Рӯзҳои охир муллоҳои афғонистонӣ, ки аксарашон тоҷик ҳам ҳастанд, зимни мавъизаҳояшон ба таври дағалона ба умури дохилии Тоҷикистон дахолат мекунанд ва бо баҳонаи сатру ҳиҷоб мардумро ба ҷиноёте мисли содир намудани ба ном ҷиҳод нисбати кишвари мо таҳрик медиҳанд. Ин ҷиноят аст, зеро тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Ва албатта имконоту иқтидори Тоҷикистон барои боздошту муҷозот намудани ин гуна муллоҳо кофист.
Дар асл, мафкураи террористӣ ва ифротии муллоҳои афғонистонӣ ҳаргиз тағйир намеёбад, балки бадтар мегардад. Дар сухан албатта аз риоя кардани ҳуқуқи инсон ва дигар арзишҳо ҳарф мезананд, аммо дуруғ аст. Амалҳои ахири анҷом додаашон исботи ин гуфтаҳост. Таҳсили духтаронро манъ карданд, тамоми ҳаёти фарҳангии кишварро манъ карданд ва ғайра.
Дар расонаҳои хабарӣ пештар паҳн шуда буд, ки воҳидҳои хоси интиҳории худро дар шаҳрҳои шимолӣ ҷойгир кардаанд. Магар доштани воҳиди махсуси интиҳорӣ, яъне худкушҳои радикалӣ исботи он нест, ки ин гуруҳ ҳаргиз аз раҳи террору куштор барнамегардад?
Дар тули мавҷудияти худ аз чунин афроди худкуш зиёд истифода кардаанд ва дар 20 соли гузашта даҳҳо ҳазор одамро қатл намудаанд. Бо роҳи мағзшуӣ кардани наврасону навҷавонон онҳоро ҳамчун худкуш омода мекунанд ва бо додани ваъдаҳои пуч дар бораи роҳатии ондунёӣ ба анҷом додани амалҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Чунин амалҳо бадтарин ҷиноятҳое ҳастанд, ки нисбати инсоният содир мекунанд. Мардуми Афғонистон таҷрибаи талхеро аз сар гузаронидааст ва медонад, ки он рӯзҳои мудҳиш дубора ба кишвар баргаштаанд. Боз ҳамон кушторҳою таъқиби инсонҳо. Беҳуқуқӣ, маҳдудиятҳо ва таҳқири одамон кишварро боз ба як мотамхонае табдил кардааст.
Бояд донист, ки ин муллоҳои ифротӣ дигар нашудаанд, танҳо аз пештара зирактару бозингар гардидаанд. Ҳоло то андозае ҳилла ба кор бурда, ҳар гуна изҳорот оиди риояи ҳуқуқи инсон ва таҳдид накардан ба кишварҳои ҳамсоя медиҳанд. Аммо таъқиби одамони дигарандешу озодихоҳро дубора афзоиш медиҳанд. Намояндаҳои қавмҳои дигар ва неруҳои сиёсиро таҳти фишори сахт қарор медиҳанд.
Маъмулан, ташкилотҳои террористию ифротӣ тағйир намеёбанд ва аз ақидаҳои радикалии мазҳабӣ ва аз усулҳои хашини зиддибашарии фаъолияти худ даст намекашанд. Онҳо ҳамеша аз зуроварию террору куштор кор мегиранд. Кадом ташкилоту созмони терористиеро, ки мисол наорем чунин ҳастанд.
Фотеҳ Мирзода,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев