НОМАИ ГУМШУДА
( кисса) кисми 3
- Чаро дар маъракаи хонаатон хамкоронамро нагуфтию факат манро хабар карди?- пурсидам аз Мохак
- Онхоро падарам як руз пеш гуфта буданд,- шармида гуфт духтар
- Фахмо, факат падарат маро истисно карда нагуфт- а?
- Охир Шумо дар мактаб набудед, барои хамин хостам Шуморо хабардор кунам,- завкида гуфт у
- Хаир дигар гапи мегуфтани надошта бошед, ман меравам,- гуфт Мохак
- Гапхои мухим бисёр дорам, аммо инчо назди мактаб шогирдон бинанд, овоза мекунанд?- чурьат карда фахмонидам ба Мохак
- Наход, хаир гапхоятро дар ягон нома навишта мон, ман як чиянамро бегохи назди Шумо мефиристам,- таъкид кард Мохак ва аз наздам бошитоб рафт.
- Эх каллаварам, ту чи карди, наход ду дахон сухани ошиконаро ба духтари ру ба руят дар танхои гуфта натавони, акнун дар нома ба у чи менависи?- пас аз гоиб шудани духтар дар фикр афтодам.Ман дар умрам номаи ошикона нанавиштаам.Духтар акнун интизор мешавад, ки ман каи ба у паигоми ишк мефиристонам.
Шаб нома менавиштаму баъди тамом кардани он номаро хонда, гичим карда онро мепартофтам.Хамин тавр чанд варакро ваирон карда партофтаму худамро маломат мекардам, ки дар рохи мухаббат муваффак нестам.
Нихоят баъди кушишхои зиёде шаби дигар бо чунин мазмун номаи ошикона иншо кардам:
" Салом, Мохистони азизам! Аз рузе, ки ту ба наздам омади, ман туро дида, ба ту дил бастам.Ох, агар бидони, ки ман чи кадар дустат медорам.Ишк эхсоси гармест, ки худ аз худ дар калби ошик аланга мегирад.Хар гохе туро мебинам, ин эхсоси гуворо маро лаззати зиндаги мебахшад.Мехохам хамеша дар канорат бошам.Аммо ин орзуи ширин ба ман даст намедихад.Шабхо бо ёди ту то сахар бедорхоби мекашам.Ман ошикам, ошики сахти висоли ту!
Илтимос вакте номаи бо хуни дил навиштаамро мехони, ба он чавоб бинавис!
Бо як чахон дустдори, Камоли ту!"
Баъди иншои нома онро рангу бор карда ба лифофае чо кардам.
Рузи сеюм Мохак писарбачаи шашсолаеро ба наздам фиристод.
- Ту чи ном дори, ба Мохак ки мешави?- пурсидам аз писарбача
- Тохир ном дорам, Мохак холаам мешавад,- иброз кард кудак.
- Набошад мана ин пулро гиру номаро бурда дар дасти холаат дех, фахмо,- як сесумаро ба Тохир додаму уро таъкид кардам,ки мактубро зуд ба дасти сохибаш расонад.
Ох, интизори! Чи кадар талх аст барои шахси ошик.Ду руз мунтазир мондам, на аз Мохак паигом буду на аз омадани Тохир.
Нихоят рузи чорум вакте аз мактаб ба хона мерафтам, дидам, ки Тохир ба суям меояд.
- Акои маълим бест, ба ту хат дорам,аввал ягон сум дех, баъд медихам!- ба ман расида- гуфт Тохир.
Аз хурсанди зиёд ба писарак чанд сум дода номаро аз дасташ гирифтам.
Вакте номаро кушодам, дар баробари навиштахояш Мохак сурати худашро низ дар мактуб фиристода буд.
" Салому дуруд ба Мачнуни сони, муаллимбачаи шабзиндадор! Номатро пурра хондам.Аз мухаббати безаволи ту нисбатам сипосгузорам.Розхои калбат маро тасхир кард.Ман мактабро то синфи нух хондаам.Дар чавоби суханхои пурхарорат намедонам чи бинависам.Факат хамин кадар мефахмам,ки забони мухаббат баьзан дар назди дустдоштаат лол мешавад.Хар вакте маро ёд кардани мешави, ба расми фиристодаам нигох кун! Орзу мекунам, ки ба муроду максади дилат бираси!
Бо эхтиром Мохаки ту"
Хамин тавр ба духтар гох- мулокот мекардаму гох- хат менавиштам.Ин мукотибаи мо ду сол давом кард.Дар ин баин овозахои бардуруг ба гуши волидаини ман низ мерасиданд, ки гуё Мохак чанд хушдор дораду бо Камоли писари Шумо бози дорад.Пас аз ин муносибати ман бо духтар катъ шуду ман робитаро аз у кандам.Холо сохиби оила ва фарзандони хубе хастам.Мардуми мо маколе дорад, ки мегуянд: " Ишки аввал гурраи сармозада аст". Мохак духтари хуб буд ё бад дар хотирахои ман боки мемонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4