Таҷрибаи давлатдории халқҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вобастагии зич дорад. Новобаста аз он, ки худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Қобили зикр аст, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва яқин аст, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад. Марҳалаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни волояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Ҳар як шахрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самтҳои асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, мебошад.
Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Бо таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи кӯҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ, таҳкими истиқлолият пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд».
Лозим ба ёдоварист, ки тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд.
Ифтихор аз гузаштаи таърихи кӯҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ таъсире нахоҳад дошт. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд.
Бо таъбири Сарвари давлат, - «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Дар хулоса метавон гуфт, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ бояд шиори доимии ҳамаи мо бошаду мо баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем. Мо бояд нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо занад.
Шарифов И,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев