Тақсимоти меҳнат ва ба тахассусҳои алоҳида тақсим шудани илму дониш шароити хубе фароҳам меоварад, ки як инсон метавонад дар соҳаи худ мутахассиси ҳирфаӣ шавад. Бо чунин усул инсоният тавонист пешравиҳои зиёд кунад. Аммо мутаассифона афроди қаллобу ифротӣ низ аз чунин усулҳои самаранок ба манфиати худ ва зиёни мардум кор мегиранд.
Барои мисол метавон қаллоби гузаро ва ифротии инсонситез Муҳаммадиқболи Садриддинро овард. Ин номарди ифротии қаллоб аз садҳо роҳу усул истифода мекунад, то дасти худро вориди киссаи мардум кунад. Мардум шикоятҳои зиёд кардаанд ва ҳама медонад, ки ин беиқболи наҳзатӣ чӣ тавр мардумро фиреб дода, дороии онҳоро аз худ кардааст.
Бо гузашти замон усулҳои мардумфиребии М. Садриддин низ нав шудаанд. Акнун вай дар фазои маҷозӣ домҳои худро андохта, афроди зудбоварро туъмаи хул мекунад. Маслан, эълон кардааст, ки дар шабакаи “ютюб” барномаи нави худро бо номи “Нидои мардум” ба роҳ мондааст. Ин қаллоб иддао дорад, ки мардум метавонад бо ин роҳ нидои дили худро ба дигарон расонад. Танҳо дар “ВотсАп” ва “Телеграм” ба рақамҳои эълонкардаи ин қаллоб дар тамос шуда, сабти овозии худро мегузоранд ва беиқболи наҳзатӣ чӣ тавре хоҳад аз онҳо суистифода мекунад.
Маълум аст, ки ин ифротии наҳзатӣ, дар фикри мардум нест, балки аз истифодаи чунин найрангҳо пули зиёд ба даст оварданӣ аст. Пеш аз ҳама мехоҳад бо ин роҳ мардумро гумроҳ карда, ба канали худ дар шабакаи “ютюб” ҷалб кунад ва аз ҳисоби зиёд шудани тамомшобин дар ин шабака пул ба даст оварад. Аммо ин роҳи асосии даромади вай буда наметавонад. Роҳи асосии даромади вай фурӯхтани иттилооти ҷамъшуда ба ҷойҳои даркорӣ аст. Яъне ҳар касе пули зиёдтар диҳад, метавонад аз беиқболи наҳзатӣ маълумот оид ба ин ва ё он шахси дар барномаи “Нидои мардум” иштироккардаро ба даст оварад. Яъне беиқболии наҳзатӣ ин ҷо ҳам даст ба қаллобӣ зада, аз ҳисоби мардум пул кор мекунад. Барои вай нидои дили мардум танҳо молест барои хариду фурӯш.
Бо назардошти ин воқеият, барои эмин нигоҳ доштани мардум аз найрангҳои ин наҳзатии қаллоби мавриди назари мо ҳама бинандагони эҳтимолии барномаи мазкур бояд огоҳ карда шаванд, ки фикри озодиву бехатарии худро кунанд ва ба рақамҳои пешгузоштаи беиқболи наҳзатӣ тамос нагиранд. Ҳатто агар як бор тамос гиред ва ҳарфҳои дуруст ҳам гуфта бошед, беиқболи наҳзатӣ ҳамчун қаллоби касбӣ ба осонӣ аз он суистифода карда, бар зидди худатон кор хоҳад кард. Ҳеҷ гоҳ фиреби ин қаллоби касбиро нахӯред. Набояд гузошт, ки бо истифодаи ин усулҳои нав қаллобони наҳзатӣ дубора аз ҷону моли мардуми мо истифода карда, пули бедардимиён ба даст оваранд. Худу аҳли оилаи худро ба доми қаллобони наҳзатӣ андохта, як умри муттаҳами онҳо кардан, беақлӣ мебошад. Ҳар мушкиле бошад ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бояд муроҷиат шавад. Мақомоти давлатӣ хоҳиш ва тамомоми имконро дорад, ки мушкилоти моро бартараф кунад.
Хуршеди Мурод,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев