Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Камол амак се духтар дошт.
Ду духтари калониро бо обру,туй,тамошо,бо интихоби худаш ба писарони боодоб хонадор кард.Онхо сохиби оилаи обод буданд.
Духтари кенчааш бисёр нозпарвард буд.Аз хурди ба сурудхони,ракс шавки беандоза дошт.Аммо падару модар кушиш мекарданд,ки уро дар рухияи ислому рафтору кирдори нек тарбия намоянд.Низора хеле якраву гарданшах буд.Вакте падар гуфт,ки агар ту хохи ба ягон чо дохил шудан,мархамат бо дониши худат дохил шав,у аз хукми падар нахаросида гуфт :
-Ман раккоса мешавам ё хофиза
-Аклата ба чояш мон,ба руйи падар гашта чунин мегуйи-модар чангаш кард.
Падар сахт ба хашм омада посух дод ;
-Агар ту рохи хофиза е ракурса шуданро гири,пас метавони ману очаатро фаромуш куни.Ман аз бахри чунин фарзанд мегузарам.
Низора аз тарс дигар чизе ба забон наовард.Медонист,ки падараш гуфтагиашро мекунад.
У ба як дугонааш,ки акааш дар туйхо хофизи мекард,занг зада гуфт ки дугона ман хозир хонатон мерам гап дорам.У ба хонаи онхо омада илтимос кард,ки раками бародарашро бидихад.Дугонааш бо харос гуфт ;
-Падари ту бисёр одами бадчахл аст,мабодо ба хонаи мо омада акаамро назанад.
-Нее, ман худам шавки ракоссаги дорам.
Ва хесту аз телефон мусикии Шабнами Сураеро баланд карда ба ракс даромад.Дар хакикат, бисёр зебо мераксид.Дугонааш ракси уро бо телефон сабт карда ба акааш фиристод.
Бародараш ин духтари чавони зеборо дида мафтун шуд.Низора бо Акрам маслихат карданд, ки рузи дигар дар хонаи ичораи Акрам вомехуранд.
Низора рузи дигар модарашро фиреб карда гуфт,ки барои занги охир тухфахари мераванд ба нохия бо хамсинфон.Худаш бо Акрам барои вохури рафт.Акрам дар шахр зану ду писарча дошт.Аз он ки холо Низора ноболиг буд,тарсида нисбаташ ягон амалеро раво надид ,факат гуфт,ки дар туйхо дигар пулчаспони нест ,аммо баьди туй хаккашро хамчун ракосса мегирад.Факат баьди хатми мактаб метавонад уро ба туйхо хамрохаш бигирад.Холо наметавонад.Низора рози шуд.
Падар аз нохушихо андеша карда духтарашро ба як чавони хондаги,оилаи хуб фотиха намуд.Низора бо модар чанг карда гуфт,ки агар уро мачбури ба шу диханд,у аз ин хона мегурезад.Модар бо ду дидаи гирён зориаш кард ;
-Духтарам,ин коратро бас кун,обруйи падар, модар барот бехтарин давлат,савоб аст.Апахоятро бин,ба гапи падар гуш карда хушбахт шуданд.Ту агар сари моро хам куни,падарат туро ок мекунад. Гуш кун духтарам ,дар ҳаққи модар ва падари худ накўӣ кунед, то ба биҳишт раси ва
оқи падару модар дар биҳишт дар наёяд, зеро
ки Ҳақ таъоло мефармояд: Ло ядхулу-л-
ҷанната ъоққу-л-волидайн, яъне озорандаи
падару модарро, дар ҷавори Ҳақ таъоло ҷой
набошад. Бачам,рав ягон донишгох дохил шав,майлаш,мо рози.
-Не,модар ман ситораи Тик Ток,Инстаграм мешавам бо раксу сурудхоям.
-Ин ягон корхона аст ?Модари у дар хаёташ бо сайтхои ичтимои шинос набуд.
-Эх очачон,ин кадар шумо аз замона кафоед,ин сайтхои интернети аст,ки хам машхур мешави,хам пул кор мекуни.
-Хама туро бо телефон мебинанд ,хамин ?
-Хо,очачон,ана баьд хама чо мегуянд, ки духтаратон звезда аст.
-Не,бачам,тоба гу,илтимос ,кахри падаратро набиер. У туро дар харду дунё намебахшад.
-Эх очачон шумо маро дарк намекунед.
Модараш ба гапхояш гуш накарда мачбураш кард,ки ба пеши домоди оянда рафта вохуранд пеш аз туй як бор.Домод ин духтараки кадбаланди зеборо бо як дидан маькул кард.Аммо дили Низора ба хавасхои дуняви банд буд.
Рузи туй хам муайян шуд.Низора тамоми либосхояшро чамь карду аз хамёни модар пул гирифта охиста аз хона фирор кард.Ба назди Акрам омад,гирист,ки уро рох дихад.Акрам тарсида уро аз дар пеш кард.Ноилоч ба назди як зане,ки дар нохия уро чун зани бероха мешинохтанд,рахсипор шуд.Ин зан духтараки чавону зеборо дида хурсанд шуд ва гуфт,ки натарс, ман туро бурда дар шахр пинхон мекунам.
Дар шахр бо маслихати пешаки Низораро ба як марди авгони точир фурухт.Низора дар коми аждахо галтид.Аммо барояш бефарк буд,медонист, ки падар уро дигар нахохад бахшид.Шаби туй арус набуд. Падар дилашро дошту дар чояш карахт шуд. Уро ба беморхона таьчилан бурданд.Туй барпо нагашт.Модар бо апахояш ба чустучуйи Низора баромаданд.Аммо уро аз чое пайдо накарданд Падар дар беморхона баьди каме ба худ омадан гуфт ;
-Аз хамин соат ман Низора гуфтани духтар надорам.Ок кардамаш.Агар ту занак,ва шумо духтаронам бо ин духтари бехайе гап мезанед шуморо хам аз зиндагиам хат мезанам.Ин гапи охиринам аст.
Падар зор зор мегирист.Барои худаш,ки ин кадар бо фарзандонаш мехрубон буд.Коматаш хам гашт.Ба гушаш суханони пурхикмати бобояш садо медихад: бузургон гуфтаанд, ки шодии Худо дар шодии падар аст.Сарпечи аз падар сарпечи аз Худо аст.
Низора бо ин марди афгон хамаги 32 руз зиндаги кард сипас пулхои уро гирифта гурехта тавассути интернет бо марди туйгарде шинос шуду пеши у рафт.
Дар Тик Ток ва Инстаграм раксхояшро бешармона,нимбарахна ба марази тамошо гузошт.Номашро дар ин сомонахо Нозачон гузошт.Охиста охиста дар тамоми телефонхо наворхои бешармонаи у пахн гашт.Ин наворхо ба дасти язнахояш расиданд.Онхо бо апахояш чангу чанчолро сар карданд.Билохира ин наворхо ба дасти падар хам афтод.😭😭😭😭😭😭😭😭😭идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10