Чандест ки сомонаи ифротиву иғвоангези “Ислоҳ.нет” матолиби бардурӯғ ва муғризонаро зидди давлат ва Ҳукумати кишвар таҳия ва нашр карда истодааст. Барои нафароне, ки матолиби таҳиянамудаи ин сомонаи ифротиро мутолиа намудаанд, чун рӯз равшан аст, ки зери даъвоҳои беасосу бемантиқ ва душманӣ варзидан нисбати роҳбарияти кишвар чи сирре пинҳон аст.
Барои ошкор гардидани ин сирри пинҳонӣ зарур аст, ки чеҳраи воқеии шахсияти нигоранда ва гардонандаи сомонаи “Ислоҳ.нет” муайян карда шавад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, сардабири ин сомонаи ифротӣ Иқболбӣ ва ё Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.
Қобили зикр аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аз хурдӣ дар оилаи шахси ҷоҳилу хурофотӣ Садриддини Қаландар ба воя расидааст. Падараш ҳамчун шахси мутаассибу ҷоҳил ва хурофотӣ ба хотири касби обрӯй дар байни ҳамдеҳагон ва худро рӯҳонии вораста нишон додан намегузошт, ки фарзандонаш дар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ иштирок кунанд.
Ғайр аз ин ҷаҳолат он қадар чашмони падари Муҳаммадиқболро кӯр карда буд, ки дар хона радиову телевизорро роҳ намедод ва мегуфт тамошои он гуноҳ аст.
Садриддини Қаландар бо қаллобиву авомфиребӣ дар ташкил ва роҳандозии нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта нақши калидӣ дошт. Оқибат он ҳаводис ба ҷангӣ шаҳрвандӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа зиёда аз саду панҷоҳ ҳазор нафар ба қатл расид ва наздики як миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.
Садриддини Қаландар ва ҳаммаслакону ҳамдеҳагонаш низ ба кишвари Афғонистон фирор карданд. Дар ин кишвар Садриддини Қаландар ба хотири пайдо манфиаташ фарзанди худ Муҳаммадиқболро ба мисли ашё фурӯхт. Аз ин ба баъд сарсониву саргардонии ин тифли маъсум шурӯъ гардид. Ҳамдеҳагонаш аз чунин рафтори ноҷавонмардона ва бераҳмонаи Садриддини Қаландар ба хашм омада, ӯро нафрин мекарданд.
Бо ҷаҳду талош ва кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат гурезагон ба ватан баргаштанд ва ба зиндагии орому осоиштаи худ идома доданд. Дар Тоҷикстон дигар на Садриддини Қаландар зиндагӣ карда метавонист ва на писараш Муҳаммадиқбол. Зеро аз хиҷолат ва таҳқир метарсиданд.
Ин буд ки Муҳаммадиқбол дар Дубай якчанд нафарро бо роҳи қаллобӣ фиреб дода, аз онҳо маблағи калонро ба даст овард ва ба Европа фирор кард. Падараш низ дар хориҷ аз кишвар пас аз бемории дуру дароз ҷони худро аз даст дод. Фарзандаш Муҳаммадиқбол, ки дар дил нисбати падараш кинаву адоват дошт, на дар беморӣ ва на дар рӯзи ҷаноза ҳозир нашуд.
Саиди Салим,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев