса хастам,ки ту нафраташ дори. Нозия хеле духтари боиффат аст ва туро самими дуст медорад. Панохат ба худо».
Фарид хайрону сарсон ин номаро гаштаву баргашта мехонду худро дар боли афсона эхсос мекарду дар дил тавба мегуфт. Дар тааччуб монд, ки акнун ба ки бовар кунад?
…Аз ин бармеояд, ки ман аслан бо Закия никох кардаам. На бо он Нозияе, ки мачнунвор дусташ медоштам. Аммо акнун боз зан дорам дар ватан. Ман бояд чи кор кунам? Фарид баъди бевафоии Закия тамоман хаставу парешонхотир гашта ба чизе хавас надошт. Соат ба соат пазмони Закия мешуд. Дар умки дилаш њис кард, ки уро дуст медорад бенихоят самими. Хатто рози буд, ки ба хотири у аз зани бо тую тамошо гирифтааш чудо гардад. Агар ин лахза Закия пушаймон наздаш биёяд, у мебахшад. Аммо Закия бо он марди озари айни замон хушбахту сарватмандона умр ба сар мебурд. Фарид ба гушаи хаёлаш хам намеомад. Фарид баъди ду мохи мухочират сахт дилаш шикаста гардиду боз рохи ватанро пеш гирифт. Хамсараш уро бо чехраи шукуфон пешвоз гирифт. Аммо аз чи бошад, ки дили Фарид сиёх буду уро самими дуст намедошт. Модар дар танхои насихаташ кард, ки ба такдир тан дихаду ба аруси наваш мехру мухаббаташро дарег надорад. Саломатии падари Фарид хеле бад шуд. Баъди як хафтаи омадани Фарид у аз олам чашм пушид. Фарид баъди маросими гуру чуби падарро гузаронидан ба чустучуйи Нозия баромад. Нозияро аз кошонаи хусн дарёфт хеле ороставу соњибљамол.
-Салом, Нозиячон, хуби, ман хам бепадар шудам.
-Худоё, чи хабари баде. Ман нав дарак ёфтам. Худо рахматашон кунад, хеле одами хуб буданд. Худат чи хол дори?
-Ман шукр хубам. Медони, Нозия ман нисбати ту гумони бад бурда ба Русия гурехта рафта будам, агар тавони маро бубахш.
-Туро Худо бубахшад. Ман нисбати ту кинае дар дил надорам. Арусат чи хел?
-Хуб.Медонї, боз як гунохи дигар кардам.
-Чи?
-Ман хаммонанди ту Закияро ба зани гирифтам. Он вакт гумон мекардам, ки ин туйи.
-Чї тавр?Кани накл кун-додзанон пурсид Нозия
Вакте ки Фарид тамоми ходисаро накл карда хати Закияро нишон дод, Нозия чунон асаби шуд, ки шояд ин лахза агар Закия наздаш мебуд, гулуяшро буги карда мекушт.
-Рав аз пешам Фарид. Зангириат кам буд, ки боз ин хабарро ба ман расонди.
-Майлаш, ба ту бахт мехохам.
-Рахмат.
Нозия сари кахру газабаш ба хонаи Закия равона гардид.Мехост, ки рафта ба падари Закия ки будани духтарашро гуфта дињад. Дари хавлиро муйсафеди асобадастае кушода пурсон шуд, ки чи даркор аст?Аммо ба руйи Нозия дурусттар зехн монда уро Закия хуш омади, духтарам гуфта ба огуш кашиду гирякунон гуфт:
-Даро духтари гурезаам. Маро партофта рафти. Ох худоё, хайрият ки омади. Вагарна вакти мурданам чашмонам армони мемонданд.
-Падарчон…-у хост бигуяд,ки у аслан Нозия аст.
Аммо калимаи падарро ки бори аввал ба забон меовард, барояш фарахбахш буд. Дилаш мегуфт, ки каме хам бошад накши Закияро ичро карда лаззати падардориро бифахмад. Нозияро падар ба хона дароварда наздаш дастархон партофту гуфт:
-Бачачонам, дигар маро напарто. Ин чазои давраи чавониам мебошад, ки дар пири аз дасти ин зан наосудам.
Нозия ба хучраи пуракс нигариста ногахон акси модарашро бо ду духтарча дид.
-Вах, ин акси модарам ку.
Уаз љояш парида хесту ба акс дурусттар нигарист. Дар акс ду духтари бо хам шабохат дошта аз ду тарафи модараш меистоданд. Падараш суоломез ба у нигариста гуфт:
-Духтарам, модаратро шинохти чи? Ман ин аксрхоро баровардам. То ба ту њакикати зиндагиамро накл кунам. Ин зани бад модари ту нест. Модари ту ин зани дар акс буда аст. Ин духтари ба ту сахт монанд бошад, хохари экизаки ту аст. Аммо намедонам, ки холо у дар кучосту хамсари собикам чи холе дорад. Ин зани бадрашк намегузошт, ки ман ба онхо наздик шавам. Пеши чашмони Низоми барчомонда гузаштаи талхаш падидор гардид.
Низом Санамро дуст дошта ба зани гирифта буд. Аммо баъди шаш соли зану шавхариашон ба зани аз шавхар људо шудае сахт ошик шуду уро зани дуввум гирифт. Аммо Санам аз ин хиёнати шавхар дарак ёфта пешаш шарт гузошт , ки зани дуввумашро талок кунад. Аммо Низом баръакс уро талок карда аз хона баромада рафт. Вале баъди як мохи чудоиашон Санам тарбияи дугоникхояш Закияву Нозияро ухда накарда ба наздаш омад ва гуфт, ки якеро бигирад. Низом шарт гузошт, ки «ба шарте духтарамро мегирам, ки аз бахраш баромада забонхат нависи».Зиндагии Санам, ки хеле вазнин буд, ба ин шарти у рози шуда аз бахри Закия гузашт. Ин накли падар Нозияро аз худ бехуд карду хунгосзанон гириста аз гардани у огуш карда гуфт:
-Отачони ман, чигари ман…Ох худочонам, рахмат..Акнун фахмидам,к и чаро модарам ягон вакт аксхои кудакии маро нишон намедод.
-Чи шуд Закиячонам?
-Отачон, ман Закия не ман Нозияи гумгаштаи шумоам.
-Ох духтарам…
Падару духтар то дергохи шаб сухбат карда нишастанд. Акнун бояд Закияро меёфтанду ин хабарро мерасониданд. Аммо аз Закия муддати шаш мох дараке набуд. Нозия мисли гул шукуфта аз нав дилгармие ба зиндаги эхсос кард. Ба дил андеша кард: «Худоё, ин зиндаги ин кадар ачиб аст. Якеро мегираду дигареро медихад. Якеро гум мекуниву дигареро меёби. Ман ишк гум кардам, аммо падарамро ёфтам. Ман хиёнат дидам , аммо хохарро ёфтам». Баъди шаш мох Закия аз шавхари озариаш чудо шуда пушаймон ба ватан омад. Вакте ки аз дарёфти хохари экизакаш огахи ёфт, хам хурсанд шуд њам гамгин. Охир у дидаву дониста дустдоштаи хохарашро фиреб карда зани у шуд.Аммо Нозия уро ба огуш кашида гуфт, ки рахмат ба Фарид , ки сабабгори шинос шудани ману ту гардид. Зик нашав хохаракам, асос ману ту якдигарро ёфтем. Аммо Фарид туро дар њакикат дуст медоштааст.
-Э не, ман ба у хиёнат кардам. Харгиз маро намебахшад.
Фарид аз бозгашти Закия дарак ёфту худи хамон замон ба хонаи онхо омад. Аз Закия хохиш кард, ки «биё бо хам аз нав никох кунему зиндагиамонро аз нав руйи вараки тоза огоз намоем.»
-Ман ку рози. Аммо занат чи мегуяд?
-У дарк кардааст, ки ман танхо туро дуст медорам. Хатто рози аст, ки хам туро нигох кунаму хам уро.
-Майлаш ба хотири ишкам розиам.Рузи дигар Закия ба бозори Корвон рафта барои худаш маъто харидани шуд. Аммо Нозия шаб хобхои парешон дида буду хеч дилаш намекашид, ки Закия ба бозор равад.
-Закиячон, нарав имруз ба бозор. Ман шаб боз хамон лолаи сиёхро хоб дидам, ки дар руйи хавлиамон шукуфтааст ва дар сафедии руз чунон ялаккос мезанад, ки гуё дар хавлиамон тамоми хешу таборон чамъ шуда бошанд. Боз модарамонро хоб дидам, ки дар миёни хавли ракс дорад ва хурсанди дорад, ки маро ба шавхар дода бошад. Тавба..
-Э ту хам хурофотпарасти да. Ин хама хоб асту халос. Ба ин бофтахо харгиз бовар накун. Ман бо Фарид аз нав зиндагиро сар кардани хастем. Баъди аз Русия баргаштан ман либосу руймоли точики надорам. Барои хамин рафта аз бозор як матоъи точики мехарам.
-Биё нарав, Закиячон. Ман ба чойи ту меравам. Як боракак гапи маро гир.
-Хуб , ту рав. Аммо матоъи навбаромади комбахт бароям бихар.
-Майлаш.
Нозия ба назди бозори Корвон расиду акнун аз рох гузаштани буд, ки ба хаёлаш боз хамон лолаи сиёх расид. Ногахон мошини калони ЗИЛ ба мошини сабукрави Некси бархурду дар мобайни рох Нозияро зер кард. Нозия хатто вох гуфта натавонист. Лолаи сиёх пеши чашмонашро гирифт…Закия дар маросими чанозаи Нозия бехушу беёд дар беморхона мехобиду дам ба дам мегуфт:
-Айби ман аст. У ку хобашро ба ман накл карда буд. Чони худашро нисори ман кард. Лолаи сиёх марги ман буд, аммо у чонашро барои ман курбон сохт…
Муаллиф👉Шахлои Начмиддин🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3