Чашми бадро гуфтам,<ал-ҳамде> бидам пироманаш.
То чӣ хоҳад кард бо ман даври гетӣ з-ин ду кор:
Дасти ӯ дар гарданам,ё хуни ман дар гарданаш.
Ҳар кӣ маълумаш намегардад,ки зоҳидро кӣ кушт,
Гӯ,сарангуштони шоҳид бину ранги нохунаш.
Гар чаман гӯяд маро ҳамранги рӯяш лолаест,
Аз қафо бояд бурун кардан забони савсанаш.
Моҳу Парвинаш наёрам гуфту сарву офтоб,
Лутфи ҷон дар ҷисм дорад,ҷисм дар пироҳанаш.
Остин аз чанги мискинон,гирифтам ,даркашад,
Чун тавонад рафт чандин дасту дил дар доманаш.
Ман сабили душманон кардам насиби арзи хеш,
Душман он кас дар ҷаҳон дорам,ки дорад душманаш.
Гар танам мӯе шавад аз дасти ҷаври рӯзгор,
Бар ман осонтар бувад ,к-осеби мӯе бар танаш.
То чӣ рӯест он,ки ҳайрон мондаам дар васфи ӯ,
Субҳе аз машриқ ҳаметобад яке аз равзанаш.
Баъд аз ин,эй ёр,агар тафсили ҳушёрон кунанд,
Гар дар он ҷо номи ман бинӣ,
қалам бар сар занаш.
Лоиқи Саъдӣ набуд ин хирқаи тақвию зӯҳд,
Соқиё,ҷоме бидеҳ в-ин ҷома аз сар барканаш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев