Муаллиф Шахлои Начмиддин
Вакте холаи Анисаро аз беморхона чавоб дода ба писараш гуфтанд,ки у дигар пешобашро дошта наметавонад ва бояд памперси махсус барои модар бихарад,у гирист.
...Ох дунё, ман як зани тоза ,озода будам,чи хел аз ин пас бо памперс мегардам?На,писари ягонаамро бо келин дигар гам намедихам.Бе инам кори хона,се кудаки майда ба зиммаи келинам.Ман бояд аз писарам илтимос кунам, ки маро ба хонаи пиронсолон барад.
Холаи Аниса дар рох гуфт ;
-Бачам ,агар маро дуст дори,як илтимос дорам.
-Мархамат, очачон
-Маро ба хонаи пиронсолони Регар бар,он чо аз телевизор дидам,шароитошон хуб аст.
-Чи...модарчон,бо ин чи нагма?
-Бачам,гуш кун,як бор хонавайрон шуди,намехохам ки ин навбат хам ба бахтат осебе бирасад,шукр се писарчаи кандалот дори.
-Не,очачон,чое ки шумо хастед, ба каси дигар чой нест.Келинатон иншоааллох шуморо то сихат шуданатон хуб парастори мекунад.
-Не,бачам,маро гуш кун, ман ба хонаи ту намеравам.
-Чихо мегуед модарчон ?
-Бачам,ман хатто пешобамро дошта наметавонам ,худам аз худам шарм медорам.
Маро бар ба хонаи пиронсолон.
-Не гуфтам,не ин мавзуь баста аст.
Холаи Аниса дар дил накша кашид,ки вакти кор будани писараш гурехта меравад.
Келинаш пеш аз ба беморхона рафтанаш телефони бо модараш сухбат дошт,ин дам ба гуши холаи Аниса суханони у расиданд.
-Ох очачон ,аз ин кампири ачуза безор шудам. Субхи барвакт хеста барояш субхона таер мекунам, оби тахорат таер мекунам,хоби ширинам харом аст.Дар чонам задааст.
Ин суханони келинаш ба дилаш бисёр сахт расид.Инак баьди аз беморхона ба хона омадан хеч дилаш намекашид,ки боз бо келин рубару занад.
Ануша хушдоманашро бо шавхараш дидан замон табассуми дуругаки карда онхоро хуш омадед гуфт .Хушдоманашро ба огуш кашид.
Дастархон партофта шурбо овард.Шавхараш гуфт,ки ман аз кор хамаги 2 соат чавоб гирифта очачонро овардам,ту ба модарам сахт ахамият те,фахмиди?
-Хуб шудааст, мардак.
Аммо.дар дил илохо тезтар мемурд ин ачуза, чонам халос мешуд,гуен лаб газид.
Холаи Аниса ба хоначаи хобаш рафта телевизорро гирён кард.Хамин вакт хис кард ки памперсаш тар шудааст.Бисер норохат шуд.Куввате надошт аз заифии бадан,ки памперсро кушояд.Ноилоч келинашро чег зад :
-Анушачон,бие духтарам,бахшишу аммо кумакат лозим аст.
-Уфе...Ануша омада дахонашро.бо руймол басту памперси уро кушод.
-Фу,хола,ин кадар пешобатон бисёр, боз бадбу.
Дигар хуроку чойро кам нушеду хуред.Хона буй мегирад.Ба замми ин бачахоям майда Монда шудаам.
-Духтарам,илтимос,ба шавхарат чизе нагуфта ердам кун рафта хонаи пиронсолон худро чой кунам.Аммо ба писарам нагуй.
Ануша хурсанд шуд.
-Хуб,холачон,ман ба духтари холаам занг мезанам,у мошин дорад,шуморо мебарад.Аммо боз ба писаратон мабодо налакед,маро сар медиҳад.
-Аз дахонат шамол барад,кушапир шаветон.
Маро бар,ман мегуям ки худам гурехта рафтам.
Рузи дигар у бо духтари холааш маслихат карда холаи Анисаро рузона бурда назди хонаи пиронсолон гузоштанд.
Холаи Аниса ба дохили хонаи пиронсолон даромад.Он чо гуфтанд,ки якчанд хуччат даркор аст,аммо имшаб метавонад ин чо бихобад,агар чой надошта бошад.
Давлат аз кор барвакттар ба хона баргашта аз дами дарвоза очачон,кани шумо гуён чун харвакта даромад.
-Салом,мардакчон,очатон гурехта кучое рафтааст.Хатто телефони дастиашро бо худ нагирифтааст.Ман кудаконро ба богчаи кудакон бурда монда омадам,аммо у нест.
-Пас,чаро зуд ба ман занг назади,зани аблах
-Охир шуморо аз кор бекор кардани набудам.
-Э занак,ту акл дори,чое ки модар аст,на кор асту на ту барин зани беакл
Давлат зуд пай бурд,ки модараш шояд ба хонаи пиронсолон рафта бошад.Осемасар мошинашро хай карда ба он тараф рахсипор гашт.
Модарашро он чо ефта гирен шуд,пеши пояш галтид.
-Ох очачон,шумо давлат,сарвати манед,бе шумо зиндагиам маьни надорад.Чаро ин чо омадед?Ё келинатон гапи сахт гуфт?
Очачон,вакте падарам вафот карданд, шумо чавон будед,вале хотири ман шавхар накардед.Вакте дар хона равган надоштем,шумо рафта дар хонаи хамсоя нон бастед,хонахои уро тоза кардед ва равгану картошка харида ба ман картошкабирен пухтед.Худатон хатто як дона нахурдед,ки ба ман расад.Очачон вакте аз зинапоя вакти бозикуни галтидам,шумо маро бардошта гирен назди духтур рафтед,аз болинам дур нашудед.
Имруз наход ман зинда,шуморо ин чо монам чун як одами бепарастор.
Рафтем очачон вагарна ман мемурам.
Тамоми нафарони ин чо буда баробари онхо гиристанд.
Давлат модарашро оварду дар танхои ба хамсараш гуфт ;агар боз модарам аз хона равад,туро хам аз дар берун мекунам.Охирин гапам.Ту маро медони.
Баьди ин вокеа Ануша дигар шуд.
Холо хама хушбахту саодатманд хастанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
Бисер. Киссаи аламовар