Предыдущая публикация
Ки аҳди дӯстон кардӣ фаромӯш.
Кӣ гуфт,он рӯи шаҳророй бинмой,
Дигарбораш,кӣ бинмудат фаромӯш.
Дили сангинат огоҳӣ надорад,
Ки ман чун деги рӯйин мезанам ҷӯш.
Намебинам халос аз дасти фикрат,
Магар,к-афтода бошам масту мадҳуш.
Ба зоҳир панди мардум мениюшам,
Ниҳонам ишқ мегӯяд,ки манюшам.
Магар соқӣ,ки бистонам зи дасташ,
Магар мутриб,ки бар қавлаш кунам гӯш.
Маро ҷоме бидеҳ в-ин ҷома бистон,
Маро нуқле бинеҳ в-ин хирқа бифрӯш.
Нишастам,то бурун оӣ хиромон,
Ту берун омадӣ,ман рафтам аз ҳуш.
Ту дар олам намеғунҷи зи хубӣ,
Маро ҳаргиз куҷо ғуеҷи дар оғӯш?
Хирадмандон насиҳат мекунандам,
Ки Саъдӣ,чун духул беҳуда махрӯш.
Валекин то ба чавгон мезанадаш,
Духул ҳаргиз нахоҳад монд хомӯш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев