Ҳар халқу миллатеро аз руи фарҳангу тамаддунаш дар байни кишварҳо мешиносанд. Аз ин сабаб доштани тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги қадима барои ҳар миллате обруи баланд дар арсаи ҷаҳон меорад. Бояд қайд намоем, ки фарҳанги халқи тоҷик фарҳанги бой ва ғанӣ аст. Бузургони миллати тоҷик, миллати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудаанд. Имруз кишвари моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари фарҳангӣ эътироф менамоянд. Аз тарафи дигар миллатро фарзандони он дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Аз ин сабаб зарур аст, ки насли наврас бояд ба таълиму мутолиа фаро гирифта шаванд ва дар пешрафти фарҳанги миллат хизматҳои ҷиддӣ намоянд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки барои омӯхтани ҳар миллат аввал ба фарҳанги он назар мекунанд. Имрӯз ҷавонони мо пеш аз ҳама ба фарҳанги бою ғании худ пайравӣ намоянд ва сипас фарҳанги дигар халқу миллатҳоро омӯхта, аз он манфиат баранд. Ҷомеаи муосири мо дар баробари омӯзиши фарҳанги миллӣ ба омӯзиши фарҳанги миллатҳои дигар низ, ниёз дорад. Дар ин боб Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд, ки: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу миллат дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст».
Бояд гуфт, ки муҳофизи фарҳанги миллӣ ҷавононе мебошанд, ки дорои дониши баланду идроки қавианд, зеро илм калиди ҳама мушкилот аст, шахси бедониш имкон дорад, фирефтаи гурӯҳҳои тундрав гардад. Масъалаи дигар ин тақлидкорӣ аст. Як нишонаи зоҳирии тақлидкорӣ, ки ботинро ҳам ошкор месозад, одоби пӯшидани либос аст. Либос як ҷузъе аз ҷузъҳои асосии фарҳанги миллат аст. Тоҷикон, ки дар тули асрҳо забон, урфу одат ва либоси миллии хешро ҳифз карда, то ба замони мо овардаанд.
Баъзе анъанот бо гузашти вақт аз байн рафтаанд, вале либоси миллии мо, аз қабили чакан, атласу адрас хусусияти таърихии худро нигоҳ доштааст ва ҳоло ҳам мардум ба он аҳамияти махсус медиҳанд. Либос низ тарбиятдиҳанда шуда метавонад. Мехоҳам ин нуктаро биафзоям, ки муаррифгари асосии либосҳои миллӣ санъаткорону ҳунармандон ва варзишгарон шуда метавонанд. Масалан, сарояндагон, ки ҳамеша дар шабакаҳои телевизионӣ баромад мекунанд, ба либоспӯшии онҳо ҳама диққат медиҳанд. Бештар аз ҳама ба либоспушии онҳо ҷавонон тақлид менамоянд. Хулоса, чакан, атласу адрас имрӯз ҳам намунаи беҳтарини либосҳои миллии мо дониста мешаванд ва симои ҳақиқии занону модарони мо дар он таҷассум меёбад.
Аввазов Шамсулло,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев