Предыдущая публикация
В-оташи лаълу оби дандонаш.
Магар он доя,
к-ин санам парвард,
Шаҳд будаст шири пистонаш.
Боғбон гар бубинад ин рафтор,
Сарв берун кунад зи бӯстонаш.
В-ар чунин ҳур дар биҳишт ояд,
Ҳама ходим шаванд ғилмонаш.
Чоҳе андар раҳи мусулмонон,
Нест илло чаҳи занаҳдонаш.
Чанд хоҳӣ чу ман бар ин лаби чоҳ,
Мутаатиш бар оби ҳайвонаш?
Шояд ин рӯй агар сабил кунад,
Ба тамошокунони ҳайронаш.
Сорбоно,ҷамоли Каъба куҷост,
Ки бимурдем дар биёбонаш?
Баски дар хок метапанд чу гӯй,
Аз хами зулфи ҳамчу чавгонаш.
Лоҷарам ақл мунҳазим шуду сабр,
Ки набуданд марди майдонаш.
Мо дигар бе ту сабр натвонем,
Ки ҳамин буд ҳадди имконаш.
Аз маломат чӣ ғам хӯрад Саъдӣ,
Мурда аз пештар матарсонаш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев